Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "22" июни соли 2019, № 330
тасдиқ шудааст
Оинномаи ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.03.2022 № 109, аз 28.08.2024 № 474)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" (минбаъд - "Ҷамъият") дар асоси Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
2. Ҷамъият дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалие, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидаанд ва Оинномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад
2. Номи фирмавӣ ва маҳалли ҷойгиршавии Ҷамъият
3. Номи пурраи фирмавии Ҷамъият бо забони давлатӣ - ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ".
номи ихтисорӣ бо забони давлатӣ - ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ";
номи пурраи Ҷамъият бо забони русӣ - открытое акционерное общество "Шабакахои таксимоти барк";
номи ихтисорӣ бо забони русӣ - ОАО "Шабакахои таксимоти барк";
номи пурраи Ҷамъият бо забони англисӣ - "Open Joint Stok Company "Shabakahoi taqsimoti barq";
номи ихтисорӣ бо забони англисӣ - OJSC "Shabakahoi taqsimoti barq".
4. Маҳалли ҷойгиршавии Ҷамъият: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 64.
3. Вазъи ҳуқуқии Ҷамъият
5. Вазъи ҳуқуқии Ҷамъият мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур муайян карда мешавад.
6. Ҷамъият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ ба шумор меравад.
7. Муассиси Ҷамъият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 100 фоизи саҳмияҳои Ҷамъият ба он тааллуқ доранд.
8. Ҷамъият аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ таъсисгардида дониста шуда, фаъолияти худро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур амалӣ менамояд.
9. Ҷамъият дорои молу мулки алоҳида мебошад, ки дар тавозуни мустақили он ба ҳисоб гирифта шуда, метавонад аз номи худ ҳуқуққои молумулкӣ ва ғайримолумулкии шахсиро ба даст орад, дорои уҳдадорӣ бошад, дар суд ҳамчун даъвогар ва ҷавобгар баромад кунад.
10. Ҷамъият ҳуқуқ дорад, ки бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он суратҳисобҳои бонкӣ кушояд.
11. Ҷамъият аз рӯи уҳдадориҳояш бо тамоми молу мулки ба ӯ тааллуқдошта ҷавобгар мебошад.
Ҷамъият аз рӯи уҳдадориҳои саҳмдорони худ ҷавобгар нест.
Саҳмдорон аз рӯи уҳдадориҳои Ҷамъият дар доираи арзиши саҳмияҳои ба онҳо тааллуқдошта ҷавобгар мебошанд.
12. Ҷамъият дорои муҳри мудаввар бо зикри номи пурраи фирмавии он бо забони давлатӣ мебошад.
13. Ҷамъият ҳуқуқ дорад, ки бо тартиби муқарраргардида муҳр (штамп) ва бланкаҳои бо зикри номи худ, Инчунин тамғаи молии бақайдгирифташуда ва воситаҳои дигари тасвирии шинохташаванда дошта бошад.
14. Ҷамъият метавонад филиалҳо ва намояндагиҳоро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он тибқи қонунгузории давлати хориҷӣ, ки дар он ҷо филиал ва намояндагӣ ҷой гирифтааст, таъсис диҳад, агар мувофиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
Роҳбари филиал ва намояндагии Ҷамъият аз ҷониби директори генералии Ҷамъият ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда шуда, дар асоси низомнома ё ваколатномаи аз ҷониби директори генералии Ҷамъият додашуда амал менамояд.
Ҷамъият барои фаъолияти филиал ва намояндагии худ масъул мебошад.
Ҷамъият метавонад тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъиятҳои саҳомии фаръӣ ва вобастаи дорои ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро дошта бошад.
Ҷамъият метавонад бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии беэътимоде, ки қаблан бо Ҷамъият ҳамкорӣ намуда, уҳдадориҳои худро иҷро накардаанд, ҳамкорӣ накунад ва шартномаҳои нав ба имзо нарасонад.
Ҷамъият метавонад бо мақсади нигоҳ доштани мутахассисон ва дар оянда самаранок истифода бурдани онҳо захираи кадрӣ ташкил намояд.
15. Ба сохтори Ҷамъият филиалҳои зерин дохил мебошанд:
- филиали ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар шаҳри Душанбе;
- филиали ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар шаҳри Хуҷанд;
- филиали ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар шаҳри Гулистон;
- филиали ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар шаҳри Истаравшан;
- филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар шаҳри Бохтар;
- филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар шаҳри Кӯлоб
- филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
4. Мақсад ва самтҳои фаъолияти Ҷамъият
16. Мақсади асосии фаъолияти Ҷамъият ба даст овардани фоида мебошад.
