Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 2 январи соли 2019 № 1578 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ШАҲРСОЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 октябри соли 2018, № 1177

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 декабри соли 2018, № 606

ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Моддаи 1. Ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, № 12, қ.1, мод. 998; с. 2016, № 7, мод. 626) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Аз матни моддаи 3 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

2. Ба сархати сеюми қисми 1 моддаи 4 ва сархати панҷуми моддаи 8 пас аз калимаи "истироҳатӣ" калимаи ", сайёҳӣ" илова карда шавад.

3. Ба сархати панҷуми қисми 3 моддаи 9 пас аз калимаи "ғайриманқулро" калимаҳои "дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва" илова карда шаванд.

4. Ба сархати дуюми қисми 4 моддаи 20 ва сархати шашуми қисми 1 моддаи 45 пас аз калимаи "истироҳатӣ" калимаҳои "ва мавзеъҳои сайёҳӣ" илова карда шаванд.

5. Ба қисми 1 моддаи 21 пас аз калимаи "истироҳатӣ" калимаҳои ", мавзеъҳои сайёҳӣ" илова карда шаванд.

6. Ба қисми 2 моддаи 29 пас аз калимаи "иморатсозӣ" калимаҳои "тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.

7. Сархати панҷуми қисми 1 моддаи 31 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- истироҳатӣ ва сайёҳӣ;".

8. Ба қисми 2 моддаи 34 пас аз калимаи "истироҳатӣ," калимаи "сайёҳӣ," илова карда шавад.

9. Дар моддаи 36:

- ба номи модда пас аз калимаҳои "Минтақаҳои истироҳатӣ" калимаҳои "ва мавзеъҳои сайёҳӣ" илова карда шаванд;

- ба қисми 2 пас аз калимаҳои "минтақаҳои истироҳатӣ" ва "объектҳои истироҳатӣ" мувофиқан калимаҳои "ва мавзеъҳои сайёҳӣ" ва ", сайёҳӣ" илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1578

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ГРАДОСТРОИТЕЛЬНЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Принят Постановлением МН МОРТ

от 10 октября 2018 года, №1177

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 25 декабря 2018 года, №606

Статья 1. Внести в Градостроительный кодекс Республики Таджикистан от 28 декабря 2012 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2012 г., №12, ч.1, ст.998; 2016 г., №7, ст.626) следующие изменения и дополнения:

1. Абзац третий части 1 статьи 4 и абзац пятый статьи 8 после слова "рекреационного" дополнить словом ", туристического".

2. Абзац пятый части 3 статьи 9 после слова "имущество" дополнить словами "в рамках требований законодательства Республики Таджикистан и".

3. Абзац второй части 4 статьи 20 после слова "курортные" дополнить словами "и туристические".

4. Часть 1 статьи 21 после слова "рекреационные" дополнить словом ", туристические".

5. Часть вторую статьи 29 после слова "территории" дополнить словами "в соответствии с требованиями законодательства Республики Таджикистан,.

6. Абзац пятый части 1 статьи 31 изложить в следующей редакции:

"- рекреационные и туристические;".

7. Часть 2 статьи 34 после слова "отдыха," дополнить словами "туристических объектов".

8. В статье 36:

- в названии статьи после слова "Рекреационные" дополнить словами "и туристические,;

- часть 2 после слова "рекреационных" дополнить словами "и туристических", слово "рекреационного" заменить словами "рекреационного, туристического".

9. Абзац шестой части 1 статьи 45 после слова "территории" дополнить словами "туристические зоны".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 2 января 2019 года, №1578