Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, № 32
Мутобиқи моддаи 56 Қонунн Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарормекунад:
Ба Тартиби истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ, паҳн намудани онҳо, инчунин назорати субъектҳои бачопрасонандаи ин гуна маҳсулоти чопӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли соли 2017, № 32 "Дар бораи Тартиби истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ, паҳн намудани онҳо, инчунин назорати субъектҳои бачопрасонандаи ин гуна маҳсулоти чопӣ" тасдиқ гардидааст, иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар эзоҳи замимаи 1 "Номгӯи ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгириву ҳисоботи қатъие, ки аз ҷониби субъектҳои бачопрасонандаи ин гуна маҳсулоти чопӣ истеҳсол мешаванд" калима ва рақамҳои ", 14 ва 15" ба калима ва рақами "ва 14" иваз карда шуда, ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои дар бандҳои 67, 68, 69, 70, 88, 93, 115 ва 116 пешбинишударо истеҳсол менамояд.";
- ба замимаи 2 "Номгӯи субъектҳои бачопрасонандаи ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ" банди 4 бо мазмуни зерин инова карда шавад:
"4. Матбааи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 майи соли 2019 № 236
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 25 января 2017 года, №32
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах"Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Внести в Порядок производства документов и бланков строгого учёта и отчётности, их распространения, а также контроля субъектов, производящих такую печатную продукцию, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 25 января 2017 года, №32 "О Порядке производства документов и бланков строгого учета и отчетности, их распространение, а также контроль субъектов, производящих такую печатную продукцию" следующие дополнения:
- в примечании приложения 1 "Перечень документов и бланков строгого учёта и отчётности, издаваемые субъектами, производящими такую печатную продукцию"слово и цифры ", 14 и 15"заменить словом и цифрой "и 14" и дополнить вторым предложением следующего содержания: "Министерство финансов Республики Таджикистан в рамках своих полномочий производит, документы и бланки, предусмотренные пунктами 67, 68, 69, 70, 88, 93,115 и 116.,;
- приложение 2 "Перечень субъектов, производящих документы и бланки строгого учёта и отчётности" дополнить пунктом 4 следующего содержания:
"4. Типография Министерства финансов Республики Таджикистан".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 2 мая 2019 года, №236