Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии "Нигоҳдории нақбҳо ва шабакаи равшанидиҳӣ"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.11.2021, №503)
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади рушди соҳаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва беҳтар намудани истифодабарии иқтидорҳои техникии азнавбунёдгардидаи соҳа, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии "Нигоҳдории нақбҳо ва шабакаи равшанидиҳӣ" бо мақсади идоракунии нақбҳои автомобилгарди вуҷуддошта, шабакаҳои навбунёди равшанидиҳӣ ва чароғакҳои роҳнамо дар роҳҳои автомобилгарди аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидошта таъсис дода шавад .
2. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаи давлатии "Нигоҳдории нақбҳо ва шабакаи равшанидиҳӣ"-ро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намоянд .
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории фаъолияти муассисаи давлатии "Нигоҳдории нақбҳо ва шабакаи равшанидиҳӣ"-ро аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявии барои соҳа пешбинишуда ҳаллу фасл намояд .
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 4 октябри соли 2019 № 491
ш.Душанбе