Оинномаи ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои интиқоли барқ" аз 22 июни соли 2019 № 330

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "22" июни соли 2019, № 330

тасдиқ шудааст

Оинномаи ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои интиқоли барқ"

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.03.2022 № 109, аз 27.02.2024 № 102, аз 28.08.2024 № 474)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои интиқоли барқ" (минбаъд - Ҷамъият) дар асоси Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

2. Ҷамъият дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалие, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидаанд ва Оинномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.03.2022 № 109).

2. Номи фирмавӣ ва маҳалли ҷойгиршавии Ҷамъият

3. Номи пурраи фирмавии Ҷамъият бо забони давлатӣҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои интиқоли барқ".

номи ихтисорӣ бо забони давлатӣ - ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ";

номи пурраи Ҷамъият бо забони русӣ - открытое акционерное общество "Шабакаҳои

интиқоли барқ";

номи ихтисорӣ бо забони русӣ - ОАО "Шабакаҳои интиқоли бар";

номи пурраи Ҷамъият бо забони англисӣ - open joint stok company "Shabakahoi intiqoli barq";

номи ихтисорӣ бо забони англисӣ - "OJSC "Shabakahoi intiqoli barq".

4. Маҳалли ҷойгиршавии Ҷамъият: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 64.

3. Вазъи ҳуқуқии Ҷамъият

5. Вазъи ҳуқуқии Ҷамъият мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур муайян карда мешавад.

6. Ҷамъият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ ба шумор меравад.

7. Муассиси Ҷамъият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 100 фоизи саҳмияҳои Ҷамъият ба он тааллуқ дорад.

8. Ҷамъият аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ таъсисгардида дониста шуда, фаъолияти худро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур амалӣ менамояд.

9. Ҷамъият дорои молу мулки алоҳида мебошад, ки дар тавозуни мустақили он ба ҳисоб гирифта шуда, метавонад аз номи худ ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкии шахсиро ба даст орад, дорои уҳдадорӣ бошад, дар суд ҳамчун даъвогар ва ҷавобгар баромад кунад.

10. Ҷамъият ҳуқуқ дорад, ки бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он суратҳисобҳои бонкӣ кушояд.

11. Ҷамъият аз рӯи уҳдадориҳояш бо тамоми молу мулки ба ӯ тааллуқдошта ҷавобгар мебошад.

Ҷамъият аз рӯи уҳдадориҳои саҳмдорони худ ҷавобгар нест.

Саҳмдорон аз рӯи уҳдадориҳои Ҷамъият дар доираи арзиши саҳмияҳои ба онҳо тааллуқдошта ҷавобгар мебошанд.

12. Ҷамъият дорои муҳри мудаввар бо зикри номи пурраи фирмавии он бо забони давлатӣ мебошад.

13. Ҷамъият ҳуқуқ дорад, ки бо тартиби муқарраргардида муҳр (штамп) ва бланкҳои бо зикри номи худ, инчунин тамғаи молии бақайдгирифташуда ва воситаҳои дигари тасвирии шинохташаванда дошта бошад.

14. Ҷамъият метавонад филиалҳо ва намояндагиҳоро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он тибқи қонунгузории давлати хориҷӣ, ки дар он ҷо филиал ва намояндагӣ ҷой гирифтааст, таъсис диҳад, агар мувофиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

Роҳбари филиал ва намояндагии Ҷамъият аз ҷониби директори генералии Ҷамъият ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда шуда, дар асоси низомнома ё ваколатномаи аз ҷониби директори генералии Ҷамъият додашуда амал менамояд.

Ҷамъият барои фаъолияти филиал ва намояндагии худ масъул мебошад.

Ҷамъият метавонад тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъиятҳои саҳомии фаръӣ ва вобастаи дорои ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро дошта бошад.

Ҷамъият метавонад бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии беэътимоде, ки қаблан бо Ҷамъият ҳамкорӣ намуда, уҳдадориҳои худро иҷро накардаанд, ҳамкорӣ накунад ва шартномаҳои нав ба имзо нарасонад.

Ҷамъият метавонад бо мақсади нигоҳ доштани мутахассисон ва дар оянда самаранок истифода бурдани онҳо захираи кадрӣ ташкил намояд.

15. Ба сохтори Ҷамъият филиалҳои зерин дохил мебошанд:

- филиали ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои интиқоли барқ" дар шаҳри Душанбе;

- филиали ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои интиқоли барқ" дар шаҳри Гулистон;

- филиали ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои интиқоли барқ" дар шаҳри Бохтар.

