Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 майи соли 2019, № 260
тасдиқ шудааст
Тартиби баргардонидани маблағҳо аз ҷониби мутахассисони ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намудаанд
1. Тартиби баргардонидани маблағҳо аз ҷониби мутахассисони ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намудаанд (минбаъд - Тартиб), баргардонидани маблағҳоро аз тарафи мутахассисони ҷавоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишварро аз ҳисоби буҷети давлатӣ хатм намуда, дар асоси қарори комиссияи тақсимоти хатмкунандагон ва роҳхати мақомоти дахлдор ба ҷойи кор фиристода шуда, бе сабабҳои узрнок ба ҷойи кор ҳозир нагардидаанд ва ё аз кор саркашӣ намудаанд, инчунин қабл аз ба охир расидани муҳлати ҳатмии кор бо сабаби вайрон кардани қонунгузории меҳнат аз кор озод карда шудаанд, муқаррар менамояд.
2. Аз ҳисоби буҷети давлатӣ тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ баҳри таъмини корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳои ниёзманд, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешавад.
3. Шаҳрвавдоне, ки муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти миёна ва олии касбиро аз ҳисоби буҷети давлатӣ хатм кардаанд, дар асоси шартномаи тарафайн ва роҳхати мақомоти дахлдор уҳдадоранд, ки на камтар аз 3 сол аз рӯи ихтисос фаъолият намоянд.
4. Дар ҳолати бе сабабҳои узрнок тибқи қарори комиссияи тақсимоти хатмкунандагон ва роҳхати мақомоти дахлдор ба ҷойи кори муайяншуда ҳозир нашудани мутахассиси ҷавон ё аз кор саркашӣ намудан, инчунин қабл аз ба охир расидани муҳлати ҳатмии кор бо сабаби вайрон кардани қонунгузории меҳнат аз кор озод намудани ӯ, маблағе, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои таҳсили мутахассиси ҷавон харҷ шудааст, аз ҳисоби ӯ баргардонида мешавад.
5. Дар ҳолати бо сабабҳои узрнок (таъмин нагардидан ба ҷойи кор, ба кори интихобӣ гузаштан, идомаи таҳсил, аз даст додани қобилияти корӣ, маъюбони гурӯҳи 1, 2, 3, ятимони кулл, бесаробон мондани оила, даъват ба хизмати ҳарбӣ, рухсатии ҳомиладорӣ ва нигоҳубини тифл) ба ҷойи кор ҳозир нашудан, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ мутахассиси ҷавон аз баргардонидани маблағҳои буҷетӣ озод карда мешавад.
6. Мутахассисони ҷавоне, ки баъди анҷоми таҳсил бо дар назар доштани қарори комиссияи тақсимоти хатмкунандагон ва роҳхати мақомоти дахлдор ба ҷойи кор ҳозир мешаванд ва дар давраи фаъолияташон ба рухсатии ҳомиладорӣ мебароянд ва ё ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд, давраи мазкур ба фаъолияти ҳатмии 3-солаи онҳо ворид мегардад.
7. Шахсоне, ки ба муассисаҳои таълимӣ тибқи тақсимоти комиссия ва шартнома (байни донишҷӯ ва муассисаи таълимӣ) барои идомаи таҳсил роҳхат мегиранд, баъди анҷоми таҳсил уҳдадоранд, ки мувофиқи роҳхати мақомоти дахлдор на камтар аз 3 сол аз рӯи ихтисос фаъолият намоянд.
8. Мутахассисоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро тибқи квотаи президентӣ хатм мекунанд, дар асоси роҳхат аз рӯи ихтисос на камтар аз 3 сол кор мекунанд. Дар сурати риоя накардани талаботи мазкур, бо асосҳои пешбининамудаи муқаррароти банди 4 Тартиби мазкур маблағҳо баргардонида мешаванд.
9. Мутахассисоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишварро дар асоси роҳхати мақоми ваколатдор оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷа бо дархости вазорату идораҳои дахлдор тибқи стипендияи байналмиллалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон" хатм намудаанд, уҳдадоранд, ки 5 сол дар вазорату идораҳои дахлдор аз рӯи ихтисос кор кунанд. Дар сурати риоя накардани ин талабот бо асосҳои пешбининамудаи муқаррароти банди 4 Тартиби мазкур маблағҳо баргардонида мешаванд.
