Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "1" марти соли 2019, № 94
тасдиқ шудааст
Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021
1. Муқаррароти умумӣ
1. Барномасозии муносибатҳо дар самти амалишавии сиёсати давлатии ҷавонон тақозои ислоҳот ва таҳкими низоми идоракунӣ буда, ба ҳайси воситаи мунтазами амалисозандаи маҷмӯи чорабиниҳои соҳа, баҳри беҳгардонии вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва фаъолнокии сиёсии ҷавонон дар шароити ҷомеаи муосир, инчунин таҳкими заминаҳои ниҳодии соҳа равона гардидааст.
2. Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми соли 2017 худ иброз намуданд, ки "Ғамхории давлату Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд".
3. Дар муддати 27 соли соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа ва таъмини иштироки онҳо дар тамоми самтҳои ҳаётан муҳимми иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии мамлакат тадбирҳои заминасоз андешид.
4. Дар ин муддат бо таваҷҷуҳи хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавонон ба сифати соҳаи афзалиятнок дар рушди сиёсати иҷтимоии давлат муқаррар гардида, баҳри ҳал намудани масъалаҳои муҳимми ҳаётӣ, худташаккулёбӣ ва худамалигардии насли ҷавон дар шароити ҷомеаи муосир теъдоди муайяни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон", "Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ", Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон, дар панҷ марҳила (байни солҳои 1999 - 2012), Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ду марҳила (солҳои 2006 - 2013), Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ду марҳила (солҳои 2006 - 2013), Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ду марҳила (аз соли 2013) қабул ва амалӣ гардиданд.
5. Дар заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкур тадбирҳои зиёд амалӣ ва роҳандозӣ гардида, дар байни ҷавонон мунтазам чорабиниҳои гуногуни дорои хусусияти ғоявию тарбиявӣ ва омӯзишӣ, иттилоотӣ ва маънавӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, минтақавӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ амалӣ гардонида мешаванд.
6. Ҳамин тариқ, барномаи мазкур ҳамчун воситаи амалӣ бо идомаи мантиқии низоми барномасозии сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб меравад, ки ба дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос ёфта, бо тақозои ҷомеаи муосир, раванди ислоҳоти идоракунии давлатӣ ва бо дар назар доштани натиҷагирӣ ва нақшаҳои дар ҷараёни фаъолият муқарраргашта таҳия гардидааст ва татбиқи он ба роҳандозии сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва амалисозии рукнҳои сиёсати давлатии ҷавонон дар марҳилаи навбатӣ мусоидат менамояд.
2. Таҳлили вазъият
7. Таҳлилҳои дар боло овардашуда муҳимияти татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро асоснок менамоянд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ба муътадил нигоҳ доштани вазъи демографии (мардумнигории) аҳолӣ мусоидат менамояд. Дар робита ба ин, вазъи ҷавонон ва амалишавии сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯи соҳаҳои афзалиятнок зимни таҳлил қарор дода мешавад.
8. Яке аз самтҳои сиёсати давлатии ҷавонон ин иштироки онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мебошад. Тибқи таҳлилҳои Кумитаи омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Хазинаи нуфузи Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи аҳолӣ кишвари дорои аҳолии ҷавонтарини ҷаҳон муайян шудааст. Синну соли миёнаи аҳолӣ имрӯз 25 солро ташкил медиҳад ва сатҳи таваллуд ҳамасола ба ҳисоби миёна то 2,2 фоиз афзоиш дорад.
Мувофиқи таҳлилҳо аз шумораи умумии аҳолӣ 32,9 фоизро ҷавонони 14 - 30 сола ташкил медиҳанд, ки ин амалисозии чораҳои зиёдро баҳри таълиму тарбияи насли ҷавон дар ҷомеа тақозо мекунад.
Давоми 17 сол шумораи ҷавонон то 33 фоиз зиёд гардидааст ва ба ҳисоби миёна он ҳамасола 1,9 фоиз афзоиш меёбад.
Бо дар назар доштани ин барои суботу пойдории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нигоҳ доштани вазъи муътадили демографии (мардумнигории) аҳолӣ, аз ҷумла синну соли миёнаи аҳолӣ зарур аст, ки чораҳои мушаххас ва бонизом дар байни насли ҷавони аҳолӣ ҷиҳати расидан ба мақсадҳои пешгузошта мусоидат карда шавад.
9. Самти дигари афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон ин шуғлнокии пурмаҳсули онҳо мебошад. Ба шуғли муносиб фаро гирифтани ҷавонон, махсусан ҷавонони деҳот ин мусоидат ба раҳонидани ҷомеа аз буҳрони иқтисодӣ, таҳкими заминаҳои иҷтимоию маънавӣ ба ҳисоб рафта, ҳамзамон ба раванди рушди сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суръат мебахшад.