4. Мақсад ва самтҳои фаъолияти ҷамъият

16. Мақсади асосии фаъолияти Ҷамъият ба даст овардани фоида мебошад.

17. Барои ба даст овардани фоида Ҷамъият ҳуқуқ дорад ҳама намуди фаъолиятро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нест, амалӣ созад, аз ҷумла:

- таъмини мунтазам ва устувори интиқоли энергияи барқ ба истифодабарандагон мутобиқи шартномаҳои бо онҳо оид ба интиқоли барқ басташуда;

- бо мақсади бехатар ва боэътимод фаъолият намудани системаи ягонаи энергетикӣ ва рушду ҳамкориҳои судманд дар ин раванд, пешниҳод намудани маълумоти зарурӣ ба операторҳои дигари системаи энергетикӣ, ки ба шабакаҳои интиқоли барқ ҳамбастагӣ доранд;

- мусоидат намудан барои таъсиси бозори ягонаи энергияи барқ;

- ташкил ва омода сохтани хатҳои баландшиддати барқӣ барои кори мувозӣ (паралелӣ) бо системаи энергетикии кишварҳои хориҷӣ;

- беҳтар намудани хатҳои интиқоли барқи 110-220-500 кВ аз рӯи қобилияти гузаронандагӣ, дараҷаи шиддат, реверсивияти ҷараёни энергияи барқ ва тавсифоти технологии таҷҳизоти барқӣ;

- таъмини фазои ягонаи иқтисодӣ дар ҳамаи самтҳои гардиши энергияи барқ ва иқтидори шабакаҳои энергетикӣ;

- хизматрасонӣ дар мавриди бо шартҳои баробар ба имзо расонидани шартномаҳо вобаста ба таъминоти субъектҳои бозори энергияи барқ бо барқ;

- омода намудани ҳисоботҳо ҷиҳати муайян намудани тарифҳо барои интиқол, хизматрасонӣ ва корҳои муштарак;

- омода намудани ҳисоботҳои моҳона, семоҳа ва солона бо дар назар доштани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва истеҳсолию техникии ҷамъият, дар маҷмӯъ ва алоҳидагӣ дар миқёси корхонаҳо вобаста ба фаъолияти онҳо;

- таҳияи чорабиниҳо барои бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида, ки дар рафти санҷишҳои техникӣ ва нишондиҳандаҳои иқтисодӣ муайян карда шудаанд;

- амалӣ намудани чорабиниҳо, ки барои ихтисори талафоти технологии энергияи барқ равона гардидаанд;

- ба имзо расонидани шартномаҳо (созишномаҳо) бо ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ва муштариёни дигар барои қабулу интиқоли барқ ва расонидани хизматрасониҳо;

- иҷрои ҳатмии чорабиниҳои омода намудани иншооти энергетикӣ барои кор дар мавсими тирамоҳу зимистон ва давраи боришот;

- таъмини хизматрасонии техникӣ, афзоиш ва рушди инфрасохтори системаи интиқол баҳри кафолат додани коршоямии дарозмуддати системаи энергетикӣ барои қонеъ гардонидани талаботи асосноки интиқоли неруи барқ;

- таъмини пайвастшавии иқтидорҳои нави корхонаҳои истеҳсолкунандаи неруи барқ, инчунин ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ва муштариёни дагар;

- пешниҳоди хизматрасонӣ ва қабули маблағҳо барои интиқоли барқ аз ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ва муштариёни дигар.

18. Ҷамъият метавонад ба дигар намуди фаъолиятҳое, ки дар асоси иҷозатнома, ки номгӯи онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, машғул гардад.

19. Ҷамъият фаъолияти истеҳсолию хоҷагии худро дар асоси шартномаҳои хоҷагӣ ба роҳ мемонад;

20. Ҷамъият метавонад ба намудҳои дигари фаъолият, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст ба истиснои истеҳсол, тақсимот ва фурӯши энергияи барқ, машғул гардад.

5. Сармояи оинномавии Ҷамъият

21.Сармояи оинномавии Ҷамъият аз арзиши номиналии саҳмияҳои Ҷамъият иборат мебошад.