10. Вазорату идораҳои дахлдор барои ба ҷойи кор таъмин намудани хатмкардагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии хориҷи кишвар бо ихтисосҳои бозорталаб уҳдадоранд, ҳамасола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
Вазорату идораҳое, ки ба мақоми ваколатдор оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷа дархост пешниҳод намудаанд, дар мавриди бесабаб бо кор таъмин накардани мутахассисон, тамоми хароҷоти вобаста ба таҳсили мутахассиси ҷавон сарфшударо ба буҷети давлат бармегардонанд.
11. Донишҷӯёне, ки бо сабабҳои вайрон кардани интизом, қарзҳои академӣ, дарсшиканӣ ва дигар сабабҳои ғайриузрнок аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда шудаанд ё аз таҳсил даст кашидаанд, маблағҳои барои тайёрӣ ва таҳсили онҳо дар хориҷи кишвар харҷшударо дар асоси шартнома бармегардонанд.
12. Корхонаю муассиса ва дигар ташкилот, сарфи назар аз шакли моликият, ки бо муассисаи таълимӣ шартнома дар бораи ба кор қабул намудани мутахассисони ҷавонро бастаанд ва уҳдадории худро оид ба таъмини мутахассисони ҷавон бо ҷойи кор тибқи роҳхат иҷро накардаанд, ҳамаи маблағеро, ки давлат барои таҳсили мутахассиси ҷавон харҷ намудааст, ба буҷети давлат бармегардонанд. Бесабаб рад намудани қабули роҳхат аз ҷониби корхонаю муассиса ва дигар ташкилот аз ҷониби мақомоти дахлдор мавриди санҷиш қарор дода мешавад.
13. Баргардонидани маблағҳои буҷети бо тартиби зерин сурат мегирад:
- бо асосҳои пешбининамудаи банди 4 Тартиби мазкур/муассисаи таълимӣ уҳдадор аст баргардонидани маблағҳоеро, ки барои тайёр кардани мутахассиси ҷавон харҷ гардидааст, талаб намояд;
- маблағҳои баргардонидашуда аз ҷониби муассисаи таълимӣ ба суратҳисоби ягонаи қисми даромади буҷети ҷумҳуриявӣ ё маҳаллӣ (вобаста аз сарчашмаи маблағгузории муассисаҳои таълимӣ) тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва мақомоти ваколадори давлатӣ дар соҳаи молия ба хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад;
- ба мутахассисони ҷавоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро аз ҳисоби буҷети давлатӣ хатм намудаанд ва бо хоҳиши худ маблағи барои таҳсил харҷшударо ихтиёран бармегардонанд, ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот (диплом) дода мешавад;
- дар сурати барнагардонидани маблағҳои харҷшуда, ин маблағҳо дар асоси муроҷиати муассисаи таълимӣ ба тариқи судӣ рӯёнида мешаванд.
14. Бе пардохти маблағ ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот (диплом) ба мутахассиси ҷавон дар ҳолатҳои пешбининамудаи банди 4 Тартиби мазкур дода намешавад.
15. Ҳаҷми маблағи пардохтшаванда аз ҷониби муассисаи таълимӣ бо дар назар доштани маблағҳои буҷетӣ ва шартномавии муассиса ба ҳисоби миёна ба ҳар як донишҷӯ дар як сол муайян карда мешавад. Ҳангоми муайян намудани маблағи солона сатҳи таваррум тибқи маълумоти расмӣ ба назар гирифта мешавад.
16. Дар ҳолати аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ва муассисаи таълимӣ ба кор таъмин накардани мутахассиси ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намудааст, мутахассиси ҷавон аз баргардонидани маблағ ба буҷет озод гардида, муассисаи таълимӣ ба мутахассиси ҷавон ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот (диплом)-ро медиҳад.
17. Муассисаҳои таълимие, ки имкони тариқи роҳхат ба кор таъмин кардани мутахассисони ҷавонро надоранд, уҳдадоранд, ки онҳоро бо ҳуҷҷати таҳсилот (диплом) таъмин намоянд.