Мувофиқи омори сиёсати давлатии ҷавонон наздики 76 фоизи қувваи корӣ ба ҷавонон рост меояд. Аз рӯи натиҷаҳои тадқиқоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 коҳиши ҳиссаи ҷавонони синни 15-29 нисбат ба шумораи умумии машғулин ҷой дорад, илова бар ин, ҳиссаи аҳолии машғули калонсол (30-75-сола) ҳамасола зиёд шуда истодааст (соли 2004-56,3 фоиз, соли 2016-68,9 фоиз), ки боиси ташвиш мебошад.
Ҳамин тариқ, шумораи ҷавонони 15-29-сола, ки ба шуғли дахлдор фаро гирифта нашудаанд, зиёд ба назар расида, ин қишри ҷомеа ҳамчун гурӯҳи осебпазир арзёбӣ мегардад ва баҳри ба шуғли муносиб фаро гирифтани онҳо андешидани тадбирҳои бетаъхир зарур аст.
Шумораи бекорон, тибқи омори расмӣ, дар соли 2010 59669 нафарро ташкил дода, дар соли 2016 ин нишондиҳанда то 23 фоиз боло рафта, 46 фоизи он ба ҷавонони 15-29 сола рост меояд. Яъне вазъи бекорӣ бештар ба ҷавонон таҳдид мекунад ва нигаронкунанда он аст, ки вазъият дар солҳои 2014 - 2016 қариб, ки бетағйир мондааст.
Мантиқан дар сурати 1,7 фоиз (ба ҳисоби миёна, ҳамасола) афзоиш ёфтани ҷавонон бояд ҷойҳои нави корӣ низ бо ҳамин ҳисса/андоза тағйир ёбад. Ҳамзамон ҳамасола бояд на кам аз 300 000 ҷойи кори нав ташкил карда шуда, ҷавонон бо ҷойҳои кори доимӣ фаро гирифта шаванд.
Аз рӯи натиҷаи таҳлилҳо маълум гардид, ки ҳиссаи ҷавонон дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат нисбат ба дигар қишри аҳолӣ бартарӣ дорад ва зарурати фароҳам овардани имкониятҳои баробар расидааст.
10. Таъмини тарзи ҳаёти солим низ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб меёбад. Бемориҳои сирояткунанда, аз қабили вируси норасоии масунияти одам, бемории пайдо шудани норасоии масуният, нашъамандӣ, сил ва дигар бемориҳои махсусан хавфнок дар шароити ҷаҳонишавӣ наврасону ҷавононро зери таҳдиди шадид қарор додааст.
Мувофиқи маълумоти расмӣ теъдоди беморон дар соли 2016 ба 1,7 миллион нафар расида, ҳар сол то 8 фоиз тамоюли зиёдшавӣ, бахусус дар байни ҷавонон мушоҳида мегардад.
Дар соли 2017 шумораи ҷавонони гирифтори бемории сироятӣ дар ҷумҳурӣ ба 6947 нафар, аз ин шумора 5231 мард ва 2478 зан расидааст. Танҳо солҳои 2016 ва 2017, 657 ҷавон мубталои бемории вируси норасоии масуният гардидаанд. Ҳамчунин маълум гардид, ки дар соли 2017 - 962 нафар (аз ҷумла 330 духтарон) мубталои бемории вируси норасоии масуният, бемориҳои сироятии ҷинсӣ, сил, нашъамандӣ ва дигар бемориҳои махсусан хавфнок шудаанд.
11. Дар самти афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон дастрасии таҳсилот барои ҷавонон муҳим арзёбӣ мегардад. Фароҳам овардани заминаи мусоид барои таълиму тарбияи ҷавонон ва омода намудани кадрҳои аз лиҳози зеҳнӣ ташаккулёфта дар ҷаҳони муосир масъалаи муҳиму калидӣ ба ҳисоб меравад.
Мувофиқи маълумоти расмӣ дар соли 2018 шумораи муассисаҳои таълимӣ дар кишвар ба 3869 расид ва дар он 2,2 миллион ҷавонон (аз 14 боло) ба таълим фаро гирифта шудаанд. Инчунин тибқи талаботи қонунгузорӣ ин гурӯҳи иҷтимоӣ дар баробари таълим эҳтиёҷ ба тарбияи идеологӣ, омодагардӣ ба ҳаёти мустақил ва пайдо кардани иқтидорнокӣ барои тобовар будан бо тазодҳои ҷомеаи муосирро доранд, ки масъулияти асосии соҳаи кор бо ҷавонон мебошад.
