Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019 № 229 Дар бораи ба ихтиёри муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон" гузаронидани муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара" ва дар сохтори он таъсис додани муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ба ихтиёри муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон" гузаронидани муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара" ва дар сохтори он таъсис додани муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик"

Мутобиқи моддаҳои 58, 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва бо мақсади беҳтар намудани таъмини муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои кишвар бо мутахассисони дорои таҳсилоти миёна ва олии касбии тиббӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара" ба сохтори муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон" гузаронида шуда, муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара" номгузорӣ гардад.

2. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик" таъсис дода шавад.

3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқиии муассисаҳои мазкурро ҳал намояд.

4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва буҷети ҷумҳуриявӣ ба фоидаи буҷети ҷумҳуриявӣ ҳисоббаробаркунии байниҳамдигарӣ гузаронида, маблағгузории муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара" ва муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик"-ро дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети соли 2019 ва солҳои минбаъда таъмин намояд.

5. Дар сархати шасту панҷуми замимаи 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 148 "Дар бораи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара" ба калимаҳои "Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара" иваз карда, сархати шасту шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик".

5. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 майи соли 2019 № 229

ш.Душанбе