ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 октябри соли 2018, № 1155
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 декабри соли 2018, № 591
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005 "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, № 7, мод. 402; с. 2007, № 7, мод. 660; с. 2008, №10, мод. 800; с. 2011, №12, мод. 837; с. 2014, № 3, мод. 148; с. 2017, № 1 - 2, мод. 8, мод. 9, № 5, қ. 1, мод. 297) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 1 сархатҳои нӯҳум, даҳум ва ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- бархӯрди манфиатҳо - ҳолати манфиатдории шахсии субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ки метавонад ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва ҳангоми қабули қарор таъсир карда, боиси расондани зарар ба манфиатҳои шаҳрвандон, ташкилотҳо, мақомоти давлатӣ, ҷомеа ё давлат гардад;
- манфиати давлатӣ - манфиатдории давлат ва ҷомеа, ки бо роҳи қабули қарорҳои беғаразона ва қонунӣ аз тарафи субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ амалӣ карда мешавад;
- манфиати шахсӣ - ҳама гуна манфиати моддӣ ва ғайримоддӣ, ки субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти шахсии худ ё шахсони сеюм дар натиҷаи содир намудани амал ё беамалӣ дар муносибат бо шахсони наздик, дигар шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ё ташкилотҳои байналмилалӣ мегиранд ё кӯшиши гирифтан мекунанд".
2. Моддаи 8 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 8. Чораҳои назорати молиявӣ
1. Довталабони мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда ҳангоми таъин (интихоб) шудан, шахсони ишғолкунандаи мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда (минбаъд-эъломиякунанда) ҳангоми дар мансаб будан ҳар сол ӯҳдадоранд, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбари мақоми давлатии ҷойи кор оид ба вазъи молумулкии худ эъломия пешниҳод намоянд.
2. Роҳбарони мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ӯҳдадоранд, ки ҳангоми таъин (интихоб) ба мансаб ва ҳангоми дар мансаб будан ҳар сол бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи молумулкии худ мувофиқан ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳр ё ноҳияи дахлдор эъломия пешниҳод намоянд.
3. Хадамоти кадрии мақоми давлатии ҷойи кор ӯҳдадор аст:
- эъломиякунандагонро бо варақаҳои эъломия оид ба вазъи молумулкӣ таъмин намояд;
- феҳристи баҳисобгирии эъломияҳо оид ба вазъи молумулкии эъломиякунандагонро пеш барад.
4. Аз ҷониби эъломиякунанда пешниҳод накардан ё пешниҳоди маълумоти бардурӯғ бо мақсади пинҳон доштани маълумот оид ба вазъи молумулкии худ барои ба мансаб таъин (интихоб) накардан ё аз мансаб озод намудан асос мегардад.
5. Маълумоти пешниҳодшуда, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошкор карда намешавад.
6. Шакли эъломия дар бораи вазъи молумулкии эъломиякунанда бо номгӯи маълумоти эъломияшаванда ва тартиби пур кардани эъломияи мазкур аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
7. Эъломиякунонии даромадҳои шахсони ишғолкунандаи мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1564