17. Барои ба даст овардани фоида Ҷамъият ҳуқуқ дорад ҳама намуди фаъолиятро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нест, амалӣ созад, аз ҷумла:
- амалисозии фаъолияти самаранок ва боэътимоди иншооти шабакаҳои тақсимоти барқ;
- таъмини рушди устувори шабакаҳои тақсимоти барқ;
- таъмини боэътимод ва босифати барқ ба истифодабарандагон;
- хизматрасонӣ дар самти тақсимоти барқ;
- идоракунии фаврӣ-технологӣ;
- пешниҳоди хизматрасониҳо ҷиҳати пайвасти технологии таҷҳизоти барққабулкунандаи (таҷҳизоти энергетикӣ) шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ ба шабакаҳои барқӣ;
- амалисозии вазифаҳо ҷиҳати ҷамъоварӣ, интиқол ва коркарди иттилоотҳои технологӣ, аз он ҷумла иттилооти воситаҳои андозагирӣ (ченкунанда) ва баҳисобгирӣ;
- фаъолият дар самти истифодабарии шабакаҳои тақсимоти барқ;
- таъмини дуруст ва дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани таҷҳизотҳои шабакаҳои барқӣ дар мутобиқат бо талаботи меъёрҳои муқараргардида, гузаронидани хизматрасониҳои техникӣ, ташхис, таъмири шабакаҳои барқӣ ва иншооти дигари дар тавозуни шабакаҳои барқӣ қарордошта;
- гузаронидани озмоишҳои ченкуниҳои таҷҳизоти барқӣ (аз ҷумла истифодабарандагон);
- таъмини дуруст ва дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани шабакаҳои тақсимотӣ, гузаронидани хизматрасониҳои техникӣ, ташхис ва таъмири шабакаҳои алоқаи технологӣ, воситаҳои ченкунанда ва баҳисобгирӣ, таҷҳизоти ҳимояи релегӣ ва худкорҳои зиддисадамавӣ ва дигар таҷҳизоти технологӣ, ки ба фаъолияти шабакаҳои барқӣ алоқаманд мебошанд;
- татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва таҳияи вазифаҳои техникӣ;
- ба имзо расонидани шартномаҳо (созишномаҳо) бо Департаменти "Неругоҳҳои истеҳсоли барқу гармӣ", ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва дигар муштариён оид ба қабул, тақсимоти барқ ва ҳизматрасониҳо;
- ба имзо расонидани шартномаҳо ва қарордодҳо бо сармоягузорон;
- таҳия намудани барномаҳо бо мақсади рушди шабакаҳои тақсимоти барқ;
- баланд бардоштани эътимоднокии технологӣ ва иқтисодӣ, тавассути татбиқи қарорҳои техникӣ ва истифода бурдани технологияи нав;
- таъминоти устувори энергияи барқ ба истифодабарандагон ва ташкил намудани шароити мусоид барои пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ;
- татбиқи идоракунии барномаҳо бо мақсади самаранок кам кардани хароҷотҳо тавассути ҷорӣ намудани технологияи муосир дар ҷараёни истеҳсолот;
- ба роҳ мондани коргузорӣ дар асоси қоидаҳои қабулшудаи техникии соҳавӣ ва бехатарӣ аз сӯхтор;
- ба роҳ мондани санҷиши занҷири ҷараёнҳо ва шиддатнокии онҳо, муайян намудани сарбории трансформаторҳои қуввагӣ, таъмин намудани мутобиқати онҳо бо асбобҳои ченкунанда тибқи қоидаҳои истифодабарии техникӣ;
- омодасозӣ ва татбиқи чорабиниҳо оид ба тақсимоти барқ дар давраи тирамоҳу зимистон;
- таҷдиди заминаи техникӣ барои қонеъгардонии манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ ва шахси истифодабарандагон;
- мувофиқасозии муносибатҳои байниидоравӣ дар соҳаи фурӯши барқ дар байни ташкилотҳои таъминкунандаи барқ;
- таъмини риояи меъёри истифода ва тақсимоти барқ дар шабакаҳои барқӣ;
- ҷорӣ намудани системаи муосир ва автоматикунонидашудаи бақайдгирӣ ва истифодабарии барқ;
- баланд бардоштани самаранокии кор бо роҳи такмили иқтисодию ҳуқуқӣ;
- ба роҳ мондани назорат аз болои дурустии истифодаи тарифҳо нисбати гурӯҳҳои истифодабарандагон ва пардохти энергияи барқ тавассути амалиётҳои бонкӣ;
- назорати таҷҳизоти баҳисобгирии энергияи барқ дар неругоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли барқи байниидоравӣ;
- бақайдгирии асосӣ ва техникии нуқтаҳои тиҷоратии барқ;
- сари вақт бастани шартномаҳои таъмини барқ ва риояи уҳдадориҳои шартҳои шартнома аз ҷониби истифодабарандагони барқ;
