Методологияи ҳисоби тарифи неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019 № 331

Санаи амалкуни: 26.10.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "22" июни соли 2019, № 331

МЕТОДОЛОГИЯИ ҲИСОБИ ТАРИФИ НЕРУИ БАРҚ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.10.2023 № 494)

1. Методологияи ҳисоби тарифи неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Методология) тибқи нақшаи чорабиниҳои марҳилаи якуми амалигардонии Консепсияи танзими тариф дар соҳаи энергетикаи барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, № 259 тасдиқ шудааст ва дар доираи нақшаи инфиродии таҷдиди сохтори идоракунии ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011, № 431 тасдиқ шудааст, таҳия карда шуда, мақсад аз он муайян намудани қоидаю расмиёти шаффоф ва фаҳмои ҳисоби тарифи фурӯши неруи барқ дар бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни сохторҳои (субъектҳои) хизматрасонии таъминоти неруи барқ ва истеъмолкунандагони ниҳоӣ мебошад.

2. Дар таҳияи Методологияи мазкур таҷрибаи байналмилалӣ ва тавсияю пешниҳодҳои шарикони рушд (Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Рушди Осиё, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд) ва хусусиятҳои хоси соҳаи энергетикаи барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта шуда, он барои корбарии мақоми ваколатдор дар батанзимдарории фаъолияти корхонаҳои мустақили самтҳои алоҳидаи фаъолият дар соҳаи энергетикаи барқӣ муайян карда шудааст.

3. Бо дар назар доштани мураккабии ҷараёни гузариш аз сохти амалкунанда ба сохти дигари танзими тариф ва идоракунии соҳа, ки вақти муайянеро талаб менамояд, дар марҳилаи аввали гузариш ба Методологияи нав дар корбарии амалӣ Методологияи давраи гузариш истифода бурда мешавад.

4. Методологияи мазкур дар амалисозии Консепсияи танзими тариф дар соҳаи энергетикаи барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани эътимоднокии таъминот бо неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуда, тариқи ҷорӣ намудани тарифҳои тиҷоратӣ, риояи манфиатҳои иқтисодии иштирокчиёни бозори дохилии неруи барқ ба худтаъминкунии молиявии субъектҳои хоҷагидори соҳа ва бо ин васила ба рушду нумӯи минбаъдаи инфрасохтори соҳаи энергетикаи барқии кишвар заминаҳои зарурӣ хоҳад гузошт.

5. Методология дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи инҳисороти табиӣ" аз ҷониби мақоми танзимкунандаи соҳаи неруи барқ мавриди истифода ва корбарӣ қарор гирифта, дар ҳолатҳои зарурӣ аз ҷониби мақоми мазкур такмил дода мешавад.

6. Методология асосан аз қисматҳои зерин иборат буда, фарогири чунин масъалаҳо мебошад:

- муайян намудани сатҳи даромади маҷмӯӣ ва зарурие, ки бо истифодаи тарифҳои танзимшаванда аз ҷониби корхонаҳои соҳа ба даст оварда мешаванд;

- принсипҳои роҳбарикунандаи ҳисобкунӣ ва банақшагирии тарифҳо барои истифодабарандагони ниҳоӣ;

- механизм ва ҷараёни баррасию тасдиқи тарифҳои танзимшаванда.

7. Раванди шакливазкунии сохтори идоракунии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик" ва ҷудошавии он ба самтҳои истеҳсолкунанда, интиқолдиҳанда ва тақсимкунанда ду марҳиларо дар бар мегирад, ки марҳилаи якуми он давраи гузариш номгузорӣ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.10.2023 № 494).

8. Дар давраи гузариш Методологияи ҳисоби тариф дар давраи гузариш мавриди истифода қарор дода мешавад.

