Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019 № 330 "Дар бораи масъалаҳои ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи масъалаҳои ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ"

Мутобиқи моддаи 53 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Оинномаҳои ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.

2. Ба замимаи 2 "Рӯйхати ҷамъиятҳои саҳомӣ, корхонаҳои давлатӣ, ташкилотҳо ва муассисаҳое, ки таҳти идоракунии ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" қарор доранд", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, №537 "Масъалаҳои Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" тасдиқ карда шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- бандҳои 1-7, бандҳои 9-10 ва бандҳои 12-13 хориҷ карда шуда, бандҳои 8, 11 ва 14 мувофиқан бандҳои 1, 2 ва 3 ҳисобида шаванд;

- бандҳои 4 ва 5 дар таҳрири зайл илова карда шаванд:

"4. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои интиқоли барқ"

"5. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ"".

3. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии ҷамъияти саҳомии кушодаи "шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" чораҳои зарурӣ андешанд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон

аз 22 июни соли 2019 № 330

ш.Душанбе