- таҳия ва ҷорӣ намудани ҷараёни таъмини тамоюли устувори кам кардани талафот ва андешидани чораҳо оид ба коҳиш додани зарари тиҷоратӣ;
- риояи доимии талаботи "Қоидаҳои истифодаи энергияи барқ ва гармӣ";
- сари вақт маҳдуд намудан ва қатъи барқи истифодабарандагоне, ки талаботи бандҳои шартномаро риоя наменамоянд;
- дар асоси низоми ягонаи идоракунӣ мутобиқ намудани раванди фаъолияти шабакаҳои барқӣ бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи автоматӣ идоракунии шабакаҳо бо воситаи низоми идоракунии захираҳои мобилӣ ва паст намудани сатҳи қатъшавиҳо ва муддати барқарорсозиҳои садамавӣ дар шабакаҳои тақсимоти 6-10/0,4 кВ;
- назорат намудани риояи қоидаҳои маҳдудият ва қатъи барқи муштариёни қарздор;
- таъмини саривақтии ҷамъоварии маблағҳои фурӯши барқ, назорати таъмини барқ барои ҳамаи гуруҳҳои истифодабарандагон ва зери назорати доимӣ гирифтани ҳолати техникии таҷҳизоти барқӣ;
- харидории нерӯи барқ аз бозори яклухти истеҳсолкунандагони барқ бо мақсади дар бозори чакана ба истифодабарандагон фӯрухтани барқ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тибқи қонунгузории амалкунанда ташкил намудани корҳо бо қарзҳои дебиторӣ;
- сари вақт омода кардани мавод дар хусуси қарзҳои беэътимод, қарзҳое, ки муҳлати пардохташон гузаштааст, бақияпулиҳои муассисаҳои буҷети бо риояи амалиётҳои амалкунандаи ҳисоббарорӣ;
- идоракунӣ ва назорати фаъолияти фурӯши барқи воҳидҳои минтақавӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҷиҳати сари вақт ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда ва бастани шартномаҳо бо истифодабарандагони барқ;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ваколатҳои додашуда ҳамкориҳоро бо Департаменти "Неругоҳҳои истеҳсоли барқу гармӣ"-и Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои интиқоли барқ", мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассиса ва ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ ва истифодабарандагони барқ, ки ба шабакаҳои он пайваст шудаанд, амалӣ менамояд;
- таҳияи дурнамои дарозмуддат, нақшаҳои оянда ва ҷории рушди шабакаҳои энергияи барқ, барномаҳои мақсадноки маҷмӯии илмӣ-техникӣ, иқтисодӣ ва барномаҳои иҷтимоӣ;
- рушди шабакаҳои барқӣ ва иншооти дигари хоҷагӣ, аз ҷумла лоиҳакашӣ, таҳқиқоти муҳандисӣ, сохтмон, таҷдид, азнавмуҷаҳҳазгардонии техникӣ ва васлу насби таҷҳизотҳои барқӣ;
- рушди алоқаи технологӣ ва телемеханикӣ, воситаҳои ченкунанда ва баҳисобгирӣ, таҷҳизотҳои ҳимояи релегӣ ва автоматикаи зиддисадамавӣ ва таҷҳизотҳои дигари технологӣ, ки ба фаъолияти хоҷагидории шабакаи барқ алоқамандӣ доранд, бо дар назар доштани лоиҳакашӣ, таҳқиқоти муҳандисӣ, сохтмон, таҷдид, азнавмуҷаҳҳазгардонии техникӣ ва васлу насби таҷҳизотҳои барқӣ;
- сохтан ва азхудкунии таҷҳизотҳо ва технологияҳои нав, ки барои самаранокӣ, бехатарӣ аз сӯхтор, бехатарии истеҳсолот ва ҳифзи муҳити зисти кори иншооти саноатиро таъмин менамоянд ва ташкили шароит барои рушди системаи электроэнергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои соҳавии илмӣ-техникӣ, инноватсионӣ;
- ташкили кор оид ба таъмини ҳифзи меҳнат;
- бартарафсозии садамаҳои технологӣ дар иншооти шабакаҳои барқӣ;
- самаранок ба роҳ мондани корҳои амалӣ, ки бо ҳифзи муҳити зист алоқамандӣ доранд;
- корҳое, ки ба таъсир ба муҳити зист алоқаманд мебошанд, аз ҷумла ҷамъ ва истифода намудан, безараргардонӣ, нигоҳдорӣ, несткунӣ, интиқолдиҳӣ ва ҷойгиркунии партовҳои саноатӣ;
- фаъолияти соҳавӣ дар самти истифодаи иншооти обӣ;
- фаъолияти соҳавӣ ҷиҳати истифодаи захираҳои табиӣ;
- фаъолияти соҳавӣ дар соҳаи метрология;
- фаъолият ҷиҳати истеҳсол ва таъмири воситаҳои ченак;
- фаъолият оид ба пешниҳоди хизматрасониҳо вобаста ба насб, таъмир ва хизматрасонии техникии таҷҳизот ва асбобҳои ченкунӣ, назоратӣ, озмоишӣ;
- ташкил намудани корҳо ҷиҳати ситонидани зарари ба Ҷамъият расонидашуда;
