Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018 № 612 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2010, № 166"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2010, № 166

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Оинномаи бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2010, № 166 "Дар бораи тасдиқи Оинномаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шаванд:

- аз банди 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад:

- банди 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"4. Бонк дорои номи фирмавӣ мебошад:

- бо забони давлатӣ: бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк", номи мухтасар - БДА ҶТ "Амонатбонк";

- бо забони русӣ: государственный сберегательный банк Реслублики Таджикистан "Амонатбонк", номи мухтасар - ГСБ РТ "Амонатбонк";

- бо забони англисӣ: The State Savings Bank of the Republic of Tajikistan "Amonatbonk" номи мухтасар - 55В SSB RT "Amonatbonk".".

- дар банди 7 калимаҳои "марказҳои хизматрасонӣ" ба калимаҳои "марказҳои хизматрасонии бонкӣ" иваз карда шаванд;

- сархати панҷуми банди 24 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- ҳайати раёсати Бонкро муайян, аъзои онро тасдиқ ва озод менамояд;":

- дар сархати дуюми банди 31 рақам ва калимаҳои "51501511 сомонӣ (панҷоҳу як миллиону панҷсаду як ҳазору панҷсаду ёздаҳ сомонӣ" ба рақам ва калимаҳои "70947793 (ҳафтод миллиону нуҳсаду чилу ҳафт ҳазору ҳафтсаду наваду се) сомонӣ" иваз карда шаванд:

- аз сархати якуми банди 34 калимаҳои "дар асоси ҷамъиятӣ" хориҷ карда шаванд:

- аз банди 36 калимаҳои "марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои интиқоли пул, нуқтаҳои мубодилаи асъор ва ғайра)" хориҷ карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

аз 29 декабри соли 2018 № 612

ш.Душанбе