22. Сармояи оинномавии Ҷамъият 3803135600 (се миллиарду ҳаштсаду се миллиону яксаду сиву панҷ ҳазору шашсад) сомониро ташкил медиҳад ва ба 38031356 (сиву ҳашт миллиону сиву як ҳазору сесаду панҷоҳу шаш) саҳмияи оддӣ бо арзиши номиналии ҳар як саҳмия 100 (сад) сомонӣ тақсим шудааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2024 № 102, аз 28.08.2024 № 474).

Сармояи оинномавии Ҷамъият бо роҳи амонатгузорӣ дар шакли бино, иншоот, таҷҳизот ва арзишҳои дигари моддӣ, коғазҳои қиматнок, моликияти зеҳнӣ (ноу-хау), инчунин ҳуқуқҳои дигари молумулкӣ, воситаҳои пулӣ ташаккул меёбад ва арзиши онҳо бо пули миллӣ баҳо дода мешаванд.

Сармояи оинномавии Ҷамъият метавонад:

- бо роҳи зиёд намудани арзиши номиналии саҳмияҳо ё барориши саҳмияҳои иловагӣ зиёд карда шавад;

- бо роҳи кам кардани арзиши номиналии саҳмияҳо ё кам кардани шумораи умумии онҳо ё ба тариқи харида гирифтан ва бозпардохти қисме аз саҳмияҳои ҷойгиршуда, тибқи ҳолатҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" пешбинишуда кам карда шавад.

23. Зиёд намудани сармояи оинномавии Ҷамъият фақат баъди пардохти пурраи он мумкин аст.

Ба зиёд намудани сармояи оинномавӣ бо мақсади ҷуброн намудани зараре, ки ба Ҷамъият расидааст ё барои пардохти қарзи муҳлаташ гузаштаи кредиторӣ иҷозат дода намешавад.

24. Кам кардани сармояи оинномавӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур амалӣ гардонида мешавад.

Ҷамъият уҳдадор аст, ки сармояи оинномавии худро тибқи ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кам намояд.

6. Саҳмдорони Ҷамъият, ҳуқуқ ва вазифаҳои онҳо

25. Ҷамъият уҳдадор аст, ки пешбурд ва нигоҳдории феҳристи саҳмдорони Ҷамъиятро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии Ҷамъият таъмин намояд.

26. Ҳуқуқу уҳдадориҳои саҳмдорон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

27. Ҳар як саҳмияи оддии Ҷамъият ба саҳмдор - соҳиби он маҷмӯи баробари ҳуқуқҳоро фароҳам меорад.

28. Саҳмдорон - соҳибони саҳмияҳои оддии Ҷамъият ҳуқуқ доранд:

- шахсан ё тавассути намояндагон дар маҷлиси умумии Ҷамъият иштирок намоянд;

- суди саҳмияҳои эълоншудаи Ҷамъиятро гиранд;

- оид ба фаъолияти Ҷамъият маълумот гиранд ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуҷҷатҳои Ҷамъият шинос шаванд;

- дар ҳолати барҳамдиҳии Ҷамъият қисме аз моликияти ӯро тибқи тартиби муқарраршудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гиранд;

- ҳуқуққои дигарро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур пешбинӣ кардаанд ва бо қарорҳои маҷлиси умумии саҳмдорон дар асоси салоҳиятҳои он қабул карда шудаанд, амалӣ намояд.

7. Суди саҳмияҳо

29. Ҷамъият уҳдадор аст соле на кам аз як маротиба оид ба пардохти суди саҳмияҳо аз рӯи саҳмияҳои паҳнкардашуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кунад.

30. Суди саҳмияҳои ҷойгиршуда аз даромади софи Ҷамъият бо пули миллӣ пардохта мешаванд.

31. Қарор дар бораи пардохт ва андозаи суди саҳмияхри ҷойгиршудаи Ҷамъият тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.

Муҳлати пардохти суди саҳмияҳои ҷойгиршуда аз рӯзи қабули қарор дар хусуси пардохти суди саҳмияҳо аз 90 рӯз бештар буда наметавонад.

Рӯйхати шахсоне, ки барои гирифтани суди саҳмияҳо ҳуқуқ доранд, дар санаи таҳияи рӯйхати шахсоне, ки барои иштирок дар маҷлиси умумии саҳмдорон ҳуқуқ доранд, тартиб дода мешавад.

8. Фондҳои Ҷамъият

32. Ҷамъият ба андозаи 5 (панҷ) фоизи сармояи оинномавии Ҷамъият фонди захиравӣ ташкил менамояд.