- фаъолият оид ба истифодаи партовҳои хатарнок;
- фаъолият вобаста ба огоҳ ва хомӯш намудани сӯхтор;
- ташкил ва гузаронидани кор бо кадрҳо, аз ҷумла омӯзиш ва бозомӯзӣ, баҳогузории кормандон вобаста ба қоидаҳои истифодаи техникии таҷҳизотҳои барқӣ, қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва қоидаҳои ҳифзи меҳнат, қоидаҳои техникаи бехатарӣ, инчунин дигар қоидаҳо ва дастурҳои мувофиқи санадҳои меъёрии ҷорӣ дар корхонаҳои энергетикӣ амалкунанда;
- ба роҳ мондани корҳо ҷиҳати гузаронидани кормандон аз санҷиши малакаи дониш;
- ба роҳ мондани фаъолият вобаста ба вазифаҳои фармоишгарпудратчӣ;
- омода намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавии иншоотҳои сохтмони асосӣ;
- амалӣ намудани фаъолият оид ба сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосӣ дар шабакаҳои барқӣ;
- фаъолият дар соҳаи истифодаи сарфакорона ва самараноки энергия;
- таҳияи нақшаҳо ҷиҳати ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои садамавӣ ва реҷаи таъмини барқ;
- хизматрасонии алоқаи телефонии маҳаллӣ, дохили минтақавӣ ва байнишаҳрӣ;
- истифода намудан аз воситаҳои хизматрасониҳои иттилоотӣ;
- ба иҷора гирифтани биноҳо, иншоотҳо, таҷҳизотҳо, мошинҳо ва механизмҳо;
- фаъолияти ҳимоявӣ танҳо ба манфиати амнияти худӣ;
- ҳимояи техникии маълумотҳои дорои эътибори махфӣ дошта;
- ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба масъалаҳои мобилизатсионӣ, мудофиаи гражданӣ, пешгӯӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода;
- дар асоси қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи сирри давлатӣ;
- ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба ҳимоя намудани маълумотҳои сирри тиҷоратидошта;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондани фаъолиятҳои таълимӣ, аз он ҷумла барои инкишоф додани таҷрибаи кормандон ташкил ва гузаронидани дарсҳои омӯзишӣ.
18. Ҷамъият метавонад ба дигар намуди фаъолият дар асоси иҷозатнома, ки номгӯи онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, машғул гардад.
19. Ҷамъият фаъолияти истеҳсолӣ-хоҷагии худро дар асоси қарордодҳои хоҷагӣ ба роҳ мемонад.
20. Ҷамъият метавонад намудҳои дигари фаъолиятро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ намояд.
5. Сармояи оинномавии Ҷамъият
21. Сармояи оинномавии Ҷамъият аз арзиши номиналии саҳмияҳои Ҷамъият иборат мебошад.
22. Сармояи оинномавии Ҷамъият 2235691200 (ду миллиарду дусаду сиву панҷ миллиону шашсаду наваду як ҳазору дусад) сомониро ташкил медиҳад ва ба 22356912 (бисту ду миллиону сесаду панҷоҳу шаш ҳазору нуҳсаду дувоздаҳ) адад саҳмияи оддӣ бо арзиши номиналии ҳар як саҳмия 100 (сад) сомонӣ тақсим шудааст (№ 474).
Сармояи оинномавии Ҷамъият бо роҳи амонатгузорӣ дар шакли бино, иншоот, таҷҳизот ва арзишҳои дигари моддӣ, коғазҳои қиматнок, моликияти зеҳнӣ (ноу-хау), инчунин ҳуқуқҳои дигари молумулкӣ, воситаҳои пулӣ ташаккул меёбад ва арзиши онҳо бо пули миллӣ баҳо дода мешаванд.
Сармояи оинномавии Ҷамъият метавонад:
- бо роҳи зиёд намудани арзиши номиналии саҳмияҳо ё барориши саҳмияҳои иловагӣ зиёд карда шавад;
- бо роҳи кам кардани арзиши номиналии саҳмияҳо ё кам кардани шумораи умумии онҳо ё ба тариқи харида гирифтан ва бозпардохти қисме аз саҳмияҳо тибқи ҳолатҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" пешбинишуда кам карда шавад.
23. Зиёд намудани сармояи оинномавии Ҷамъият фақат баъди пардохти пурраи он мумкин аст.
Ба зиёд намудани сармояи оинномавӣ бо мақсади ҷуброн намудани зараре, ки ба Ҷамъият расидааст ё барои пардохти қарзи муҳлаташ гузаштаи кредиторӣ иҷозат дода намешавад.
24. Кам кардани сармояи оинномавӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур амалӣ гардонида мешавад.
Ҷамъият вазифадор аст, ки сармояи оинномавии худро тибқи ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кам намояд.
