ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 октябри соли 2018, № 1153
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 декабри соли 2018, № 610
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2011 "Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №3, мод.167) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддимаи Қонун, сархати якуми моддаи 1, қисми 1 моддаи 4, қисми 4 моддаи 5, қисми 1 моддаи 17, қисми 1 моддаи 19, қисмҳои 3 ва 6 моддаи 31 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.
2. Дар моддаи 1:
- ба сархати ҳаштум пас аз калимаи "мақоми" калимаи "машваратӣ," илова карда шавад;
- сархати нуҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ - субъектҳои фаъолияти соҳибкорие, ки новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқияшон, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ ба қайд гирифта шудаанд;";
- дар сархати даҳум калимаи "шаҳодатномаи" ба калимаи "тасдиқномаи" ва аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шаванд;
- сархати ёздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- бизнеснақша - ҳуҷҷате, ки аз ҷониби субъекти минтақаҳои озоди иқтисодӣ оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ пешниҳод гардида, дар он иттилооти муфассал дар бораи муҳлати хароҷотбарорӣ, самаранокӣ, талабот ва омӯзиши бозор дарҷ карда мешавад.".
3. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
4. Дар қисми 1 моддаи 5 калимаҳои "шакли функсионалии (маҷмӯии)" ба калимаи "намуди" иваз карда шаванд.
5. Дар қисми 1 моддаи 8 калимаи "зарурӣ" ба калимаҳои "зарурие, ки дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинӣ гардидаанд," иваз карда шавад.
6. Дар қисми 4 моддаи 10 калимаҳои "шаҳодатномаи" ва "шаҳодатнома" мувофиқан ба калимаҳои "тасдиқномаи" ва "тасдиқнома" иваз карда шаванд.
7. Ба ном ва қисми 1 моддаи 11 пас аз калимаи "хизматрасонии" калимаҳои "мақомоти давлатӣ барои" илова карда шаванд.
8. Ба қисми 4 моддаи 12 пас аз калимаҳои "субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ" калимаҳои "пас аз пардохти андозҳо" илова карда шаванд.
9. Дар моддаи 14:
- қисми 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"4. Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳисоботдиҳанда мебошад.";
- қисми 8 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"8. Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ комиссияро оид ба баррасии бизнеснақшаҳо ва (ё) лоиҳаҳои сармоягузории довталабон- субъектони минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис медиҳад. Тартиби фаъолияти комиссия оид ба баррасии бизнеснақшаҳо ва (ё) лоиҳаҳои сармоягузории довталабон-субъектони минтақаи озоди иқтисодӣ мутобиқи Низомномаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ муқаррар карда мешавад.".
10. Ба моддаи 16 қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"3. Номгӯй ва андозаи пардохти маблағи корҳо ва хизматрасонии маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодиро мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор дар соҳаи молия тасдиқ менамояд.".
11. Ба қисми 1 моддаи 17 пас аз калимаи "мақоми" калимаи "машваратӣ," илова карда шавад.
12. Дар моддаи 19:
- ба қисми 4 пас аз калимаи "беруни" калимаи "ҳудуди" илова карда шавад;
- қисми 6 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"6. Ҳангоми аз ҳудуди як минтақаи озоди иқтисодӣ ба ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати гумрукӣ интиқол додани молҳо андоз ва боҷи гумрукӣ ситонида намешаванд ва чораҳои манъ ва маҳдудкуниҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, татбиқ намегарданд.";
- қисмҳои 6 ва 7 мувофиқан қисмҳои 7 ва 8 ҳисобида шаванд.
13. Дар қисми 6 моддаи 20 калимаи "коргарони" ба калимаи "кормандони" иваз карда шавад.
14. Дар моддаи 24:
- дар қисми 3 калимаи "коргарони" ба калимаи "кормандони" ва калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқии" ба калимаи "қонунгузории" иваз карда шаванд;
- қисми 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"4. Барасмиятдарории иҷозати кор ба кормандони хориҷӣ тибқи Дастурамали тартиби содакардашудаи додани иҷозати кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва рушди иқтисод ва савдо тасдиқ шудааст, анҷом дода мешавад.".
15. Дар қисми 1 моддаи 26 калимаҳои "заминро дар ҳудуди он" ба калимаҳои "замини дар ҳудуди минтақа ҷойгиршударо" иваз карда шаванд.
16. Матни моддаи 29 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Ба расмият даровардан ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолият менамоянд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1581