Андозаи ҳиссаҷудокунии ҳатмии ҳарсола ба фонди захиравии Ҷамъият то ба маблағи муқарраршудаи фонди захиравӣ расидан 5 фоизи маблағи фоидаи софи Ҷамъиятро ташкил медиҳад.

33. Фонди захиравии Ҷамъият барои рӯйпуш намудани зарарҳои молиявӣ, пардохтҳои вомҳои Ҷамъият ва харидории саҳмияҳои Ҷамъият дар сурати норасоии дигар маблағҳо пешбинӣ шудааст.

Фонди захиравии Ҷамъиятро барои мақсадҳои дигар истифода бурдан манъ аст.

34. Ҷамъият метавонад тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фондҳои дигарро, ки фаъолияти молиявию хоҷагидории ӯро таъмин менамояд, таъсис диҳад.

35. Молу мулки Ҷамъият аз ҳисоби сарчашмаҳои зерин ташаккул меёбад:

- аз даромади фурӯши маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ; - қарзи бонкӣ;

- аз кумакҳои бебозгашти молиявӣ ва хайрияи созмонҳои байналмилалӣ;

- молу мулке, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сармояи оинномавии Ҷамъият гузошта шудааст;

- сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

9. Мақомоти идоракунии Ҷамъият

36. Мақомоти идоракунии Ҷамъият инҳо мебошанд;

- мақоми олӣ - маҷлиси умумии саҳмдорон;

- мақоми идора - шӯрои нозирон;

- мақоми иҷроия - директори генералӣ.

10. Маҷлиси умумии саҳмдорон

37. Бо дар назар доштани он ки ҳамаи саҳмияҳои овоздори Ҷамъият ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд, қарорҳо оид ба масъалаҳои ба салоҳияти маҷлиси умумии саҳмдорон мансуббуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, хаттӣ ба расмият дароварда мешаванд.

38. Ба салоҳияти маҷлиси умумии саҳмдорон масъалаҳои зерин дохил мешаванд:

- тасдиқи ҳайат, низомнома ва миқдори аъзои шӯрои нозирони Ҷамъият;

- ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани директори генералии Ҷамъият;

- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Ҷамъият ё тасдиқи он дар таҳрири нав;

- азнавташкилдиҳии Ҷамъият;

- барҳамдиҳии Ҷамъият, таъсиси комиссияи барҳамдиҳӣ ва тасдиқи тавозуни фосилавӣ ва ниҳоии барҳамдиҳӣ;

- муайян намудани миқдор, арзиши номиналӣ, намуди (навъи) саҳмияҳои эълоншуда ва вомбаргҳо ва ҳамчунин ҳуқуқҳое, ки ба ин саҳмияҳо ва вомбаргҳо дода шудааст;

- зиёд кардани сармояи оинномавии Ҷамъият бо роҳи зиёд кардани арзиши номиналии саҳмияҳо ё бо роҳи паҳн кардани саҳмияҳои иловагӣ;

- кам кардани сармояи оинномавии Ҷамъият бо роҳи кам кардани арзиши номиналии саҳмияҳо;

- қабули қарор дар бораи иштироки Ҷамъият дар таъсис ё фаъолияти дигар шахсони ҳуқуқӣ бо роҳи супоридани як ё якчанд қисми дороӣ ба маблағе, ки дар маҷмӯъ 25 фоиз ё бештари ҳамаи дороии Ҷамъиятро ташкил медиҳад;

- тасдиқи ҳуҷҷатҳои дохилии Ҷамъият, ки фаъолияти маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият ва шӯрои нозиронро танзим мекунанд, инчунин дигар ҳуҷҷатҳои дохилии Ҷамъият, ки тасдиқи онҳо мутобиқи қонунгузорӣ таҳти салоҳияти маҷлиси умумии саҳмдорон қарор дорад;

- масъалаҳои дигаре, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ба салоҳияти маҷлиси умумии саҳмдорон мансубанд.

39. Масъалаҳое, ки ба салоҳияти маҷлиси умумии саҳмдорон мансуб мебошанд, наметавонанд ҷиҳати ҳал нашудан ба мақоми иҷроияи Ҷамъият дода шаванд.