6. Саҳмдорони Ҷамъият, ҳуқуқ ва вазифаҳои онҳо
25. Ҷамъият вазифадор аст, ки пешбурд ва нигоҳдории феҳристи саҳмдорони Ҷамъиятро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии Ҷамъият таъмин намояд.
26. Ҳуқуқу уҳдадориҳои саҳмдорон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
27. Ҳар як саҳмияи оддии Ҷамъият ба саҳмдор - соҳиби он маҷмӯъи баробари ҳуқуқҳоро фароҳам меорад.
28. Саҳмдорон - соҳибони саҳмияҳои оддии Ҷамъият ҳуқуқ доранд:
- шахсан ё тавассути намояндагон дар маҷлиси умумии Ҷамъият иштирок намояд;
- суди саҳмияҳои эълоншудаи Ҷамъиятро гиранд;
- оид ба фаъолияти Ҷамъият маълумот гиранд ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуҷҷатҳои Ҷамъият шинос шаванд;
- дар ҳолати барҳамдиҳии Ҷамъият қисме аз моликияти ӯро тибқи тартиби муқарраршудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гиранд;
- ҳуқуқҳои дигарро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур пешбинӣ кардааст ва бо қарорҳои маҷлиси умумии саҳмдорон дар асоси салоҳиятҳои он қабул карда шудаанд, амалӣ намоянд.
7. Суди саҳмияҳо
29. Ҷамъият вазифадор аст соле на кам аз як маротиба оид ба пардохти суди саҳмияҳо аз рӯи саҳмияҳои паҳнкардашуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кунад.
30. Суди саҳмияҳои ҷойгиркардашуда аз даромади софи Ҷамъият бо пули миллӣ пардохта мешавад.
31. Қарор дар бораи пардохт ва андозаи суди саҳмияҳои ҷойгиркардашудаи солонаи Ҷамъият тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
Муҳлати пардохти суди саҳмияҳои ҷойгиркардашуда аз рӯзи қабули қарор дар хусуси пардохти суди саҳмияҳо аз 90 рӯз бештар буда наметавонад.
Рӯйхати шахсоне, ки барои гирифтани суди саҳмияҳо ҳуқуқ доранд, дар санаи таҳияи рӯйхати шахсоне, ки барои иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон ҳуқуқ доранд, тартиб дода мешавад.
8. Фондҳои Ҷамъият
32. Ҷамъият ба андозаи 5 (панҷ) фоизи сармояи оинномавии Ҷамъият фонди захиравӣ ташкил менамояд.
Андозаи ҳиссаҷудокунии ҳатмии ҳарсола ба фонди захиравии Ҷамъият то ба маблағи муқарраршудаи фонди захиравӣ расидан 5 фоизи маблағи фоидаи софи Ҷамъиятро ташкил медаҳад.
32. Фонди захиравии Ҷамъият барои руйпуш намудани зарарҳои молиявӣ, пардохтҳои вомҳои Ҷамъият ва харидории саҳмияҳои Ҷамъият дар сурати норасоии дигар маблағҳо, пешбинӣ шудааст.
Фонди захиравии Ҷамъиятро барои мақсадҳои дигар истифода бурдан манъ аст.
34. Ҷамъият метавонад тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фондҳои дигарро, ки фаъолияти молиявию хоҷагидории ӯро таъмин менамояд, таъсис диҳад.
35. Молу мулки Ҷамъият аз ҳисоби сарчашмаҳои зерин ташаккул меёбад:
- аз даромади фурӯши маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ;
- қарзи бонкӣ;
- аз кӯмакҳои бебозгашти молиявӣ ва хайрияи ташкилотҳои байналмилалӣ;
- молу мулке, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сармояи оинномавии Ҷамъият гузошта шудааст;
- сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
9. Мақомоти идоракунии Ҷамъият
36. Мақомоти идоракунии Ҷамъият инҳо мебошанд:
- мақоми олӣ - маҷлиси умумии саҳмдорон;
- мақоми идора - шӯрои нозирон;
- мақоми иҷроия - директори генералӣ.
10. Маҷлиси умумии саҳмдорон
37. Бо дар назар доштани он ки ҳамаи саҳмияҳои овоздори Ҷамъият ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд, қарорҳо оид ба масъалаҳои ба салоҳияти маҷлиси умумии саҳмдорон мансуббуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, хаттӣ ба расмият дароварда мешаванд.
