Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
26 октябри соли 2018 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 728 "а"
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
ҚАРОР
аз 25 июни соли 2018 № 307 шаҳраки Балх
Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
070.030.030
Дар асоси моддаҳои 8, 9 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", моддаҳои 6, 262, 309 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 26, 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама" ва моддаи 81 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" ва бо назардошти таклифи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба масъалаҳои буҷет, савдо, нарх, хизматрасонӣ ва меҳнат, Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, даъвати панҷум
қ а р о р м е к у н а д:
1. Андоз аз воситаҳои нақлиёт, аз молу мулки ғайриманқул, аз ҷумла андози замин ва андоз аз объектҳои ғайриманқул мутобиқи бобҳои 40 ва 41 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шаванд.
2. Дар ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ меъёри андоз аз бизнеси бозӣ барои як воҳиди объекти андозбандии бақайдгирифташуда дар як моҳ тибқи ҷадвал, мутобиқи замимаи №1 муайян карда шавад.
3. Меъёри пардохтҳои ҳатмӣ барои ҷойгиркунии рекламаҳои берунии корхонаю муассисаҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ дар гардишгоҳҳои роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва маҳалҳои аҳолинишини ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар як моҳ тибқи ҷадвал, мутобиқи замимаи №2 муқаррар карда шавад.
4. Ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва Нозироти андоз дар ноҳия супориш дода шавад, ки:
-азнавбаҳисобгирии рекламаҳои мавҷударо анҷом дода, ҷойгиркунии минбаъдаи рекламаҳои беруниро тибқи қонунҳо ва қарорҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд;
-ситонидани андозҳои муқарраргардидаро нисбат ба ҷойгиркунии рекламаҳои берунӣ вобаста ба коэффитсентҳои танзимкунанда ба роҳ монанд.
5. Қарори мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
6. Қарори мазкур пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
7. Қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аз 15 декабри соли 2014, №347 "Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 апрели соли 2014, №728 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст" аз эътибор соқит дониста шавад.
8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба масъалаҳои буҷет, савдо, нарх, хизматрасонӣ ва меҳнат ва Нозироти андози ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вогузор карда шавад.
Раиси
Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи
Ҷалолиддини Балхӣ Убайдуллои Файзулло
Замима
Зарегистрировано
Министерством юстиции Республики Таджикистан
от 26 октября 2018 года, регистрационный номер 728 "а"
РЕСПУБЛИКА ТАДЖИКИСТАН ХАТЛОНСКАЯ ОБЛАСТЬ МАДЖЛИС НАРОДНЫХ ДЕПУТАТОВ РАЙОНА ДЖАЛОЛИДДИНА БАЛХИ
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об установлении нормы налогов и местных платежей в районе Джалолиддина Балхи 070.030.030
На основании статей 8, 9 Конституционного закона Республики Таджикистан "О местных органах государственной власти", статей 26, 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актов", статьи 14 Закона Республики Таджикистан "О рекламе", 81 статьи Закона Республики Таджикистан "О других обязательных оплат бюджету", статей 6, 262, 309 Налогового кодекса Республики Таджикистан и учитывая предложения постоянной комиссии Маджлиса народных депутатов района Джалолиддина Балхи по вопросам бюджета, торговли, расценки, обслуживания и труда, Маджлис народных депутатов района Джалолиддина Балхи
п о с т а н о в л я е т:
1. Налог на транспортные средства, недвижимое имущество, в том числе земельный налог и налог на объекты недвижимости установить согласно главам 40 и 41 Налогового кодекса Республики Таджикистан.
2. На территории района Джалолиддина Балхи нормы налога на игорный бизнес с каждой единицы регистрированных объектов налогообложения в месяц определить согласно прилагаемой таблицы (приложение №1).
3. Нормы обязательных оплат для размещения наружной рекламы учреждений и предприятий, частных предпринимателей и других хозяйственных субъектов на перекрёстках автомобильных дорог общего пользования и населённых пунктов территории района Джалолиддина Балхи в месяц, установить согласно прилагаемой таблицы (приложение №2).
4. Поручить местному исполнительному органу государственной власти района Джалолиддина Балхи и налоговой инспекции района выполнять следующее:
- закончить инвентаризации действующих реклам и установить размещение наружной рекламы в соответствии с действующими законами и постановлениями Республики Таджикистан;
- взыскать установленные налоги по отношению к размещениям наружной рекламы согласно регулирующим коэффициентам;
5. Предоставить настоящее постановление для регистрации в Министерство юстиции Республики Таджикистан.
6. Настоящее постановление ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликовании.
7. Постановление Маджлиса народных депутатов района Джалолиддина Руми от 15 декабри 2014 года, №347 "Об установлении норм местных налогов и обязательных платежей в районе Джалолиддина Руми, которое проходило государственную регистрацию в Министерстве юстиции Республики Таджикистан от 4 апреля 2014 года, №728" считать утратившими силу.
8. Контроль за выполнением настоящего постановления возлагается на постоянную комиссию Маджлиса народных депутатов района Джалолиддина Балхи по вопросам бюджета, торговли, расценки, обслуживания и труда и налоговую инспекцию района Джалолиддина Балхи.
Председатель
Маджлиса народных депутатов
района Джалолиддина Балхи Убайдулло Файзулло
городок Балх, от 25 июня 2018 года, №307