Тибқи таҳлилу мушоҳидаҳо дар ҳолати имрӯза муқаррароти низоми таҳсил ба талаботи бозори меҳнат мувофиқат намекунад ва дар натиҷа ҳамасола ҳазорон нафар ҷавонон пас аз хатми муассисаҳои таълимӣ наметавонанд ба ҷойи корӣ таъмин гарданд. Мисол, танҳо дар соли 2015 аз шумораи умумии хатмкунандагон 31 000 мақоми бекорӣ гирифтанд, аз ҷумла бо таҳсилоти олии касбӣ8,7 фоиз, бо таҳсилоти миёнаи нопурра - 16,7 фоиз, бо таҳсилоти миёнаи умумӣ - 51,2 фоиз ва бо таҳсилоти миёнаи махсус (касбӣ) - 62 фоиз. Барои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда бояд, ки ҷавононро барои идома додани омӯзиш ва интихоби дурусти касбу ҳунар роҳнамоӣ намуд. Инчунин мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат онҳоро бояд ба таҳсилоти иловагӣ ва маҳфилу курсҳои омӯзишӣ фаро гирифта, бо роҳҳои ҳавасмандгардонӣ (стипендияҳо, ҷоизаю лоиҳаҳои навоварӣ) фаъол гардонид.
Дар ҳамин росто ташкили чорабиниҳои маҷмӯӣ дар самти бо малакаҳои зарурии ҳаётӣ фаро гирифтани ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи масъулиятнокии (салоҳиятнокии) онҳо мутобиқ ба талаботи ҷомеаи муосир мувофиқ арзёбӣ мегардад.
12. Таъминоти иҷтимоии ҷавонон низ аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб меёбад. Дастгирии ҷавонони ятиму аз оилаҳои камбизоат, бекору имконияташон маҳдуд ва маъюб ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон муқаррар гардидааст ва ин қишри осебпазир, пеш аз ҳама, ба дастгирии давлатӣ ниёз дорад.
Мутобиқи омори сиёсати давлатии ҷавонон соли 2017 дар маҷмӯъ шумораи ин гурӯҳи осебпазир ба 157 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин танҳо шахсони маъюби то синни 18 24,8 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.
Бо дар назар доштани имкониятҳои мавҷуда ва ҷалби дигар сарчашмаҳо дар соли 2017 аз шумораи умумии эҳтиёҷмандон ба 23883 ҷавони эҳтиёҷманд (13 фоиз) имконпазир гардид, ки кумаки моддӣ, молиявӣ ва маишӣ гиранд.
Дар ин росто тақвият бахшидани корҳо баҳри болидарӯҳӣ, беҳгардонии малакаҳои касбӣ, ҳаётӣ, омодасозӣ ба ҳаёти мустақили иқтисодӣ ва андешидани дигар тадбирҳои муносиб нисбат ба ин қишри осебпазир ва дастнигари иқтисодию иҷтимоӣ ва маънавию ҳуқуқии ҷавонон муҳим аст.
13. Таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон дар доираи сиёсати давлатии ҷавонон амалӣ карда мешавад. Пеш бурдани корҳои хусусияти тарбиявию маънавидошта дар байни наврасону ҷавонон, ба шуғл фаро гирифтан, мусоидат дар таъмини адолати ҳуқуқии онҳо ва фароҳам овардани шароити муътадили иҷтимоӣ ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз рафтору амалҳои номатлуб ҳамчун масъалаи марказии сиёсати давлатии ҷавонон дар шароити имрӯза боқӣ мемонад.
Дар соли 2017 тибқи омори расмӣ сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон 5286 ҳолатро ташкил додааст, ки аз ин шумора 706 ҳолат ба ҷавонзанон рост меояд. Зикр бояд кард, ки 4329 ҷиноят (3994 - писар ва 335 - духтар) аз ҷониби ҷавонони бекор содир гардидааст, ки он 81,9 фоизро ташкил медиҳад.
Масъалаи дигари нигаронкунанда, ин худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ дар байни наврасону ҷавонон ба ҳисоб меравад. Дар соли 2017 231 ҳолати худкушӣ ва сӯиқасд ба қайд гирифта шудааст ва ин тамоюли носолим, ки бештар хусусияти рӯҳиву равонӣ дорад, афзоиш ёфта истодааст.
14. Мустақилияти иқтисодии ҷавонон низ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Рушди бахши хусусӣ, махсусан беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, дар ин самт чораҳои мушаххас андешида мешаванд.
Таҳлили ҳайати синнусолии соҳибкорони инфиродӣ нишон медиҳад, ки аз 189 ҳазор субъекти фаъолияткунанда қариб 51 ҳазори онҳо ҷавонон мебошанд. Илова бар ин, солҳои охир дастгирии давлатии ҷавонони соҳибкор тадриҷан афзоиш ёфта, бо ин мақсад танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби ташкилотҳои қарздиҳии мамлакат ба соҳибкорони ҷавон беш аз 1,7 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст. Ҳукумати мамлакат низ ҷиҳати дастгирии фаъолияти соҳибкории онҳо як қатор имтиёзҳоро муайян кардааст.