38. Ба салоҳияти маҷлиси умумии саҳмдорон масъалаҳои зерин дохил мешаванд:
- тасдиқи ҳайат, низомнома ва миқдори аъзои шӯрои нозирони Ҷамъият;
- ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани директори генералии Ҷамъият;
- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Ҷамъият ва тасдиқи он дар таҳрири нав;
- азнавташкилдиҳии Ҷамъият;
- барҳамдиҳии Ҷамъият, таъини комиссияи барҳамдиҳӣ ва тасдиқи тавозуни фосилавӣ ва ниҳоии барҳамдиҳӣ;
- муайян намудани миқдор, арзиши номиналӣ, намуди (навъи) саҳмияҳои эълоншуда ва вомбаргҳо ва ҳамчунин ҳуқуқҳое, ки ба ин саҳмияҳо ва вомбаргҳо дода шудааст;
- зиёд кардани сармояи оинномавии Ҷамъият бо роҳи зиёд кардани арзиши номиналии саҳмияҳо ё бо роҳи паҳн кардани саҳмияҳои иловагӣ;
- кам кардани сармояи оинномавии Ҷамъият бо роҳи кам кардани арзиши номиналии саҳмияҳо;
- қабули қарор дар бораи иштироки Ҷамъият дар таъсис ё фаъолияти дигар шахсони ҳуқуқӣ бо роҳи супоридани як ё якчанд қисми дороӣ ба маблағе, ки дар маҷмӯъ 25 фоиз ё бештари ҳамаи дороии Ҷамъиятро ташкил медиҳад;
- тасдиқи ҳуҷҷатҳои дохилии Ҷамъият, ки фаъолияти маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият ва шӯрои нозиронро танзим мекунанд, инчунин дигар ҳуҷҷатҳои дохилии Ҷамъият, ки тасдиқи онҳо мутобиқи қонунгузорӣ таҳти салоҳияти маҷлиси умумии саҳмдорон қарор дорад;
- масъалаҳои дигаре, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ба салоҳияти маҷлиси умумии саҳмдорон мансубанд.
39. Масъалаҳое, ки ба салоҳияти маҷлиси умумии саҳмдорон мансуб мебошанд, наметавонанд ҷиҳати ҳал намудан ба мақоми иҷроияи Ҷамъият дода шаванд.
40. Масъалаҳои омода намудан ва гузаронидани маҷлиси умумии саҳмдорон, маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон, аз ҷумла тартиби иштироки саҳмдорон дар маҷлиси умумии саҳмдорон, кворуми маҷлиси умумии саҳмдорон, пешниҳоди иттилоот дар бораи гузаронидани маҷлиси умумии саҳмдорон, тартиби пешниҳоди таклифҳо ба рӯзномаи маҷлиси умумии саҳмдорон, тартиби қабул кардани қарори маҷлиси умумии саҳмдорон, тартиби овоздиҳӣ дар маҷлиси умумии саҳмдорон, талабот нисбати таҳияю тасдиқи протоколҳои маҷлиси умумии саҳмдорон мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" амалӣ карда мешавад.
11. Шӯрои нозирони Ҷамъият
41. Шӯрои нозирони Ҷамъият мақоми идоракунӣ буда, роҳбарии умумии фаъолияти Ҷамъиятро амалӣ менамояд, иҷрои қарорҳои маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъиятро мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорат мегирад.
42. Ба салоҳияти шӯрои нозирони Ҷамъият масъалаҳои зерин дохил мешаванд: - намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҷамъият;
- тасдиқи нақшаҳои корӣ ва молиявии Ҷамъият, ҳисоботҳо оид ба иҷрои онҳо, инчунин тасдиқи харҷномаи ҳарсола;
- баррасии пешниҳодҳо оид ба дохил намудани масъалаҳо ба рӯзномаи маҷлиси шӯрои нозирон ва номзадҳо ба вазифаҳои интихобшаванда дар Ҷамъият;
- тасдиқи ҳисоботи солона, ҳисоботи муҳосибӣ, аз ҷумла ҳисобот оид ба фоида ва зарари Ҷамъият, инчунин тақсими фоида даромад аз рӯи натиҷаҳои соли молиявӣ, аз он ҷумла пардохти суди саҳмияҳо;
- тасдиқи аудитори Ҷамъият ва ҳаҷми подоши хизматрасонии он;
- таъсиси воҳиди аудити дохилӣ, тасдиқи тартиби гузаронидани аудити дохилӣ ва пешниҳоди ҳисоботҳо оид ба натиҷаҳояш, таъин ва қатъ намудани ваколатҳои роҳбари вохиди аудити дохилии Ҷамъият;
- муайян намудани ҳаҷми маошҳои вазифавӣ, шартҳои пардохти музди меҳнат ва ҳавасмандгардонии аъзои мақоми иҷроияи Ҷамъият;
