Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июли соли 2019 № 1288 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2008, № 449"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2008, № 449

 

Мувофиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", бо мақсади такмили тартиби ҳисоб кардани собиқаи хизмати давлатӣ, фармон медиҳам:

Ба Низомномаи тартиби ҳисоб кардани собиқаи хизмати давлатӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2008, № 449 "Дар бораи тасдики Низомномаи тартиби ҳисоб кардани собиқаи хизмати давлатӣ" тасдиқ карда шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар банди 2 калима ва рақами "банди 5" ба калима ва рақамҳои "бандҳои 4 ва 5" иваз карда шаванд.

2. Дар банди 3 калимаи якуми "гирифтани" ба калимаи "амалигардонии" иваз карда шавад.

3. Дар банди 5:

- калимаҳои "давлатии хизматчиёни" хориҷ карда шаванд;

- дар сархати дуюм баъд аз калимаҳои "мақомоти давлатӣ," калимаҳои "мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот," илова карда шаванд;

- дар сархати сеюм калимаҳои "Кумитаи амнияти давлатӣ" ба калимаҳои "мақомоти давлатии амнияти миллӣ" иваз карда шаванд;

- сархатҳои ҳафтум, ҳаштум ва нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- давраи охирини фаъолияти корманд (ба истиснои ҳайати техникӣ ва хизматрасон) дар корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои давлатии бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти давлатӣ табдилдодашуда, ки корманд аз он ба мансаби давлатии хизмати давлатии пешбининамудаи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи гузариш таъин шуда бошад;

- давраи охирини фаъолияти корманд дар мансабҳои роҳбар ва ё муовини роҳбари корхонаҳо. муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои давлатӣ, ки аз он ҷо ба мансаби хизмати давлатӣ ва мансабҳои бо он баробаркардашуда таъин ё интихоб шуда бошад;

- давраи баъди таҷдид, барҳам хӯрдан, ихтисори воҳидҳои сохтори мақомоти давлатӣ, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хизмати давлатӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ хизматчии давлатӣ дар мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ҳамчун шахси бекор ба мухлати то як сол ба қайд гирифта шуда бошад ва ё дар сурати набудани имконияти мувофиқи ихтисосаш ба дигар мансаби давлатии хизмати давлатӣ гузаронидан то як сол дар мақоми давлатӣ ба захираи кадрҳо дохил карда шуда бошад, дар ҳолати мавҷуд будани қайди дахлдор дар дафтарчаи меҳнатӣ;";

- сархати даҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- давраи муваққатан фаъолият намудан дар мансабҳое, ки ишғолкунандагони онғо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсили дарозмуддат фиристода шудаанд ё дар рухсатии иҷтимоӣ қарор доранд;";

- дар сархати ёздаҳум калимаҳои "ҳарбии ҳайати афсарон (ба ғайр аз ҳайати қаторӣ)" ба калимаи "ҳарбӣ" иваз карда шаванд;

- дар сархати дувоздаҳум калимахои "муассисаҳои Раёсати корҳои ислоҳии" ба калимаҳои "системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии" иваз карда шаванд;

- дар сархати понздаҳум калимаи "тобеъияти" ба калимаи "тобеияти" иваз карда шавад;

- дар сархати шонздаҳум калимаи "ӯҳдадориҳои" ба калимаи "уҳдадориҳои" иваз карда шавад.

4. Дар банди 6 калимаи "мӯҳлати" ба калимаи "муҳлати" иваз карда шавад.

5. Дар банди 7 калимаи "делои" ба калимаи "парвандаи" иваз карда шавад.

6. Дар банди 8 калимаи "ведомостҳои" ба калимаи "варақаҳои" иваз карда шавад.

7. Дар банди 9 калимаҳои "ташкил қарда" ба калимаҳои "таъсис дода" иваз карда шаванд.

8. Банди 11 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"11. Протокол бо қарори (фармоиши, амри) роҳбари мақоми давлатӣ тасдиқ гардида, нусхаи қарор (фармоиш, амр) ва протокол дар муҳосибот, хадамоти кадрӣ ва парвандаи шахсӣ нигоҳ дошта мешаванд. Хадамоти кадрии мақомоти давлатӣ дар асоси муроҷиати хизматчии давлатӣ иқтибос аз протоколи ҳисоб кардани собиқаи хизмати давлатиро пешниҳод менамояд.".

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

 

ш.Душанбе

19 июли соли 2019 № 1288

 

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в указ Президента Республики Таджикистан от 24 апреля 2008 года, №449

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах", с целью совершенствования порядка исчисления стажа государственной службы, постановляю:

Внести в Положение о порядке исчисления стажа государственной службы, утвержденное указом Президента Республики Таджикистан от 24 апреля 2008 года, №449 "Об утверждении Положения о порядке исчисления стажа государственной службы", следующие изменения и дополнения:

1. В пункте 2 слово и цифру "пунктом 5" заменить словом и цифрами "пунктами 4 и 5".

2. В пункте 3 слово "получения" заменить словом "осуществления".

3. В пункте 5:

- "государственных служащих" исключить;

- абзац второй после слов "государственных органах," дополнить словами "органах самоуправления поселковм дехотов,"; .

- в абзаце третьем слова "Комитете государственной безопасности" заменить словами "государственном органе национальной безопасности";

- дополнить абзацами седьмым, восьмым и девятым следующего содержания:

"- последний период деятельности работника (за исключением технического и обслуживающего персонала) в предприятиях, учреждениях и других государственных организациях, преобразованных указом Президента Республики Таджикистан или постановлением Правительства Республики Таджикистан в государственные органы, откуда работник назначен на государственную должность государственной службы предусмотренной Реестром государственных должностей Республики Таджикистан в порядке перевода;

- последний период деятельности работника на должностях руководителя и или заместителя руководителя предприятий, учреждений и других государственных организаций, откуда назначен или избран на должность государственной службы и приравненные к ней должности;

- период после преобразования, ликвидации, сокращения штатов структур государственных органов, в котором государственный служащий в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан о государственной службе, труде и занятости населения, зарегистрирован в государственном органе занятости населения как, безработное лицо на срок до одного года или в случае отсутствия возможности перевода на другую государственную должность государственной службы в соответствии с его специальностью, был включен в государственном органе в резерве кадров до одного года, если имеется соответствующая отметка в трудовой книжке;";

- дополнить десятым абзацем следующего содержания:

"- период временной деятельности на должностях, когда лица, замещающие эти должности, согласно законодательству Республики Таджикистан направлены на долгосрочную учебу или находятся в социальном отпуске;";

- в абзаце одиннадцатом слова "офицерским составом (кроме рядового состава)" исключить;

- в абзаце двенадцатом слова "учреждений Управления исправительных дел" заменить словами "системы исполнения уголовного наказания";

4. Пункт 11 изложить в следующей редакции:

"11. Протокол утверждается постановлением (распоряжением) руководителя государственного органа, выписка постановления (распоряжения) и протокола хранится в бухгалтерии, кадровой службе и в личном деле. Кадровая служба государственного органа на основании обращения государственного служащего представляет выписку из протокола исчисления стажа государственной службы.".

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 19 июля 2019 года, №1288