9. Ҳангоми оғози марҳилаи дуюми ҷараёни таҷдиди сохтор (таъсисёбӣ ва оғози фаъолияти корхонаҳои мустақили самтҳои алоҳида дар соҳа), сохтори бозори неруи барқ дар ҷумҳурӣ шакли зайлро хоҳад гирифт:

- ҳамаи иншооти мавҷудбудаи истеҳсолкунандаи барқ, ки то ин вақт ҳамчун моликияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик" маҳсуб меёфтанд, аз он ҷумла иншооти гармиистеҳсолкунанда дар ихтиёри корхонаи истеҳсолкунанда боқӣ мемонанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.10.2023 № 494);

- ҳамаи созишномаҳои хариди неруи барқ барои бозори дохилӣ бо дар назар доштани хизматрасонии интиқол ва додани иҷозатномаи дахлдори мақомоти ваколатдор аз ҷониби корхонаи тақсимкунанда, инчунин корхонаҳои дигари истифодабарандагони азими неруи барқ (харидорони яклухт) амалӣ карда мешаванд;

- мақоми мустақили танзимкунанда таъсис меёбад;

- дар ҳолати зарурӣ, оператори бозори неруи барқ (бо вазифаи баҳисобгирӣ) ва оператори сохтори энергетикаи барқӣ (бо вазифаи танзимгаркунонӣ) таъсис дода мешавад.

10. Мақсади асосии Методология ин аз пурра рӯйпӯш намудани ҳамаи хароҷоти ҷойдошта ва расонидани ёрии амалӣ ба корхонаҳои соҳаи энергетикаи барқӣ дар ташаккули заминаҳои молиявӣ оид ба рушди кофии иқтидорҳои истеҳсолкунанда, интиқолдиҳанда ва тақсимкунанда бо мақсади қонеъ намудани талаботи рӯзафзуни иҷтимоиёт ва иқтисодиёти Тоҷикистон ба неруи барқ иборат аст, ки он муфассалтар дар Консепсияи танзими тариф дар соҳаи энергетикаи барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст.

11. Методологияи мазкур тартиби муайян намудани даромади заруриро барои корхонаҳои истеҳсолкунанда, интиқолдиҳанда ва тақсимкунандаи неруи барқ муайян намуда, дар як вақт принсипҳои роҳбарикунандаро барои муқаррар намудани тарифҳои истифодабарандагони ниҳоӣ пешниҳод мекунад. Вобаста ба ин, корхонаҳои истеҳсолкунанда, интиқолдиҳанда ва тақсимкунандаи неруи барқ, ки дар баробари мақоми танзимкунанда ба онҳо низ дар муқаррар намудани тарифҳо Методологияи мазкур паҳн мешавад, дар пешниҳоди маълумоти вобаста ба танзими тариф масъул мебошанд.

12. Новобаста аз давомнокии давраи танзим, ҳар як корхона бояд мавриди азнавдидабароии тарифҳо, ба мақоми танзимкунанда дурнамои нишондиҳандаҳои сесолаи тағйирёбии даромади заруриашро пешниҳод намояд.

13. Бо анҷом ёфтани давраи татбиқи марҳилавии тарифҳо, ки натиҷаҳои татбиқи Методологияи мазкур мебошад, мақоми танзимкунанда барои тарифҳои нав давомнокии давраи танзимро муқаррар менамояд. Агар давраи танзими тарифҳо аз як сол зиёд бошад, дар ин ҳолат мақоми танзимкунанда дар асоси принсипҳои роҳбарикунандаи Методологияи мазкур формулаи дахлдори тасҳеҳиро таҳия ва истифода менамояд, ки бояд аз саршавии соли нав, агар маълум гардад, ки ҳамин сана ба давраи танзим рост меояд, эътибор пайдо кунад.

14. Дар ҷараёни азнавбаррасикунии тарифҳо, даромади зарурӣ, ки нишондиҳандаи калидӣ дар муайян намудани сатҳи тарифҳо ба ҳисоб меравад, барои ҳар як корхона дар алоҳидагӣ муайян карда мешавад. Баъд аз он, мақоми танзимкунанда сатҳи тарифҳоро муқарррар менамояд, то ин ки корхонаҳо имкон пайдо кунанд даромади заруриашонро тавассути ин тарифҳо дар давраи танзими тариф аз истеъмолкунандагон ба даст оварда тавонанд.

2. ФОРМУЛАИ ТАНЗИМИ ДАРОМАДИ УМУМИИ ЗАРУРӢ

15. Даромади зарурӣ барои ҳар як корхона дар сатҳе бояд муайян карда шавад, ки барои рӯйпӯш намудани хароҷоти зерин кифоя бошад:

- хароҷоти истеҳсолӣ ва хизматрасонии техникии сатҳи самарабахш бо таъмини фаъолияти устувор, ки ба мақсадҳои хизматрасонии босифат мувофиқ аст;

- маблағҷудокуниҳои истеҳлокӣ, ки бо гузашти вақт ва хӯрдашавӣ камшавии арзиши дороиҳоро ба инобат мегирад;

- даромаднокии дороиҳо ва ё фоида аз сармояи истифодашуда, ки барои маблағгузории рушди корхона ва ҷуброни хавфҳо дар ҷараёни маблағгузории худ дидаанд, кифоя бошад.