Новобаста аз ин, сатҳи маълумотнокӣ ва иқтидори зеҳнии ҷомеа, бахусус ҷавонон вобаста ба имкониятҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла татбиқ ё истифодаи имтиёзҳо, истифодаи самараноки фановари (технология)-ҳои муосир ва навовар, инчунин муқаррароти қонунгузорӣ заиф арзёбӣ мегардад, чун ҳанӯз ҳам соҳибкорони ҷавон аз имкониятҳои фароҳамгардида самараноку мақсаднок истифода бурда наметавонанд ё бапуррагӣ намедонанд, ки чӣ гуна онҳоро истифода баранд.
15. Рушди маҳорату малакаҳои эҷодкорӣ ва ҳунармандии ҷавонон метавонад ҷиҳати ба камол расонидани ҷавонони бомаҳорату эҷодкор ва соҳибҳунар мусоидат карда, ҳамчун омили муҳими бартарафгардии маҷмӯи мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа саҳмгузор бошад.
Коршиносон яке аз механизмҳои рушди босуботи иқтисодиро дар фароҳам овардани шароиту имкониятҳои воқеӣ баҳри омода намудани ҷавонони эҷодкору ҳунарманд мебинанд, чунки захираи асосии иқтисодӣ ва меҳнатиро насли ҷавон ташкил медиҳад ва наздик ба 80 фоизи аҳолии фаъоли иқтисодии кишвар ҷавонон мебошанд. Аз нисф зиёди шаҳрвандони қобили меҳнат ба ҷавонон рост меояд ва ҳамасола зиёда аз 150 000 ҷавон ба бозори меҳнат мебароянд, ки мутаассифона на ҳамаи онҳо комёб мегарданд.
16. Ахлоқи ҳамида ва фарҳангдӯстии ҷавонон бо дар назар доштани бархурди тамаддунҳо, маданияту фарҳанг ва воридшавии расму оинҳои бегона тағйир ёфта, имрӯз ба ҳаёти ҷавонон таъсири манфии худро расонида истодааст. Таъсироти ин тамоюлро метавон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, хизматрасонӣ ва оилаҳо байни ду наслҷавонону калонсолон мушоҳида намуд, ки дар бисёр ҳолат эҳтирому муносибат, рафтору кирдор, фарҳанги либоспӯшӣ ва ғайра ба арзишҳои фарҳангии миллати тоҷик рост намеоянд.
Таъсири нохуби ин раванд ба ноустувории оилаҳо низ оварда мерасонад. Дар солҳои 2016-2017 аз шумораи умумии оилаҳои бунёдгардида 13 фоизи онҳо расман ҷудо гардидаанд.
Дар натиҷаи таҳлилҳои гузаронидашуда маълум гардид, ки 75 фоиз занони бадахлоқро (танфурӯш), тибқи омори расмӣ, ҷавонзанон ташкил медиҳанд ва ин рақам нисбат ба соли 2016 44 фоиз зиёд гардидааст. Вазъияти баамаломада ташкил ва баргузории чорабиниҳои тарбиявию ахлоқии таъсирбахшро дар байни ҷавонон тақозо менамояд.
Дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 2391 муассисаи фарҳангӣ, аз қабили китобхона, клуб, осорхона, театр ва марказҳои ҷавонон ба қайд гирифта шудаанд, ки дар қиёс ба шумораи ҷавонон хеле кам буда, на ҳамаи онҳо ба талаботи воқеии ҷавонон ҷиҳати таъмини ахлоқи ҳамида ва фарҳангдӯстию хештаншиносӣ ва ватандӯстии онҳо ҷавобгӯ мебошанд.
Вобаста ба ин самти афзалиятнок дар сатҳи ҷумҳурӣ фаъолнокии фаъолияти ҳаракатҳои гуногуни ҷавонон, ба монанди маҳфилҳои "Волонтёрӣ", "Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат", "Гирандагони стипендияҳои президентӣ" ва амсоли инҳо, инчунин баргузор намудани чорабиниҳои зиёди дорои хусусияти ахлоқию фарҳангдӯстӣ тақозо мегардад.
