Низомномаи постдокторантура аз 30 ноябри соли 2018 № 562

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "30" ноябри соли 2018, № 562

тасдиқ шудааст

Низомномаи постдокторантура

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.05.2025 № 263)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи постдокторантура (минбаъд - Низомнома) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", "Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, тартиби таъсис ва таҳсил дар постдокторантураро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

2. Постдокторантура шакли тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмию педагогӣ барои ба таври амиқ азхудкунии донишҳои назариявӣ ва гузаронидани таҳқиқоти илмӣ аз ҷониби докторҳои фалсафа (PhD) - докторҳо аз рӯи ихтисос ва таҳияи рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат мебошад. Постдокторантура бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи илмии муҳаққиқон ва рушди лоиҳаҳои илмие пешбинӣ мегардад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ амалӣ карда мешаванд. Постдокторантура ба муҳлати то 3 сол дар шакли таҳсили рӯзона дар асоси буҷетӣ ва шартномавӣ (пулакӣ), тибқи теъдоди ҷойҳое, ки дар нақшаи қабул пешбинӣ гардидаанд, дар муассисаҳое таъсис дода мешавад, ки барои омода намудани докторантҳо аз рӯи ихтисос ва постдокторантҳо иҷозатномаи дахлдор доранд.

2. БАРНОМАИ ТАҲСИЛ ДАР ПОСТДОКТОРАНТУРА ВА ТАЛАБОТ БА РИСОЛАИ ИЛМӢ БАРОИ ДАРЁФТИ ДАРАҶАИ ИЛМИИ ДОКТОРИ ҲАБИЛИТАТ

3. Барномаи таҳсил дар постдокторантура кори илмӣ-таҳқиқотӣ (таҳияи рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат) ва кори таҷрибавӣ-таҳқиқотӣ (аз ҷумла корҳои таҷрибавӣ-конструкторӣ, илмӣ-озмоишӣ ва ғайра доир ба мавзӯи рисолаи илмӣ)-ро фаро мегирад. Натиҷаҳои кори илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҷрибавӣ-таҳқиқотӣ ҳар нимсола аз ҷониби постдокторант дар шакли ҳисоботи мухтасар пешниҳод карда мешаванд. Натиҷаи ниҳоии кори илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҷрибавӣ-таҳқиқотии постдокторант рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат мебошад.

4. Ба шахсоне, ки постдокторантураро гузаштаанд, дараҷаи олии академии доктори ҳабилитат дар асоси ҳимояи рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат дар шӯроҳои диссертатсионӣ аз ҷониби муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

5. Диплом дар бораи дараҷаи илмии доктори ҳабилитат ва дипломи доктори илм баробарарзиш ҳисобида мешаванд.

6. Дараҷаи илмии доктори ҳабилитат аз ҷониби шӯрои ҳимояи диссертатсияҳо барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос, барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат (минбаъд - шӯрои диссертатсионӣ) аз рӯи натиҷаҳои ҳимояи оммавии рисолаи илмӣ, ки ҳангоми таҳсил дар постдокторантура аз ҷониби довталаби соҳиби дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос омода шудааст, дода мешавад.

7. Рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат аз тарафи кормандони илмӣ ва педагогӣ ҳангоми таҳсил дар постдокторантура дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ таҳия карда мешавад.

8. Самти ихтисоси илмӣ ҳангоми тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар постдокторантура мувофиқи Таснифоти намунавии самт ва ихтисосҳои постдокторантура (замимаи 1) муқаррар карда мешавад.

9. Дипломи доктори ҳабилитат аз ҷониби муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тибқи намуна (замимаи 2) дода мешавад.

10. Рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат кори илмии нисбат ба рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос аз ҷиҳати сифат (бо мундариҷаи таҳқиқот) ва миқдор (бо ҳаҷми таҳқиқот) дар сатҳи баландтар буда, бояд такрори он набошад.

11. Рисолаи илмӣ бояд дар доираи самтҳои афзалиятноки рушди илм ва технология дар кишвар ҳамчун кори илмӣ-тахассусӣ иҷро карда шавад, ки дар он дар асоси таҳқиқоти гузаронидаи муаллиф нуктаҳои асосии назариявие коркард шудаанд, ки дар маҷмӯъ онҳоро ҳамчун комёбии илмӣ арзёбӣ кардан мумкин аст, ё ин ки масъалаи илмие ҳал карда шудааст, ки аҳамияти сиёсӣ, иҷтимоӣиқтисодӣ, фарҳангӣ ва ё хоҷагидорӣ дорад, ё ин ки роҳҳои нави илман ва аз ҷиҳати техникӣ, технологӣ ва дигар ҷиҳатҳо асосноккардашудае баён карда шудаанд, ки амалӣ кардани онҳо дар рушди кишвар саҳми арзанда мегузорад.

12. Рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат бояд аз ҷониби муаллиф мустақилона бо забони давлатӣ, русӣ ё англисӣ таълиф шуда бошад, ягонагии дохилӣ дошта бошад, натиҷаҳои нави илмӣ ва нуктаҳои асосиеро дар бар гирад, ки барои ҳимояи оммавӣ пешниҳод мешаванд ва аз саҳми шахсии муаллифи рисолаи илмӣ дар илм шаҳодат диҳанд. Дар рисолаи илмие, ки хусусияти амалӣ дорад, бояд оид ба истифодаи амалии натиҷаҳои илмии аз ҷониби муаллиф бадастоварда маълумот оварда шавад, дар рисолаи илмие, ки хусусияти назариявӣ дорад, бояд тавсияҳо оид ба истифодаи хулосаҳои илмӣ дода шаванд. Роҳҳои ҳалли масъалаҳо, ки муаллифи рисолаи илмӣ пешниҳод намудааст, бояд асоснок бошанд ва дар қиёс бо дигар роҳҳои маълуми таҳқиқшуда баҳогузорӣ карда шаванд.

13. Натиҷаҳои асосии илмии рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат бояд дар нашрияҳои илмии тақризшаванда ба чоп расанд. Миқдори асарҳои нашршуда, ки дар онҳо натиҷаҳои асосии илмии рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат дар нашрияҳои тақризшаванда баён карда мешаванд, бояд чунин бошад:

- дар соҳаи санъатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ, илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ҷамъиятӣ ва гуманитарӣ - на камтар аз 15 мақола;

- дар дигар соҳаҳо - на камтар аз 10 мақола.

14. Тартиби ҳимояи рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

15. Талаботи дигар ба сатҳ ва шакли таҳияи рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаҳои маориф ва илм пешбинӣ карда мешаванд.

3. ТАРТИБИ ҚАБУЛ БА ПОСТДОКТОРАНТУРА ВА ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ОН

16. Ба постдокторантура дар асоси озмун бо пешниҳоди ариза чунин шахсон қабул карда мешаванд:

- дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос доранд ва дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ фаъолият мекунанд;

- корҳои илмӣ, шаҳодатномаҳои муаллифии барои илм ва амал хусусияти пешқадамдошта, амалисозии арзишманд (аз натиҷаҳои рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)доктор аз рӯи ихтисос бояд баландтар бошанд) доранд, ки дар давоми на камтар аз се сол баъд аз ҳимояи рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос амалӣ карда шудаанд;

- дастнависҳо, корҳои илмӣ ва шаҳодатномаҳои муаллифие доранд, ки аз се ду ҳиссаи рисолаи илмии барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат зарурро ташкил медиҳанд.

17. Қабул ба постдокторантура бо тавсияи кафедра (шуъба, озмоишгоҳ (лаборатория), гурӯҳи эҷодӣ) ва шӯрои илмии (техникии) муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣтаҳқиқотӣ, ки дар он рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат коркард мешавад, инчунин дар асоси рӯйхати пешниҳодгардидаи корҳои нашршуда дар нашрияҳои тахассусӣ ва натиҷаҳои суҳбат дар комиссияи интихобию озмунӣ барои қабул ба постдокторантура, ки бо фармоиши ректорони (директорони) муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ташкил мегардад, сурат мегирад.

18. Қабул ба постдокторантура аз тарафи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар асоси қарори шӯрои илмӣ (техникӣ) дар шакли фармоиши ректорони (директорони) муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба роҳ монда мешавад.

19. Нақшаи қабул ба постдокторантура барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ тибқи қонунгузории амалкунанда, бо дар назар доштани талаботи иқтисодиёти миллӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.

20. Шахсе, ки ба постдокторантура қабул карда мешавад, мақоми постдокторантро ба даст меорад, ки ба мақоми докторанти анъанавӣ баробар ҳисобида мешавад.

21. Дар асоси таҷрибаи ҷаҳонии ташкили фаъолияти постдокторантура оғози давраи таҳсил дар постдокторантура аз 1 октябр тавсия карда мешавад.

22. Шахсе, ки ба постдокторантура аз ҳисоби буҷети давлатӣ қабул шудааст, тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат бо нигоҳ доштани ҷойи кори қаблиаш дар давоми тамоми муҳлати таҳсил дар постдокторантура аз кор озод карда мешавад.

23. Фаъолияти постдокторантура тибқи тартибе, ки Низомномаи мазкур муқаррар намудааст, ба таври мушобеҳ бо докторантураи анъанавӣ роҳандозӣ карда мешавад.

24. Постдокторант метавонад як мушовири илмӣ бо дараҷаи илмии доктори ҳабилитат ё доктори илм дошта бошад.

25. Шӯрои илмии (техникии) муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар муддати 3 моҳ баъд аз қабули қарор оид ба қабул ба постдокторантура мавзӯи рисолаи илмӣ ва мушовири илмиро тасдиқ менамояд.

26. Рӯйхати постдокторантҳо бо нишон додани ихтисос, мавзӯи рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат, мушовирони илмӣ ба муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", муассиси давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот"-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва дар сомонаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҷой дода мешавад.