- муайян намудани маълумоти ба Ҷамъият ё фаъолияти он дахлдошта, ки дорои сирри хизматӣ, тиҷоратӣ ё сирри дигари бо қонунгузорӣ ҳифзшаванда мебошад, инчунин муайян намудани тартиби кушодани он ба шахсони сеюм аз ҷониби Ҷамъият;
- аз ҷониби Ҷамъият ҷойгир кардани саҳмияҳо, вомбаргҳо ва дигар коғазҳои қиматноки эмиссионӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ";
- таъсиси филиалҳо ва кушодани намояндагиҳои Ҷамъият;
- муайян намудани нигоҳдорандаи феҳристи Ҷамъият ва шартҳои шартномаи бо ӯ басташуда, инчунин бекор кардани шартнома;
- таъсиси кумитаҳо дар ҳолати зарурӣ барои ҳалли масъалаҳои мушаххас аз ҳисоби худ ва аз ҳисоби дагар кормандони Ҷамъият;
- тасдиқи ҳуҷҷатҳои дохилии Ҷамъият, ки тартиби ташкил ва истифодаи фондҳоро муайян менамоянд;
- муайян намудани сиёсати қарзии Ҷамъият дар қисми гирифтани қарзҳо, бастани шартномаҳои қарзӣ, барориши вомбаргҳо, додани замонатҳо, ҳамаи намудҳои кафолатҳо ва аккредитивҳо;
- муайян намудани шартҳои қарордоди меҳнатӣ бо директори генералии Ҷамъият;
- қабули қарор дар бораи иштироки Ҷамъият дар фаъолияти дигар ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, тағйири ҳиссаи иштирок ва қатъ намудани иштироки он дар фаъолияти ташкилотҳои дигар;
- шунидан ва баррасӣ намудани ҳисоботи директори генералӣ оид ба фаъолияти Ҷамъият (аз ҷумла, оид ба иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ аз тарафи ӯ) ва иҷрои қарорҳои маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият ва шӯрои нозирони Ҷамъият;
- ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани директори генералии Ҷамъият ва ҳавасмандкунии он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- пешакӣ маъқул донистани шартномаи дастаҷамъӣ ва созишномаҳое, ки аз тарафи Ҷамъият дар доираи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ баста шудаанд;
- муайян намудани сиёсати хариди Ҷамъият ва қабули қарорҳо мутобиқи ҳуҷҷатҳои тасдиқшуда, ки фаъолияти хариди Ҷамъиятро ба танзим медароранд;
- қабули қарор дар бораи истифодаи фонди захиравӣ ва дигар фондҳои Ҷамъият;
- масъалаҳои дигаре, ки ҳалли онҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ", оинномаи Ҷамъият ва низомномаи шӯрои нозирон ба салоҳияти шӯрои нозирон дохил шудааст.
43. Масъалаҳое, ки ба салоҳияти шӯрои нозирон медароянд, наметавонанд барои ҳаллу фасл ба мақоми иҷроияи Ҷамъият супорида шаванд.
44. Аъзои шӯрои нозирон ҳангоми татбиқи ҳуқуқҳои худ ва иҷрои уҳдадориҳо бояд ба манфиати Ҷамъият амал намуда, ҳуқуқу уҳдадориҳои худро нисбат ба Ҷамъият софдилона татбиқ намоянд.
45. Тартиби даъват ва баргузории ҷаласаҳои шӯрои нозирони Ҷамъият ва қабули қарорҳои шӯрои нозирони Ҷамъият, ҳамчунин тартиби интихоби раис ва котиби шӯрои нозирони Ҷамъият бо Низомномаи шӯрои нозирони Ҷамъият, ки аз ҷониби маҷлиси умумии саҳмдорон бо дар назар доштани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" тасдиқ карда мешавад, муайян мегардад.
46. Шӯрои нозирои Ҷамъият метавонад ба ҷаласаҳои худ коршиносони байналмилалӣ ва маҳаллиро даъват намояд.
12. Мақоми иҷроияи Ҷамъият - директори генералӣ
47. Ба фаъолияти ҷории Ҷамъият мақоми иҷроия - директори генералӣ роҳбарӣ мекунад, ки ба маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият ва шӯрои нозирони Ҷамъият ҳисоботдиҳанда мебошад.
48. Директори генералии Ҷамъият аз тарафи маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
49. Ба салоҳияти директори генералии Ҷамъият ҳамаи масъалаҳои роҳбарии фаъолияти ҷории Ҷамъият, ба истиснои масъалаҳои таҳти салоҳияти маҷлиси умумии саҳмдорон ва шӯрои нозирони Ҷамъият қарордошта марбутанд.
