Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2019-2022
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 5 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2019-2022 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаи мазкурро дар доираи маблағҳои ҳамасола барои соҳаи тандурустӣ пешбинишуда ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, амалӣ гардонанд.
3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни иҷрои барномаи мазкурро таъмин намуда, аз натиҷаи амалӣ шудани он то охири ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 22 июни соли 2019 № 326
ш.Душанбе