Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019 № 94 "Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021

Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон" ва бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон, инчунин фароҳам овардани шароити иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилӣ барои рушди иҷтимоии ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 ва нақшаи маблағгузории чорабиниҳои он тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20192021 муайян гашта, ҳамзамон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалисозии барномаи мазкур дар доираи маблағҳои пешбинишуда тадбирҳои зарурӣ андешад.

3. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо дар асоси барномаи мазкур барномаҳои маҳаллии рушди иҷтимоии ҷавононро дар доираи имкониятҳои воқеии буҷети маҳаллӣ таҳия намуда, тибқи тартиби муқарраргардида иҷрои онҳоро таъмин намоянд.

4. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои амалишавии барнома ҳар сол то охири моҳи декабр ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 марти соли 2019, № 94

ш.Душанбе