16. Даромади зарурӣ барои ҳар се корхона (ширкатҳо)-и танзимшаванда бо истифода аз формулаи зерин муайян карда мешавад:

 

Дз = Хҷихт + Ми + Дд,

дар ин ҷо:

Дз - даромади зарурии солона;

Хҷихт - хароҷоти солонаи ҷамъбастии истифодабарӣ ва хизматрасонии техникӣ;

Ми - меъёри ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ;

Дд - даромад (фоида) барои сармояи истифодашуда.

 

3. ХАРОҶОТИ ИСТИФОДАБАРӢ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ТЕХНИКӢ

17. Барои ҳисоби даромади зарурӣ бояд танҳо он хароҷоти истифодабарӣ ва хизматрасонии техникӣ дохил карда шавад, ки барои пешниҳоди хизматрасонии таъминоти неруи барқ ба истифодабарандагон асоснок ва зарур мебошад.

18. Ҳангоми муайян намудани хароҷоти имконпазири корхона, мақоми танзимкунанда бояд хароҷоти истифодабарӣ ва хизматрасонии техникии пешниҳодшудаи корхонаҳоро барои тасдиқ ба инобат гирад. Баъдан мақоми танзимкунанда метавонад ин хароҷотро бо дар назар доштани он ки онҳо оқилона ва исботшуда ҳисобида мешаванд, дар асоси баҳодиҳии мустақилонаи экспертӣ, таҳлили муқоисавӣ, ки бо ин мақсад гузаронида шудааст ва роҳҳои дигар, ки метавонанд асоснокии оқилонаи аниқи хароҷотро таъмин, тасдиқ ё тасҳеҳ намояд.

19. Тибқи Методологияи мазкур хароҷоти истифодабарӣ ва хизматрасонии техникӣ аз инҳо иборатанд:

- "Хароҷоти истеҳсолӣ" (масолеҳи асосӣ музди меҳнати асосӣ);

- "Хароҷоти умумиистеҳсолӣ" (хароҷоти маъмурӣ, хароҷоти алоқаманд ба фурӯши неруи барқ ва хароҷоти дигари истеҳсолӣ).

20. Хароҷоти маъмурӣ аз инҳо иборатанд:

- хароҷоти музди меҳнати кормандони маъмурӣ ва ҳайати дигари умумихоҷагидорӣ;

- хароҷоти сафарҳои хизматӣ дар доираи меъёрҳои амалкунанда ва нигоҳдории дастгоҳи идоракунии корхона (ба ғайр аз музди маоши кормандон);

- хароҷоти нигоҳдории воситаҳои асосӣ ва воситаҳои дигари ғайригардишии таъиноти умумихоҷагидоридошта (иҷораи истеҳсолӣ, суғуртаи амвол, таъмири ҷорӣ, гармидиҳӣ, равшанидиҳӣ, обтаъминкунӣ, посбонӣ ва ғайра тибқи тартиби амалкунанда);

- хароҷот оид ба пардохти хизматрасонии коршиносон (ҳуқуқӣ, аудиторӣ, баҳодиҳии молу мулки ғайриманқул);

- хароҷоти алоқа;

- пардохти хизматрасонии хазинавӣ ва ҳисобикунӣ, хизматрасонии дигари бонкҳо;

- андозҳо, тибқи талаботи Кодекси андоз;

- хароҷоти дигари тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иҷозатдодашуда.

21. Хароҷоти алоқаманд ба фурӯши неруи барқ аз инҳо иборатанд:

- пардохти музди меҳнат ва подоши комиссионӣ барои кормандони корхонаи таъминкунандаи фурӯш;

- хароҷоти реклама ва таҳқиқи бозор (маркетинг) мутобиқи меъёрҳои амалкунанда;

- хароҷоти сафари хизматии кормандони машғули фурӯш;

- хароҷоти таъмири ҷорӣ ва нигоҳдории воситаҳои асосии ба фурӯш алоқамандбуда;

- хароҷоти нақлиёт ва суғуртаи мол ва хизматрасонии нақлиётӣмолфиристонӣ (экспедитсионӣ);

- хароҷоти таъмир ва хизматрасонии кафолатӣ.