40. Масъалаҳои омода намудан ва гузаронидани маҷлиси умумии саҳмдорон, маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон, аз ҷумла тартиби иштироки саҳмдорон дар маҷлиси умумии саҳмдорон, кворуми маҷлиси умумии саҳмдорон, пешниҳоди иттилоот дар бораи гузаронидани маҷлиси умумии саҳмдорон, тартиби пешниҳоди таклифҳо ба рӯзномаи маҷлиси умумии саҳмдорон, тартиби қабул кардани қарори маҷлиси умумии саҳмдорон, тартиби овоздиҳӣ дар маҷлиси умумии саҳмдорон, талабот нисбати таҳияю тасдиқи протоколҳои маҷлиси умумии саҳмдорон мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" амалӣ карда мешавад.

11. Шӯрои нозирони Ҷамъият

41. Шӯрои нозирони Ҷамъият мақоми идоракунӣ буда, роҳбарии умумии фаъолияти Ҷамъиятро амалӣ менамояд, нҷрои қарорҳои маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъиятро мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорат мегирад.

42. Ба салоҳияти шӯрои нозирони Ҷамъият масъалаҳои зерин дохил мешаванд:

- муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҷамъият;

- тасдиқи нақшаҳои корӣ ва молиявии Ҷамъият, ҳисоботҳо оид ба иҷрои онҳо, инчунин тасдиқи харҷномаи ҳарсола;

- баррасии пешниҳодҳо оид ба дохил намудани масъалаҳо ба рӯзномаи маҷлиси шӯрои нозирон ва номзадҳо ба вазифаҳои интихобшаванда дар Ҷамъият;

- тасдиқи ҳисоботи солона, ҳисоботи муҳосибӣ, аз ҷумла ҳисобот оид ба фоида ва зарари Ҷамъият, инчунин тақсими фоида аз рӯи натиҷаҳои соли молиявӣ, аз он ҷумла пардохти суди саҳмияҳо;

- тасдиқи аудитори Ҷамъият ва ҳаҷми подоши хизматрасонии он;

- таъсиси воҳиди аудити дохилӣ, тасдиқи тартиби гузаронидани аудити дохилӣ ва пешниҳоди ҳисоботҳо оид ба натиҷаҳояш, таъин ва қатънашудаи ваколатҳои роҳбари воҳиди аудити дохилии Ҷамъият;

- муайян намудани ҳаҷми маошҳои вазифавӣ, шартҳои пардохти музди меҳнат ва ҳавасмандгардонии аъзои мақоми иҷроияи Ҷамъият;

- муайян намудани маълумоти ба Ҷамъият ё фаъолияти он дахлдошта, ки дорои сирри хизматӣ, тиҷоратӣ ё сирри дигари бо қонунгузорӣ ҳифзшаванда мебошад, инчунин муайян намудани тартиби кушодани он ба шахсони сеюм аз ҷониби Ҷамъият;

- аз ҷониби Ҷамъият ҷойгир кардани саҳмияҳо, вомбаргҳо ва дигар коғазҳои қиматноки эмиссионӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ";

- таъсиси филиалҳо ва кушодани намояндагиҳои Ҷамъият;

- муайян намудани нигоҳдорандаи феҳристи Ҷамъият ва шартҳои шартномаи бо ӯ басташуда, инчунин бекор кардани шартнома;

- таъсиси кумитаҳо дар ҳолати зарурӣ барои ҳалли масъалаҳои мушаххас аз ҳисоби худ ва аз ҳисоби дигар кормандони Ҷамъият;

- тасдиқи ҳуҷҷатҳои дохилии Ҷамъият, ки тартиби ташкил ва истифодаи фондҳоро муайян менамоянд;

- муайян намудани сиёсати қарзии Ҷамъият дар қисми гирифтани қарзҳо, бастани шартномаҳои қарзӣ, барориши вомбаргҳо, додани замонатҳо, ҳамаи намудҳои кафолатҳо ва аккредитивҳо;

- муайян намудани шартҳои қарордоди меҳнатӣ бо директори генералии Ҷамъият;

- қабули қарор дар бораи иштироки Ҷамъият дар фаъолияти дигар ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, тағйири ҳиссаи иштирок ва қатъ намудани иштироки он дар фаъолияти ташкилотҳои дигар;

- шунидан ва баррасӣ намудани ҳисоботи директори генералӣ оид ба фаъолияти Ҷамъият (аз ҷумла, оид ба иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ аз тарафи ӯ) ва иҷрои қарорҳои маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият ва шӯрои нозирони Ҷамъият;

- ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани директори генералии Ҷамъият ва ҳавасмандкунии он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- пешакӣ маъқул донистани шартномаи дастаҷамъӣ ва созишномаҳое, ки аз тарафи Ҷамъият дар доираи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ баста шудаанд;

- муайян намудани сиёсати хариди Ҷамъият ва қабули қарорҳо мутобиқи ҳуҷҷатҳои дар Ҷамъият тасдиқшуда, ки фаъолияти хариди Ҷамъиятро ба танзим медароранд;

- қабули қарор дар бораи истифодаи фонди захиравӣ ва дигар фондҳои Ҷамъият;

- масъалаҳои дигаре, ки ҳалли онҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ", оинномаи Ҷамъият ва низомномаи шӯрои нозирон ба салоҳияти шӯрои нозирон дохил шудааст.

43. Масъалаҳое, ки ба салоҳияти шӯрои нозирон медароянд, наметавонанд барои ҳаллу фасл ба мақоми иҷроияи Ҷамъият супорида шаванд.

44. Аъзои шӯрои нозирон ҳангоми татбиқи ҳуқуқҳои худ ва иҷрои уҳдадориҳо бояд ба манфиати Ҷамъият амал намуда, ҳуқуқу уҳдадориҳои худро нисбат ба Ҷамъият софдилона татбиқ намоянд.

45. Тартиби даъват ва баргузории ҷаласаҳои шӯрои нозирони Ҷамъият ва қабули қарорҳои шӯрои нозирони Ҷамъият, ҳамчунин тартиби интихоби раис ва котиби шӯрои нозирони Ҷамъият бо Низомномаи шӯрои нозирони Ҷамъият, ки аз ҷониби маҷлиси умумии саҳмдорон бо дар назар доштани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" тасдиқ карда мешавад, муайян мегардад.

46. Шӯрои нозирои Ҷамъият метавонад ба ҷаласаҳои худ коршиносони байналмилалӣ ва маҳаллиро даъват намояд.

12. Мақоми иҷроияи Ҷамъият - директори генералӣ

47. Ба фаъолияти ҷории Ҷамъият мақоми иҷроияро - директори генералӣ роҳбарӣ мекунад, ки ба маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият ва шӯрои нозирони Ҷамъият ҳисоботдиҳанда мебошад.

48. Директори генералии Ҷамъият аз тарафи маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

49. Ба салоҳияти директори генералии Ҷамъият ҳамаи масъалаҳои роҳбарии фаъолияти ҷории Ҷамъият, ба истиснои масъалаҳои таҳти салоҳияти маҷлиси умумии саҳмдорон ва шӯрои нозирони Ҷамъият қарордошта, марбутанд.

50. Директори генералии Ҷамъият бе ваколатнома аз номи Ҷамъият баромад мекунад, аз ҷумла манфиатҳои Ҷамъиятро ҳимоя менамояд, аз номи Ҷамъият аҳдҳо мебандад, ҷадвали вазифавӣ тасдиқ намуда, фармонҳо мебарорад ва супоришҳо медиҳад, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи кормандони Ҷамъият ҳатмӣ мебошанд, аз ҷумла:

- иҷрои нақшаҳои Ҷамъиятро таъмин менамояд;

- иҷрои қарорҳои маҷлиси умумии саҳмдорон ва шӯрои нозирони Ҷамъиятро ташкил менамояд;

- пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботдиҳиро таъмин менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ молу мулки Ҷамъиятро идора менамояд, аз номи Ҷамъият амалиётҳо мегузаронад, ваколатномаҳо медиҳад, дар бонкҳо ва ташкилотҳои дигари қарзӣ суратҳисобҳои Ҷамъиятро мекушояд;

- аз номи Ҷамъият шартномаҳо мебандад, инчунин амалҳои дигареро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надоранд, анҷом медиҳад;

- ҳуҷҷатҳои пулӣ, ҳисобӣ ва дигарро имзо менамояд;

- нархҳои шартномавиро ба маҳсулот. арзиши хизматрасониҳоро тибқи талаботи қонунгузорӣ муайян ва тасдиқ мекунад;

- кормандон ва роҳбарони сохторҳои Ҷамъиятро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд, бо онҳо шартномаҳои меҳнатӣ мебандад, тағйир медиҳад ва қатъ месозад;

- муовинони директори генералӣ, сармуҳосиб, роҳбарони филиал ва намояндагиҳои Ҷамъиятро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, бо онҳо шартномаи меҳнатӣ мебандад, тағйир медиҳад ва қатъ месозад;

