Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби пешбурди феҳристи лоиҳаҳои сармоягузорӣ
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.04.2022 № 187)
Мутобиқи моддаи 19 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад :
1. Тартиби пешбурди феҳристи лоиҳаҳои сармоягузорӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори мазкури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба маълумоти тамоми намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия ва ё бақайдгирифташуда расонад.
3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо барои амалигардонии феҳристи лоиҳаҳои сармоягузорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳуҷҷатҳои дохилии худро ба тартиби мазкур мутобиқ намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 марти соли 2019 № 83
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Порядке ведения реестра инвестиционных проектов
(в редакции Постановления Правительства РТ от 26.04.2022 № 187)
В соответствии со статьей 19 Налогового кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет :
1. Утвердить Порядок ведения реестра инвестиционных проектов (прилагается).
2. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан довести настоящее постановление Правительства Республики Таджикистан до сведения всех дипломатических представительств зарубежных стран и международных организаций, аккредитованных или зарегистрированных в Республике Таджикистан.
3. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан, соответствующим министерствам и ведомствам, председателям ГорноБадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов принять необходимые меры по реализации реестра инвестиционных проектов и привести свои внутренние документы в соответствие с настоящим порядком.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 1 марта 2019 года, №83