17. Ҷанбаҳои илмию амалӣ ва методӣ дар раванди амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон нақши муассир дорад. Низоми соҳаи кор бо ҷавонон дар қиёс ба талаботи ҷавонон ва ҷомеаи муосир ташаккул додани заминаи устувори рушдёбиро тақозо мекунад. Аз ҷумла фароҳам овардани шароиту имкониятҳои омодасозии мутахассисони касбӣ, дастгирии (идора намудани) корҳои илмию таҳқиқотии масъалаҳои татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди захираҳои инфрасохторӣ дар асоси муқаррароти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 хеле муҳим арзёбӣ мегарданд.
Имрӯз фаъолияти ташкилию амалии соҳа, асосан, бар асоси фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ, барномаҳои мақсадноки давлатии ҷавонон ва марказҳои ҷавонон ба роҳ монда шудааст, ки дар таносуб ба сарбории муқарраршуда такмил ва дастгирии иловагиро тақозо мекунад.
Дар шароити имрӯза ҳамагӣ 65 маркази ҷавонон бо шаклҳои гуногуни фаъолият ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора дар шакли корхонаи воҳиди давлатӣ 8-то, муассисаи давлатӣ 1-то, маҳфили маърифатию иттилоотӣ ва хайрхоҳона барои ҷавонон 20-то ва дар шакли маркази фарҳангии ҷавонон 36-то муқаррар гардидаанд, ки мутаассифона бо дар назар доштани мушкилоти молиявӣ ва кадрӣ қисми зиёди онҳо аз фаъолият бозмондаанд.
18. Ҳамин тариқ, амалишавии барномаи мазкур имкон медиҳад, ки мушкилоти боло то ҳадди муайян бартараф карда шаванд.
3. Заминаи меъёрии ҳуқуқии барнома
19. Заминаи меъёрии ҳуқуқии барнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон", Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006, №228 ва Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон то соли 2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, №480 тасдиқ шудаанд ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос меёбад.
4. Ҳадаф ва соҳаҳои афзалиятноки барнома
20. Ҳадафи асосии барнома ин фароҳам овардани шароити мусоид ва имкониятҳои фарох ҷиҳати иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа ва дар ин замина баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, таъмини онҳо бо таҳсилоти муносиб, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо, таҳкими фарҳанги оиладорӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва рушди маҳорату малакаҳои эҷодкорӣ ва ҳунармандии ҷавонон мебошад.
21. Соҳаҳои афзалиятноки барнома дар асоси афзалиятҳои сиёсати давлатии ҷавонон ва дар назар доштани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба таври зайл муқаррар мегарданд:
- иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат;
- шуғлнокии самарабахши ҷавонон;
- таъмини тарзи ҳаёти солими ҷавонон;
- дастрасии таҳсилот барои ҷавонон;
- таъминоти иҷтимоии ҷавонон;
- таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон;
- мустақилияти иқтисодии ҷавонон;
- рушди маҳорату малакаҳои эҷодкорӣ ва ҳунармандии ҷавонон;
- ахлоқи ҳамида ва фарҳангдӯстии ҷавонон;
- ҷанбаҳои илмию амалӣ ва раванди сиёсати давлатии ҷавонон.
5. Вазифаҳои барнома
22. Барои амалигардонии ҳадафҳои гузошташуда вазифаҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
- ташаккули заминаҳо барои рушди неруи кадрии ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон;
- таъмини иштироки фаъоли насли ҷавон дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ба ин васила тавсеаи имконоти амалии ҷавонон тавассути пешоҳангии фармоишоти иҷтимоии давлатӣ;
- мусоидат дар устуворгардонии шабакаи марказҳои ҷавонон дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва деҳот барои хизматрасонии маҷмӯӣ ба ҷавонон;
- ба таври мунтазам ҷалб намудани доираи васеи ҷавонон дар таҳия, ҳамоҳангсозӣ ва амалигардонии барномаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ҳаёту фаъолияти онҳо;
- пурзӯр намудани фаъолияти ҳаракатҳои ҷамъиятии ҷавонон ва тақвият бахшидани ҳамкории онҳо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- фаъолгардонии ҷамъиятии ҷавонон ба воситаи ташаккул ва рушди ҳаракати ихтиёрӣ дар кишвар;
- рушди имконоти ҷавонон ҷиҳати ба шуғл фаро гирифтани онҳо ва рақобатпазирӣ дар бозори меҳнат;
- ҳамоҳангии мақомоти давлатӣ бо ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо ҷиҳати ба кор фаро гирифтани ҷавонон, бахусус ятимон, ҷавонони имконияташон маҳдуд, ҷавонони аз маҳалли иҷрои ҷазо озодшуда ва шаҳрвандони ҷавоне, ки хизмати ҳарбиро адо кардаанд;