- вазифаҳоро байни муовинони директори генералӣ тақсим менамояд;

- нисбати кормандони Ҷамъият мувофиқи қонунгузории меҳнат ҳуқуқу вазифаҳои корфарморо амалӣ менамояд;

- ҳуҷҷатҳои дохилии Ҷамъиятро тасдиқ менамояд, ба истиснои ҳуҷҷатҳои дохилие, ки тасдиқи онҳо ба салоҳияти маҷлиси умумии саҳмдорон ва шӯрои нозирони Ҷамъият мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мебошад;

- масъалаҳои дигари ҷории фаъолияти Ҷамъиятро ҳал менамояд.

51. Муовинони (муовини) директори генералӣ ва дигар кормандони Ҷамъият аз номи Ҷамъият амал мекунанд, дар мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва давлатҳои хориҷӣ манфиатҳои онро намояндагӣ менамоянд, дар доираи ваколати ба онҳо додаи директори генералии Ҷамъият, ки дар ваколатнома дарҷ гардидааст, муомилот ва амалҳои дигари ҳуқуқиро анҷом медиҳанд.

13. Аудитори Ҷамъият

52. Барои амалигардонии назорати фаъолияти солонаи молиявӣҳоҷагидории Ҷамъият шӯрои нозирон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Ҷамъият аудиторро ҷалб мекунад.

53. Аудити Ҷамъият мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ" амалӣ карда мешавад. Аудитор бо Ҷамъият муносибатҳои молумулкӣ дошта наметавонад.

14. Баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявии Ҷамъият

54. Ҷамъият уҳдадор аст баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш барад.

55. Масъулияти ташкил, ҳолат ва саҳеҳии баҳисобгирии муҳосибӣ дар Ҷамъият, сари вақт пешниҳод намудани ҳисоботи солона ва дигар ҳисобот" молиявӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ, инчунин маълумот оид ба фаъолияти Ҷамъият, ки барои маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият, шӯрои нозирони Ҷамъият, кредиторон ва воситаҳои ахбори омма пешниҳод мегарданд, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва Оинномаи мазкур ба зиммаи директори генералии Ҷамъият гузошта шудааст.

56. Саҳеҳии маълумоти ҳисоботи солонаи Ҷамъият ва ҳисоботи солонаи муҳосибӣ бояд аз ҷониби аудитори Ҷамъият тасдиқ карда шавад.

Ҷамъият уҳдадор аст пеш аз нашри ҳуҷҷатҳои дар моддаи 91 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" нишондодашуда барои тафтиши ҳарсола ва тасдиқи ҳисоботи солонаи молиявӣ аудитореро, ки бо Ҷамъият ва ё саҳмдорони он дар асоси манфиатҳои молумулкӣ алоқаманд намебошад, ҷалб

15. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Ҷамъият

57. Азнавташкилдиҳии Ҷамъият бо роҳи муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, табдилдиҳӣ мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дар назар доштани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" амалӣ мегардад.

58. Молу мулки Ҷамъият, ки дар натиҷаи азнавташкилдиҳӣ ба миён меояд, танҳо аз ҳисоби молу мулки ҷамъияти аз нав ташкилшаванда ташаккул меёбад.

59. Ҷамъият бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси гражданӣ, бо дар назар доштани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва Оинномаи Ҷамъият ё ин ки бо қарори суд аз рӯи асосҳои пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад барҳам дода шавад.

60. Ҳангоми азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳии Ҷамъият ё қатъ намудани корҳое, ки дорои маълумоти сирри давлатӣ мебошанд, Ҷамъият вазифадор аст, ки амнияти ин маълумотҳо, бехатарии зиддисӯхторӣ ва ҳифз аз паҳншавиро таъмин намояд.

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "22" июни соли 2019, № 330

тасдиқ шудааст

Оинномаи ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои интиқоли барқ"

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.03.2022 № 109)

22. Сармояи оинномавии Ҷамъият 1 872 900 000 (як миллиарду ҳаштсаду ҳафтоду ду миллиону нуҳсад ҳазор) сомониро ташкил медиҳад ва ба 18 729 000 (ҳаждаҳ миллиону ҳафтсаду бисту нуҳ ҳазор) саҳмияи оддӣ бо арзиши номиналии ҳар як саҳмия 100 (сад) сомонӣ тақсим шудааст.