22. Хароҷоти дигари истеҳсолӣ аз инҳо иборатанд:

- маблағҷудокунии захиравӣ барои қарзҳои шубҳанок дар мувофиқа бо мақоми танзимкунанда;

- хароҷоти пардохти фоизҳо дар мувофиқа бо мақоми танзимкунанда;

- дигар намуди хароҷот.

23. Дар ҳолати давраи бисёрсолаи танзим (яъне аз 1 сол зиёд будани даври назорат (давраи танзим) хароҷоти истифодабарӣ ва хизматрасонии техникӣ бояд ба хароҷоти таҳти назорати корхона қарордошта ва хароҷоти бидуни назорати корхонабуда ҷудо карда шуда, ба гурӯҳи якум (таҳти назорати корхонаи амалкунанда қарордошта) то он дараҷае бояд иҷозат дода шавад, ки баланд шудани самаранокии онҳоро дар давраи назорати танзими тариф таъмин намояд.

24. Тартиби ҳисоби хароҷоти истеҳсолӣ ва хизматрасонии техникии иҷозатдодашуда хароҷоти (захира) ҷуброни талафоти технологиро дар сохтори энергетикӣ (корхонаҳои соҳа) дар сатҳи хароҷот (талафот)-и ҳар сол тасдиқнамудаи мақоми танзимкунанда бояд ба инобат гирад. Давраи дурнамо барои панҷ сол бошад бевосита тағйирёбии сатҳи талафоти технологиро дар сохтори энергетикӣ пешбинӣ менамояд.

4. ИСТЕҲЛОК

25. Хароҷоти истеҳлок камшавии арзиши дороиҳоро бо гузашти муҳлат, аз ҷумла хӯрдашавӣ инъикос менамояд. Ин камшавии арзиши тавозунии дороиҳо аст, ҳамчун қоида, ба таври умумиқабулшуда (якхела), бо роҳи тақсими нархи тавозунӣ ба муҳлат (ҳар соли) меъёрии истифодабарии (кор, хизмати) судманди дороиҳо, ҳисоб карда мешавад. Мақоми танзимкунанда уҳдадор аст, методологияи дахлдори ҳисобкунии хароҷоти истеҳлокро бо дар назар доштани хусусиятҳои соҳавӣ дар оянда барои ҳар як корхона таҳия ва пешниҳод намояд.

5. ФОИДА АЗ САРМОЯИ ИСТИФОДАШУДА

26. Фоида аз сармояи истифодашуда ифодакунандаи даромад аз амалиётҳое мебошад, ки корхона дар натиҷаи фаъолияти истеҳсолӣ, яъне гардиши сармоя ба даст овардааст ва минбаъд пас аз иҷрои уҳдадориҳои андозиаш тибқи қонунгузории амалкунанда дар пардохти қарзҳояш ба қарздиҳандагон (кредиторон), ҷонибҳои созишномаҳои амалкунандааш (контрагентҳояш) ва боздеҳи сармоя ва ҳиссаи саҳмияҳо ба саҳмиядорон истифода мебарад.

Даромади мазкур бо роҳи зарби нархи миёнаи сармояи корхона (арзиши миёнавазнии сармоя), ки бо фоиз ифода карда мешавад, ба ҳаҷми умумии сармоягузории ҳарсолаи он дар давоми давраи танзими (назорати) тариф ҳисоб карда мешавад.

27. Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ бо заминаи танзимшавандаи дороиҳо ифода карда шуда, то таҳияи тартиби ҳисоби он аз ҷониби мақоми танзимкунанда ҳоло ба арзиши бақиявии воситаҳои асосии тавозунӣ соли гузашта баробар гирифта мешавад.