- рушди имконот дар самти таъмини таҳсили муосир, сифатнок, рақобатпазир барои ҷавонон ва ба ин васила ташаккули низоми тамоюлнокии касбии ҷавонон;
- фароҳам овардани шароитҳо ҷиҳати танзими муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон, аз ҷумла ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати минтақа ва таъмини рақобатпазирии қобилияти меҳнатии онҳо;
- мусоидат ҷиҳати беҳбудии вазъи иқтисодӣ, боло бурдани сатҳи даромадгирии ҷавонон ва оилаҳои ҷавон ба воситаи фаъолияти соҳибкорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва ё муқаррар кардани имтиёзҳо барои соҳибкорон, бахусус аз ҳисоби соҳибкорони дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда, инчунин ташкили коргоҳҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ барои ҷавонон;
- пешгирии бемориҳои махсусан хавфнок, аз қабили вируси норасоии масунияти одам, бемории пайдошудаи норасоии масуният, нашъамандӣ, сил ва бемориҳои сироятии ҷинсӣ дар байни ҷавонон;
- ташкили гурӯҳҳои сайёр дар самти пешгирии бемориҳои сироятӣ миёни ҷавонон;
- ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон вобаста ба ташаккули тарзи ҳаёти солим;
- ташкил ва ба роҳ мондани низоми ҷамъоварӣ ва нигоҳдории маълумот оид ба ҷавонон, аз ҷумла ҷавонон аз гурӯҳҳои осебпазир ва ташкили раванди пайгирии (мониторинги) мунтазами ҳаёту фаъолияти онҳо;
- таҳияи барномаи омӯзишии "Ҳамсол ба ҳамсол" дар самти ташаккули тарзи ҳаёти солими ҷавонон;
- фароҳам овардани шароит барои худтакмилдиҳии эҷодии миёни наврасону ҷавонон;
- тибқи тартиби қонунгузорӣ муқаррар намудани мукофотҳо, стипендияҳо, ҷоизаҳо ва кумакпулиҳо барои шаҳрвандони ҷавони эҷодкор ва соҳибистеъдод;
- ташкили шароиту имкониятҳо ҷиҳати таҳсилоти иловагии ҷавонон вобаста ба малакаҳои ҳаётӣ, аз қабили забономӯзӣ, дӯзандагӣ, кандакорӣ, қаннодӣ ва ғайра;
- мусоидат ба баланд бардоштани маърифатнокии ҷавонон тавассути ташаккул ва истифодаи усулҳои навтарин, ба монанди таҳсилоти фосилавию салоҳиятнок ва ғайра;
- дастгирии рушди фаъолияти ҳаракатҳои хонандагон ва донишҷӯён тавассути ташаккули ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва худфаъол;
- ҳавасмандгардонии ҷавонони ташаббускор ва сайқал додани рушди ҳаракатҳои волонтёрӣ дар ин самт;
- ташаккули низоми хизматрасонии иҷтимоӣ ва машваратӣ, васеъ гардонидани шабакаҳои хадамоти иҷтимоӣ барои фаъолият дар самти ташкили фароғат, гирифтани таҳсилот, ҳалли мушкилоти муошират дар оила, муасисаҳои таҳсилоти умумӣ, касбӣ ва олӣ, аҳли гурӯҳ (коллектив), интихоби тарзи ҳаёт ва мутобиқат ба ҷомеа;
- ба роҳ мондани давраҳои омӯзишӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона;
- ташкили роҳу усулҳои нави бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани ҷавонон бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ва усулҳои гуногуни ташкили бозори ҷойҳои кории холӣ;
- баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии ҷавонон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ, эмин будан аз шомилшавӣ ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, пешгирии бемориҳои сироятии ҷинсӣ, вируси норасоии масунияти одам, бемории пайдошудаи норасоии масуният, нашъамандӣ, сабру таҳаммулнокӣ аз алоқаҳои ҷинсии тасодуфӣ, нашъаҷаллобию ҳуқуқвайронкунӣ ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ;
- ташкили давраҳои омӯзишии миёнамуҳлат дар самти истифодаи дурусти сомонаҳои иҷтимоӣ, иттилооти навоварӣ ва барномасозӣ дар байни ҷавонон;
- баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии ҷавонон дар шароити ҷомеаи муосир;
- баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон дар самти танзим ва банақшагирии оила ва ба ин васила пешгирии ақди никоҳи барвақтӣ ва хешутаборӣ дар байни ҷавонон;
- пешгирии ақди никоҳи хешутаборӣ, гузаштан аз муоинаи ҳатмии тиббӣ пеш аз ақди никоҳ;
- мусоидат ба таъмини дастрасии таҳсилоти муносиб ба духтарон, оворагардон ва камбизоатон;
- омӯзиши малакаҳои муҳимми ҳаётӣ, навоварӣ (инноватсия), технологияҳои муосир, мутобиқ ба асри ХХI барои наврасон ва ҷавонон, аз ҷумла онҳое, ки ба гурӯҳҳои осебпазир дохил мешаванд;
