Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2019 № 391 "Дар бораи таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои вобаста ба Фонди иқлими сабз"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои вобаста ба Фонди иқлими сабз

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади таъмини ҳамкорӣ, танзим ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ бо Фоиди иқлими сабз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Шӯрои ҳамоҳангсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои вобаста ба Фонди иқлими сабз таъсис дода шавад.

2. Ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои вобаста ба Фонди иқлими сабз ва низомномаи он тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

3. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори миллӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба Фонди иқлими сабз муайян карда шавад.

4. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида котиботи Фонди иқлими сабзро дар бораи қабул гардидани қарори мазкур огоҳ намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 августи соли 2019 № 391

ш.Душанбе

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 августи соли 2019, № 391

ҲАЙАТИ ШӯРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ВОБАСТА БА ФОНДИ ИҚЛИМИ САБЗ

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - раис;

раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини раис, котиби масъул.

Аъзои Шӯро:

вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;

вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷшшстон;

вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

аз ҷомеаи шаҳрвандии манфиатдор - як намоянда;

аз ташкилотҳои донорӣ (тибқи мувофиқа) - як намоянда;

аз сармоягузорони хориҷӣ (тибқи мувофиқа) - як намоянда;

аз намояндагони бахши хусусии ватанӣ - ду намоянда;

роҳбари котиботи Шӯро.