50. Директори генералии Ҷамъият бе ваколатнома аз номи Ҷамъият баромад мекунад, аз ҷумла манфиатҳои Ҷамъиятро ҳимоя менамояд, аз номи Ҷамъият аҳдҳо мебандад, ҷадвали вазифавӣ тасдиқ намуда, фармонҳо мебарорад ва супоришҳо медиҳад, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи кормандони Ҷамъият ҳатмӣ мебошанд, аз ҷумла:
- иҷрои нақшаҳои Ҷамъиятро таъмин менамояд;
- иҷрои қарорҳои маҷлиси умумии саҳмдорон ва шӯрои нозирони Ҷамъиятро ташкил менамояд;
- пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботдиҳиро таъмин менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ молу мулки Ҷамъиятро идора менамояд, аз номи Ҷамъият амалиётҳо мегузаронад, ваколатномаҳо медиҳад, дар бонкҳо ва ташкилотҳои дигари қарзӣ суратҳисобҳои Ҷамъиятро мекушояд;
- аз номи Ҷамъият шартномаҳо мебандад, инчунин амалҳои дигареро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надоранд, анҷом медиҳад;
- ҳуҷҷатҳои пулӣ, ҳисобӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоро имзо менамояд;
- нархҳои шартномавиро ба маҳсулот, арзиши хизматрасониҳоро тибқи талаботи қонунгузорӣ муайян ва тасдиқ мекунад;
- кормандон ва роҳбарони сохторҳои Ҷамъиятро ба кор қабул мекунад ва аз кор озод менамояд, бо онҳо шартномаҳои меҳнатӣ мебандад, тағйир медиҳад ва қать месозад;
- муовинони директори генералӣ, сармуҳосиб, роҳбарони филиал ва намояндагиҳои Ҷамъиятро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, бо онҳо шартномаи меҳнатӣ мебандад, тағйир медиҳад ва қатъ месозад;
- вазифаҳоро байни муовинони директори генералӣ тақсим менамояд;
- нисбати кормандони Ҷамъият мувофиқи қонунгузории меҳнат ҳуқуқу вазифаҳои корфарморо амалӣ менамояд;
- ҳуҷҷатҳои дохилии Ҷамъиятро тасдиқ менамояд, ба истиснои ҳуҷҷатҳои дохилие, ки тасдиқи онҳо ба салоҳияти маҷлиси умумии саҳмдорон ва шӯрои нозирони Ҷамъият мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мебошад;
- масъалаҳои дигари ҷории фаъолияти Ҷамъиятро ҳал менамояд.
51. Муовинони (муовини) директори генералӣ ва дигар кормандони Ҷамъият аз номи Ҷамъият амал мекунанд, дар мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва давлатҳои хориҷӣ манфиатҳои онро намояндагӣ менамоянд, дар доираи ваколати ба онҳо додаи Директори генералии Ҷамъият, ки дар ваколатнома дарҷ гардидааст, муомилот ва амалҳои дигари ҳуқуқиро анҷом медиҳанд.
13. Аудитори Ҷамъият
52. Барои амалигардонии назорати фаъолияти солонаи молиявӣ-ҳоҷагидории Ҷамъият шӯрои нозирон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Ҷамъият аудиторро ҷалб мекунад.
53. Аудити Ҷамъият мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ" амалӣ карда мешавад. Аудитор бо Ҷамъият муносибатҳои молумулкӣ дошта наметавонад.
14. Баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявии Ҷамъият
54. Ҷамъият вазифадор аст баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш мебарад.
55. Масъулияти ташкил, ҳолат ва саҳеҳии баҳисобгирии муҳосибӣ дар Ҷамъият, сари вақт пешниҳод намудани ҳисоботи солона ва дигар ҳисоботи молиявӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ, инчунин маълумот оид ба фаъолияти Ҷамъият, ки барои маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият, шӯрои нозирони Ҷамъият, кредиторон ва воситаҳои ахбори омма пешниҳод мегарданд, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва Оинномаи мазкур ба зиммаи директори генералии Ҷамъият гузошта шудааст.
56. Саҳеҳии маълумоти ҳисоботи солонаи Ҷамъият ва ҳисоботи солонаи муҳосибӣ бояд аз ҷониби аудитори Ҷамъият тасдиқ карда шавад.
Ҷамъият вазифадор аст пеш аз нашри ҳуҷҷатҳои дар моддаи 91 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" нишондодашуда, барои тафтиши ҳарсола ва тасдиқи ҳисоботи солонаи молиявӣ аудитореро, ки бо Ҷамъият ва ё саҳмдорони он дар асоси манфиахҳои молумулкӣ алоқаманд намебошад, ҷалб намояд.
15. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Ҷамъият
57. Азнавташкиддиҳии Ҷамъият бо роҳи муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, табдилдиҳӣ, мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дар назар доштани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" амалӣ мегардад.
58. Молу мулки Ҷамъият, ки дар натиҷаи азнавташкилдиҳӣ ба миён меояд, танҳо аз ҳисоби молу мулки ҷамъияти аз нав ташкилшаванда ташаккул меёбад.
59. Ҷамъият бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси гражданӣ, бо дар назар доштани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва Оинномаи Ҷамъият ё ин ки бо қарори суд аз рӯи асосҳои пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад барҳам дода шавад.
60. Ҳангоми азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳии Ҷамъият ё қатъ намудани корҳое, ки дорои маълумоти сирри давлатӣ мебошанд, Ҷамъият вазифадор аст, ки амнияти ин маълумотҳо, бехатарии зиддисӯхторӣ ва ҳифз аз паҳншавиро таъмин намояд.