28. Арзиши сармояи корхонаи зертобеъ ҳамчун ҳисоби миёна аз арзиши қарзҳои гирифташуда ва арзиши сармояи саҳомии корхона бо ҳиссаи ҳисобкардашудаи онҳо дар ҳаҷми умумии маблағгузорӣ баҳодиҳӣ карда мешавад. Ин арзиши миёнаҳисобшудаи сармоя мебошад, ки ҳамчун АмҳС ифода карда шуда, бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

 

АмҳС = ((100% - Ҳқ) х Амҳ) / (1 - Маф) + (Ҳқ х Амҳ),

Ҳқ - ҳиссаи қарзҳои корхонаи зертобеъ дар таркиби сармояи корхона, ки бо фоиз ифода меёбад;

Амҳ - арзиши маблағгузории ҳиссавии бо фоиз ифодашуда;

Маф - меъёри андоз аз фоида.

 

29. Мақоми танзимкунанда ҳуқуқ дорад бо ихтиёри худ дар ҷараёни аз нав баррасӣ намудани тарифҳо моддаҳои алоҳидаро, ки аз нигоҳи ӯ истифода намешаванд ва ё барои амалигардонии мақсади корхона дар иҷрокунии вазифаҳояш оид ба таъминоти неруи барқ манфиатовар нестанд, ба заминаи танзимшавандаи дороиҳо дохил накунад.

6. ХУСУСИЯТҲОИ БАНАҚШАГИРӢ

30. Мақоми танзимкунанда бояд муайян намояд, ки маҳз кадом таносубҳои асосӣ метавонанд давра ба давра дар баҳодиҳии нишондиҳандаҳои молиявӣ истифода шаванд ва сатҳи ниҳоии зарурии онҳо дар навбати худ бояд ба сатҳи фаъолияти самараноки молиявии байналмилалӣ қабулгардида мутобиқат намояд. Бо ин мақсад ҳар дафъа мавриди бознигарии тарифҳо ҳар як корхонаи зертобеъ уҳдадор аст, дурнамои ҳисоботи панҷсолаи молиявӣ, аз ҷумла ҳисобот оид ба ҳолати молиявӣ, ҳисобот оид ба даромади умумӣ ва натиҷаи фаъолият (фоида ва зарар) ва ҳисобот оид ба гардиши воситаҳои пулӣ ба мақоми танзимкунанда пешниҳод намоянд. Дурнамои мазкур бевосита дар худ тағйирёбии афзоиши даромади молиявиро дар ҷараёни давраи дурнамо якҷо бо дурнамои тағйирёбии хароҷоти истеҳсолӣ ва хизматрасонии техникӣ, хароҷоти истеҳлок ва даромаднокии дороиҳо дар бар мегирад.

31. Мақомоти танзимкунанда аз нигоҳи худ метавонад ба дурнамои нишондиҳандаҳои корхонаҳо илова ва тағйироти оқилона ворид намояд ва дар натиҷа дурнамои молиявӣ ва тағйирёбии рушди даромади ба он вобастаро тасдиқ намояд. Ҳамчунин мақоми танзимкунанда тавассути ворид намудани ҳар гуна омилҳо ба созишномаҳои ҳарсола басташавандаи байни иштирокчиёни бозори неруи барқ ва дар давраи танзими фурӯши хизматрасонии корхонаҳои самтҳои алоҳидаи фаъолият, пеш аз ҳама дар таъмини боэътимод ва амнияти истифодабарандагон бо неруи барқ мусоидат менамояд.

32. Дар ҳолати қабули қарор аз ҷониби мақоми танзимкунанда оид ба истифодаи давраи зиёда аз яксоли танзим, он гоҳ мумкин аст даромади зарурӣ аз рӯи тарифи миёна барои кВт соат бо истифодаи формулаи зерин тасҳеҳ карда шавад:

 

Тсп = Тд х 1+ (Фин + Хбт),

дар он ҷо:

Тсп - тарифи миёнаи тасҳеҳёфтаи соли дарпешистода;

Тд - дурнамои тарифи миёна тибқи тағйирёбии афзоиши даромад;

Фин - фарқияти эҳтимолӣ байни тағйирёбии афзоиши даромади тасдиқшуда ва индекси воқеии нархҳои истеъмолӣ;

Хбт - тасҳеҳ барои ҳисоби тағйирёбии хароҷоти ғайриназоратӣ аз хароҷоти дурнамо ҳангоми бознигарии тарифҳо, аз ҷумла тағйирёбии хароҷот аз ҳисоби фарқияти қурб.

