ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 январи соли 2019, № 1268
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 марти соли 2019, № 630
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010 "Дар бораи амнияти озуқаворӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №12, қ.1, мод. 830; с. 2014, №11, мод.667) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- дар сархати дуюм калимаҳои "иқтисодӣ, ташкилӣ" ба калимаҳои "сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ, техникӣ, иттилоотӣ" иваз карда шаванд;
- сархати сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- озуқаи ҳаётан муҳим - озуқае, ки аз рӯи таркиб ва ҳаҷм асоси меъёри ғизои аҳолии кишварро ташкил медиҳад;";
- дар сархати чорум калимаҳои "муносиби" ва "асосноки" мувофиқан ба калимаҳои "физиологии" ва "асоснок ва аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқшудаи" иваз карда шаванд;
- дар сархати панҷум калимаҳои "муносиби", "қаламрав" ва "қаламрави" мувофиқан ба калимаҳои "физиологии", "ҳудуд" ва "ҳудуди" иваз карда шаванд;
- дар сархати нуҳум калимаи "муносиби" ба калимаи "физиологии" иваз карда шавад;
- сархати даҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- захираи давлатии озуқа - қисми таркибии захираи моддии давлатӣ, ки бо мақсади пешгирии буҳрони озуқаворӣ ва (ё) бартараф кардани оқибатҳои он барои истифода аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул дода мешавад.".
2. Дар сархатҳои дуюм, панҷум ва ҳафтуми моддаи 1, сархатҳои якум, дуюм ва ҳафтуми қисми 2 моддаи 3, қисми 1 моддаи 5, сархатҳои чорум ва нуҳуми моддаи 6, қисми 1, сархатҳои якум ва дуюми қисми 3 моддаи 13 калимаҳои "озуқаи асосӣ" ба калимаҳои "озуқаи ҳаётан муҳим" иваз карда шаванд.
3. Аз матни моддаи 2 ва қисми 2 моддаи 15 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
4. Дар моддаи 3:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Амният ва истиқлолияти озуқаворӣ бо роҳи муҳайё намудани кафолати дастрасии озуқа ба аҳолӣ аз ҳисоби маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи меъёрҳои физиологии истеъмоли озуқа тавассути амалигардонии маҷмӯи тадбирҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ таъмин карда мешаванд.";
- дар қисми 2:
- сархатҳои сеюм ва чорум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"- таъмини сатҳи зарурии истеҳсоли озуқа ва ташаккули захираи давлатии озуқа, новобаста ба таъсири манфии омилҳои дохилӣ ва беруна;
- ташкили низоми идоракунии бахши кишоварзӣ, нигоҳдорӣ ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли озуқаи рақобатпазир ва ба содирот нигаронидашуда;";
- дар сархати панҷум калимаҳои "ҷоннок намудани" ба калимаи "рушди" иваз карда шаванд;
- дар сархати нуҳум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;
- сархатҳои даҳум, ёздаҳум ва дувоздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- амалӣ намудани назорати давлатии бозори озуқа, аз ҷумла баҳисобгирӣ ва назорати истеҳсол, таҳвили дохилию берунӣ ва ташаккули захираи озуқа;
- таъмини рушди бозори озуқа ва бартараф намудани монеаҳои савдои байниминтақавӣ, аз ҷумла дар хариди маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқа барои ташкилотҳои буҷетӣ;
- ташаккули низоми дастрасии озуқа ба гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ.".
5. Дар моддаи 6:
- дар сархати сеюм калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад;
- дар сархати шашум калимаи "озуқа," ба калимаҳои "озуқаи ҳаётан муҳим, инчунин" иваз карда шавад;

"- амалӣ намудани салоҳиятҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.".
6. Дар моддаи 7:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ";
- матни модда қисми якум ҳисобида шуда, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқавориро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад ва фаъолияти онҳоро ҳамоҳанг месозад.";
- қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"2. Ба ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ дохил мешаванд:
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тартиби ташаккулёбии номгӯй ва ҳаҷми захираи зарурии камнашавандаи озуқа;
- амалӣ намудани фаъолият дар самти таъмини бехатарии озуқа;
- таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани низоми чорабиниҳо оид ба дастрасии озуқа ба гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ;
- мусоидат ба рушди инфрасохтори бозори дохилии маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқа;
- дар шароити буҳрони озуқаворӣ ва таҳдиди он пешниҳод намудани таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муайян намудани меъёри тақсими озуқаи ҳаётан муҳим;
- якҷоя бо мақомоти дахлдори давлатӣ муайян намудани нархҳои кафолатноки хариди маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқа барои захираи давлатии озуқа;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.".
7. Дар номи моддаи 8 калимаи "Ваколати" ба калимаи "Ваколатҳои" иваз карда шавад.
8. Дар қисми 1 моддаи 10, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 13 калимаи "мақоми" ба калимаи "мақомоти" иваз карда шавад.
9. Дар моддаи 11:

"Моддаи 11. Захираи давлатии озуқа".
- дар қисми 1 калимаи "давлатӣ" ба калимаҳои "давлатии озуқа" иваз карда шавад;
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Захираи давлатии озуқа иборат аст аз:
- фонди захиравии озуқа;
- маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқаи дар доираи ҷойгиронии фармоиши давлатӣ харидашуда;
- маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқаи дар гардиш қарордошта.".
10. Дар моддаи 14:
- ба ном ва қисми 1 пас аз калимаи "озуқа" калимаҳои "барои истеъмол" илова карда шуда, калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад;
- дар қисми 2 калимаҳои "бехатарӣ ва сифати хӯрокворӣ" ва "салоҳияташон" мувофиқан ба калимаҳои "таъмини бехатарии озуқа барои истеъмол ва сифати он" ва "ваколатҳояшон" иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаҳои "ворид кардашуда" ба калимаи "воридшаванда" иваз карда шаванд.
11. Дар қисми 1 моддаи 15 калимаи "давлат" ба калимаи "аҳолӣ" иваз карда шавад.
12. Дар моддаи 16:
- дар матни модда калимаи "давлат" ба калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад;
- дар сархати якум калимаҳои "асосии давлат" ба калимаҳои "ҳаётан муҳим" иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюм калимаҳои "озуқаи ба бозори давлат" ва "меъёрӣ" мувофиқан ба калимаҳои "озуқаи ҳаётан муҳими ба бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "меъёрҳои физиологӣ" иваз карда шаванд;
- дар сархати сеюм калимаҳои "истеъмолии давлат" ва "аҳолии давлат" мувофиқан ба калимаҳои "дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "аҳолӣ" иваз карда шаванд.
13. Моддаи 17 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 17. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 4 апрели соли 2019, № 1591