Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2019 № 418 "Дар бораи таъсис додани муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсис додани муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара"

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади тайёр намудани мутахассисони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57 деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара" таъсис дода шавад.

2. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати қабули хонандагон барои соли таҳсили 2019-2020 ва оғози фаъолияти муассисаи мазкур аз 1 сентябри соли 2019 чораҳои таъхирнопазир андешад;

- нақшаи қабули хонандагон ба муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара"-ро таҳия карда, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

- якҷо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаи мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд.

3. Маблағгузории муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара" дар соли 2019 дар доираи маблағҳои пешбинишудаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон карда шуда, солҳои минбаъда хароҷоти он дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ карда шавад.

4. Дар замимаи 4 Номгӯйи ташкилотҳои системаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 146 "Дар бораи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати шастунуҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара;"

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

аз 26 августи соли 2019 № 418

ш.Душанбе