 

33. Нақшаи ҳисоботи молиявии корхонаҳо, ки ҳар сол пешниҳод мешавад, тағйирёбии даромади корхонаҳоро (муҳлати таҳияи нақшаи молиявӣ, яъне муҳлати ҳар як бознигарии тариф) муайян ва инъикос намуда, ҳамзамон сатҳи ба пуррагӣ рӯйпӯш шудани хароҷотро низ нишон медиҳад. Ин ҷо фарқияти байни тарифҳои ҳамаи хароҷотро рӯпӯшнамуда ва тарифҳои амалкунанда муайян карда мешавад. Муҳлати аз байн бурдани фарқияти мазкур набояд аз се сол зиёд бошад. Масъалаи бартараф намудани фарқияти даромадҳоро дар давоми марҳилаи татбиқи даврагӣ мақомоти танзимкунанда бояд якҷо бо масъалаи аз байн бардоштани субсидиякунониҳои мутақобила, ки аз тартиби мавҷудаи муайянсозии тарифҳо боқӣ мондааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор диҳад.

7. ТАРИФИ ИСТЕҲСОЛ

34. Азбаски талаботи корхонаҳо - истеҳсолкунандагон (неругоҳҳои барқи обӣ ва маркази барқу гармидиҳӣ) ба маблағгузорӣ барои сохтмон ва рушди иқтидорҳо (ба ҳар як кВт соат) як хел нест, инчунин тавсифи истеҳсолии хароҷоти амалиётии онҳо низ аз якдигар фарқ доранд, ба мақсад мувофиқ дониста мешавад, ки тарифҳои гуногуни таъминкунандаи самаранокии фаъолияти корхонаҳо шартан, тарифҳои доимӣ ва тағйирёбанда дошта бошанд. Ин имкон медиҳад, ки танзимгаркунии фаъолияти неругоҳҳо барои қонеъкунии сарборӣ аз рӯи принсипи афзоиши хароҷоти истеҳсолӣ, яъне бисёр муҳим аст, ки дар аввал ҳамон неруи барқе истифода шавад, ки арзиши қиёсии он ҳангоми истеҳсоли неруи барқ паст бошад.

35. Мавҷудияти чунин тарифи думеъёра дар шароите ба мақсад мувофиқ мебошад, ки агар пардохт барои неруи барқ асосан хароҷоти истеҳсолии тағйирёбандаи ҳар як неругоҳи алоҳидаро рӯпуш мекунад ва пардохт барои иқтидор бошад, имкон медиҳад, ки дар доираи даромади умумии зарурии неругоҳ ҳамаи хароҷоти дигари боқимонда рӯйпӯш карда шавад.

36. Ҳисоби тариф барои неругоҳҳои барқистеҳсолкунанда

__________________________________________________________________________________________________

Даромади умумии зарурӣ ва ё талабкардашуда (млн сомонӣ) - (Дзу)

Қисми тағйирёбанда - (Дт)

Қисми доимӣ - (Дд)

Истеҳсол (ҳаз кВт соат) - (W)

Тариф

Пардохти моҳонаи устувор (млн сомонӣ) = Дд/12

Пардохт барои неруи барқи истифодашуда (сомонӣ барои кВт соат) = Дт/W

Хамин тариқ, тарифи истеҳсоли неруи барқ бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад: Тист = Дд/12 + Дт/W

___________________________________________________________________________________________________

Дар ин ҷо:

Дд - ҳаҷми хароҷоти умумии доимӣ дар таркиби даромади зарурии солона;

Дт - ҳаҷми хароҷоти тағйирёбанда дар таркиби даромади зарурии солона;

W - ҳаҷми умумии истеҳсоли солона, бе дар назар доштани истифода барои эҳтиёҷоти худӣ;

Дзу - даромади зарурии ҳарсола = Дт +Дд

 

8. ТАРИФИ ИНТИҚОЛ

37. Қисмати асосии тарифи интиқол, ки таваҷҷуҳи ҷиддиро талаб менамояд, ин арзиши "итиқоли" фаъолияти таҳвилдиҳӣ ба ҳисоб меравад, ки аз хароҷоти соҳибмулкӣ, кор ва хизматронии техникии низоми воқеии таҳвилдиҳӣ иборат аст ва вобаста ба ин ҳисобкунии тарифи таҳвилдиҳӣ дар асоси формулаи дар поён овардашуда анҷом дода мешавад:

 

Тинт = Дзу / (Сд х 12),

дар ин ҷо:

Дзу - даромади умумии зарурии солонаи корхонаи интиқолдиҳанда, бо сомонӣ;

Сд - ҳаҷми умумии сарбории дархостшуда бо МВт.