- пешгирии ҳолатҳои номатлуби фоҳишагарӣ, одамрабоӣ ва амалҳои таблиғотии даъваткунанда ба содиркунии ҷиноят миёни ноболиғону ҷавонон;
- пешгирии поймолшавии манфиатҳои ҷавонон бо истифода аз роҳу усулҳои муосири муқовимат;
- таҳия ва ҷорисозии васоити муосири мубориза бо хурофотпарастӣ, тундгароӣ, терроризму экстремизм ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб дар байни ҷавонон;
- мусоидат ба коҳишёбӣ ва ё нигоҳдории муътадили сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон бо истифода аз усулҳои муосири амалисозии тадбирҳо;
- баланд бардоштани сатҳи маърифати иқтисодии ҷавонон ва ҳавасмандгардонии онҳо барои амалисозии барномаҳои гуногуни соҳибкорӣ;
- мусоидат ба ташкили хоҷагиҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ бо дастрасии қарзҳои бонкию давлатӣ;
- баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ваҳдатхоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ дар замири ҷавонон, тарғиби ҳисси худогоҳӣ ва шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ;
- ҳавасманд гардонидани ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳияи филмҳо ва барномаҳои театрӣ вобаста ба шароит ва тақозои ҷомеаи муосир;
- вусъат бахшидани ҳунарҳои мардумӣ тавассути дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонон дар ташкили коргоҳҳо ва бозомӯзии онҳо;
- мусоидат дар татбиқи босамари рушди ҳунарҳои миллӣ тавассути дастгирии молиявӣ ва пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни ҷавонон ва оилаҳои ҷавон, мутобиқ намудани риштаи ҳунари онҳо ба бозори меҳнат;
- ташкили давраҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ дар самти ҷалби ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин васила мусоидат дар муаррифии давлат дар сатҳи ҷаҳонӣ бо пешниҳоди армуғонҳои миллӣ;
- ҳавасмандгардонии ҷавонон тавассути таҳияи асарҳо, мақолаҳо (бахусус, дар матбуоти даврӣ), китобҳо ва намоиши филмҳои хусусияти таърихидошта, ба воситаи кинотеатрҳо барои онҳо;
- ташкил намудани барномаҳои гуногуни эҷодӣ аз ҳисоби ҷавонон ва ба ин васила мусоидат дар рушди санъати тоҷик;
- ба роҳ мондани маҳфилҳои илмию амалӣ, маърифатӣ, давраҳои омӯзишӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ дар кишвар ва ба ин васила ҷалби ҷавонон аз хориҷи кишвар дар чорабиниҳои бонуфуз бо мақсади муаррифии рушди босуботи кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ;
- баланд бардоштани фарҳанги маънавию сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва омӯзиши таърихи пурғановати миллати тоҷик;
- таҳия ва амалисозии барномаҳои гуногуни фарҳангӣ, ахлоқӣ, худшиносӣ, фароғатӣ ва бадеӣ дар байни ҷавонон дар шакли озмуну фестивалҳо;
- ташкили чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, дастгирӣ ва рушди барномаҳои консертии ҳунармандони ҷавон дар дохил ва хориҷи кишвар ва бар ин васила муаррифӣ намудани соҳаи санъати миллӣ;
- тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи пос доштани фарҳанги миллии либоспӯшӣ ва дур будан аз бегонапарастӣ;
- таҳия ва амалӣ гардонидани барномаҳои мактабӣ ва донишгоҳии фароғатӣ ва саёҳати наврасону ҷавонон ба мавзеъҳои таърихӣ, парлумони касбӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, осорхонаҳо, театрҳо, марказҳои ҷавонон ва ғайра;
- ташаккули заминаи илмию амалӣ ва иттилоотии сиёсати давлатии ҷавонон;
- тарбияи касбӣ, омодасозии кадрҳо ва роҳбарони ҷавон тавассути роҳандозӣ намудани давраҳои омӯзишӣ ва ба низоми муайян даровардани ташкили мунтазами онҳо;
- таҳкими воситаи ҳамоҳангсозӣ ва арзёбии соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон дар кишвар;
- ташаккули воситаи устувори имконоти иттилоотӣ, омори сиёсати давлатии ҷавонон ва махзани кадрҳои ҷавон;
- рушди имконот дар самти ҳавасмандгардонии давлатии олимон, муҳаққиқон ва соҳибистеъдодони ҷавон.
6. Механизми маблағгузории барнома
23. Ҳаҷми умумии маблағгузории Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20192021 10891000 (даҳ милиону ҳаштсаду наваду як ҳазор) сомониро ташкил дода, 8775000 (ҳашт миллиону ҳафсаду ҳафтоду панҷ) сомониаш аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 2116000 (ду миллиону яксаду шонздаҳ ҳазор) сомонии дигар аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ мегардад.
24. Ҳамин тавр, тақсимоти маблағгузории барнома вобаста ба самтҳои афзалиятнок тибқи нақшаи маблағгузории чорабиниҳои барнома амалӣ мегардад.
7. Воситаи ҳамоҳангсозии амалишавии барнома
25. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил, ҳамоҳангсозӣ, арзёбӣ ва назорати корҳоро оид ба амалишавии барнома амалӣ менамояд. Кумита тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот оид ба иҷрои барнома бо дар назар доштани вазъи иҷтимоию иқтисодии мавҷуда манзур намуда, истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошударо таъмин менамояд.
26. Идора намудани ҷараёни амалишавии барнома аз ҷониби гурӯҳи корӣ (комиссия) оид ба танзим ва ҳамоҳангсозии барнома, ки он бо фармоиши раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад, тибқи тартиби муқарраргардида сурат мегирад.
27. Ҳамоҳангсозӣ ва маблағгузории барнома дар сатҳи вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи имкониятҳои воқеӣ бевосита ба роҳ монда мешавад.
Амалишавии барнома дар сатҳи маҳалҳо бояд бо дар назар доштани ҳадафу соҳаҳои афзалиятнок ва нақшаи чорабиниҳои барнома мутобиқи шароити маҳал ва пешбинӣ намудани маблағгузории чорабиниҳои барнома таъмин карда шавад.
8. Натиҷаҳои барнома
28. Натиҷаҳои амалишавии барнома аз рӯи нишондиҳандаҳои муайянгардида барои андешидани чораҳои зерин равона гардидаанд:
- ташаккул ёфтани заминаҳо барои рушди ҷанбаҳои кадрии ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон;
- таъмини иштироки фаъоли насли ҷавон дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аз ҷиҳати сиёсӣ фаъол гардидани онҳо;
- пурзӯр гардидани фаъолияти ҳаракатҳои ҷамъиятии ҷавонон;
- рушд ёфтани имконоти ҷавонон ҷиҳати ба шуғл фаро гирифтан ва рақобатпазирии онҳо дар шароити бозори меҳнат;
- танзим гардонидани муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон, аз ҷумла ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ намудани қобилияти меҳнатии онҳо;
- эмин гардидани ҷавонон аз бемориҳои махсусан хавфнок, аз қабили вируси норасои масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масуният, нашъамандӣ ва бемориҳои сироятии ҷинсӣ;
- фароҳам овардани шароит барои худтатбиқнамоии эҷодии ҷавонон;
- омӯзонидани ҷавонон ба малакаҳои ҳаётӣ, аз қабили забономӯзӣ, дӯзандагӣ, кандакорӣ, қаннодӣ ва ғайра;
- бо хизматрасонии маҷмӯии иҷтимоӣ ва машваратӣ таъмин гардидани ҷавонон;
- фароҳам овардани шароит барои дастрасии ҷавонон ба ҷойҳои корӣ;
- баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии ҷавонон дар шароити ҷомеаи муосир дар самти танзим ва банақшагирии оила ва ба ин васила пешгирии ақди никоҳи барвақтӣ ва хешутаборӣ;
- таъмин гардидани ҳуқуқ ва манфиатҳои қисми муайяни ҷавонони аз гурӯҳҳои осебпазир бо истифода аз роҳу усулҳои муосири муқовимат;
- дур шудани қисми муайяни ҷавонон аз хурофотпарастӣ, тундгароӣ, терроризму экстремизм ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ;
- коҳиш ё муътадил гардидани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон;
- баланд гардидани сатҳи маърифати иқтисодии ҷавонон ва рушд ёфтани барномаҳои гуногуни соҳибкорӣ дар байни ҷавонон;
- ташаккул ёфтани низоми дастгирӣ ва омодасозии соҳибкорони ҷавон;
- мусоидат намудан дар рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин васила густариш бахшидани ҳунари волои ниёгон дар байни ҷавонон;
- баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон дар самти пос доштан ва рушд додани фарҳанги миллии либоспӯшӣ;
- баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангӣ ва маънавию ахлоқии ҷавонон;
- ташаккул ёфтани заминаи илмию амалӣ ва иттилоотии сиёсати давлатии ҷавонон;
- таҳкими неруи кадрии соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон дар кишвар;
- ҳавасмандгардонии олимон, муҳаққиқон ва соҳибистеъдодони ҷавон дар амалӣ намудани корҳои муҳимми тадқиқотӣ ва манфиатбахш барои ҷомеа.
Замимаи 2