 

38. Интизор меравад, ки дар ояндаи миёнамуҳлат (3-5 сол) низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон бапуррагӣ таҳти идоракунии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик" мегузарад, хароҷоти дахлдори танзимгари низом ба таркиби тарифи интиқоли неруи барқ дохил карда мешавад. Рушди бо тадриҷи бозори неруи барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва болоравии сатҳи хизматрасонии интиқол дар он зиёд шудани шумораи истифодабарандагони неруи барқ бо пайвастшавӣ ба хатҳои интиқолдиҳанда пардохти ҳаққи онҳо мақоми танзимкунандаро ба таҳия ва пешниҳоди механизми дахлдори дигари ҷавобгӯ ба талаботи замон водор месозад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.10.2023 № 494).

39. Бояд зикр намуд, ки ҳамаи хароҷоти интиқоли неруи барқ, ба истиснои аз қисми нисбатан ночизи он (аз ҷумла талафоти неруи барқ), аз хароҷоти тағйирёбандаи дорои табиати доимӣ функсияи сарбории максималии иҷозатдодашудаи низоми таҳвилдиҳӣ иборат аст. Ҳамин тариқ, хароҷоти таҳвилдиҳӣ қариб ки пурра бо ҳаҷми МВт алоқамандӣ дорад ва формулаи тарифи таҳвилдиҳӣ чунин тартиб дода шудааст, ки маҳз ҳаминро инъикос намояд.

40. Бо дар назар доштани давраи муайян (то 5 сол) ташкилоти ташаккулёфтаи бозори неруи барқ дар ҷумҳурӣ дар асоси Методологияи мазкур мақоми танзимкунанда бо истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ ва тавсияҳои шарикони рушд дастурамали муфассал оид ба омода ва пешниҳоди маводи ҳисоботии зарурӣ оид ба муайян намудани тарифҳо барои ҳамаи истифодабарандагони ниҳоӣ таҳия ва тасдиқ менамояд, ки бояд фарогири масъалаҳои зерин бошад:

- даромади зарурӣ аз гурӯҳҳои истифодабарандагон;

- хароҷоти ниҳоӣ барои таъмини неруи барқ;

- таҳияи ва тасдиқи ҷанбаҳои иқтисодӣ ва ҳисоби тариф барои истифодабарандагони хурд ва бузург.

9. ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ ДАРХОСТ, БАРРАСӢ ВА ТАСДИҚИ ТАРИФҲО

41. Дархост оид ба баррасии тарифҳо аз ҷониби корхонаҳои танзимшаванда тибқи шаклҳои муайяннамудаи дастурамали муфассал оид ба омодаю пешниҳоди маълумоти зарурӣ бо муайян намудани тарифҳо, ба мақоми танзимкунанда се моҳ пеш аз вориди амал қарор гирифтани тарифҳои нави эҳтимолӣ бояд пешниҳод карда шавад ва аз ҷониби мақоми танзимкунанда тибқи тартиби амалкунанда дар муҳлати як моҳ бояд баррасӣ ва қабул карда шавад.

42. Дар давоми даҳ рӯзи корӣ пас аз қабул намудани радномаи расмӣ нисбат ба дархост оид ба баррасии тарифҳо корхонаи танзимшаванда ҳақ дорад аз болои ин қарори мақоми танзимкунанда шикоят намояд. Мақоми танзимкунанда уҳдадор аст ба ин шикояти корхонаи танзимшаванда дар давоми ду ҳафта ҷавоб диҳад.

43. Дар ҳолати қабул нашудани шикояти корхонаи танзимшаванда аз ҷониби мақоми танзимкунанда нисбат ба қарори қабулнамудаи он корхонаи танзимшаванда ҳуқуқ дорад ба суд муроҷиат намояд. Дар баробари ин, қарори қабулнамудаи мақоми танзимкунанда то ба итмом расидани мурофиаи судӣ, мавриди истифода қарор мегирад.

 

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 июни соли 2019, № 331

МЕТОДОЛОГИЯИ ҲИСОБИ ТАРИФИ НЕРУИ БАРҚ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Матни методология