27. Дар анҷоми ҳар як нимсола постдокторант ба шӯрои илмии (техникии) муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣтаҳқиқотӣ ҳисобот доир ба корҳои ба анҷомрасонида, нусхаҳои корҳои илмии дар ин давра нашргардида ва ё барои нашр қабулшударо пешниҳод менамояд. Шӯрои илмӣ (техникӣ) бо овоздиҳии кушод оид ба идома додан ва ё қатъ намудани таҳсил дар постдокторантура дар асоси меъёрҳои натиҷанокии кори постдокторант, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм муқаррар гардидаанд, қарор қабул менамояд.

28. Постдокторант уҳдадор аст, ки дар муҳлати барои таҳсил дар постдокторантура ҷудошуда рисолаи илмиро барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат ҳимоя намояд ва ё ҳадди ақал ба шӯрои илмии (техникии) муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ рисолаи илмиашро пешниҳод намояд, то дар асоси он сохтори илмии дахлдор барои баррасӣ намудани рисолаи илмӣ дар шӯрои диссертатсионӣ тавсия диҳад, ба постдокторант бошад, маълумотнома доир ба таҳсил дар постдокторантура бо нишон додани оғоз ва анҷоми муҳлати гузаштан аз постдокторантура дода шавад.

29. Постдокторант дар давраи таҳсил дар постдокторантура ҳуқуқ дорад, ки тибқи қонунгузории амалкунанда ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон грантҳои илмӣ гирад.

30. Ҳангоми таҳсил дар постдокторантура постдокторантҳо метавонанд ҳамасола, агар ба он зарурат бошад, ба сафари хизматии илмии давомнокиаш то 30 рӯз равон карда шаванд, ки хароҷоти онро муассисаҳое, ки ба постдокторантҳо тибқи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон стипендия медиҳанд, пардохт мекунанд.

31. Ҳисобот доир ба натиҷаҳои сафари хизматии илмӣ постдокторант дар давоми 3 рӯз пас аз баргаштан ба муассисае пешниҳод карда мешавад, ки хароҷоти онро пардохт намудааст.

32. Агар рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат пеш аз муҳлат ҳимоя шавад, постдокторант аз рӯзи додани диплом доир ба дараҷаи илмии дахлдор аз ҷониби муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" мақомашро аз даст медиҳад.

33. Барои роҳбарии илмии постдокторант ба мушовири илмӣ 120 соати академӣ дар як сол барои ҳар як шахс муқаррар карда мешавад. Теъдоди умумии соатҳое, ки ба як мушовири илмӣ дар постдокторантура пешбинӣ шудаанд, наметавонад аз 50 фоизи сарбории солонаи педагогӣ-илмӣ бештар бошад.

34. Агар постдокторант ду мушовири илмӣ дошта бошад, 120 соати солона, ки барои як постдокторант пешбинӣ шудааст, байни онҳо бо таносуби аз се ду ҳисса ё тибқи шартномаи тасдиқнамудаи муассисае, ки постдокторантҳоро омода мекунад, тақсим карда мешавад.

35. Барои қабул намудан ба постдокторантура ба ҳар як узви комиссияи интихобию озмунӣ ду соати академӣ ба ҳар як довталаб муқаррар карда мешавад, ки аз ҷониби муассисае, ки постдокторантҳоро омода мекунад, пардохт карда мешавад.

36. Хароҷоти ҳимояи рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад (агар рисолаи илмӣ аз ҷониби постдокторантҳои собиқ дар тӯли ду сол баъди ба итмом расидани таҳсил дар постдокторантура ҳимоя карда шавад). Шахсоне, ки рисолаи илмиро дар муҳлати муқарраршуда ҳимоя накардаанд, тамоми хароҷотро аз ҳисоби худ ҷуброн мекунанд.

37. Маблағҳое, ки барои омода намудани постдокторантҳо дар асоси шартнома ба даст оварда мешаванд, барои пардохт намудани музди меҳнати мушовирони илмӣ дар постдокторантура, аъзои комиссияи интихобию озмунӣ барои қабул ба постдокторантура, барои ҳавасмандгардонии моддии шахсоне, ки ба омода намудани онҳо ҷалб карда шудаанд, барои аз ҷиҳати моддӣ-техникӣ таҷҳизонидани кафедраҳои (шуъбаҳо, озмоишгоҳҳои) дахлдор ва барои дигар мақсадҳо тибқи қонунгузории амалкунанда ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд.

38. Талабот ба таҳсил дар постдокторантура, ки тибқи Низомномаи мазкур пешбинӣ шудааст, инчунин ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде тааллуқ дорад, ки постдокторантураро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартнома ё созишномаҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои салоҳиятдори дигар кишварҳо мегузаранд.

39. Масъулият барои ташкил намудани фаъолияти постдокторантура дар доираи муассисаҳое, ки ҳуқуқи омода намудани постдокторантҳоро доранд, ба зиммаи муовини ректор (муовинони директор) оид ба илм, котиби илмӣ ва сохторҳои дигари дахлдори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ вогузор карда мешавад.

40. Постдокторантура метавонад дар шакли мақсаднок ба роҳ монда шавад (сафарбар намудани постдокторант аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба сафари хизматӣ барои таҳияи рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат дар яке аз ташкилотҳои тахассусии кишвар ё хориҷи он). Постдокторантураи мақсаднок ҳамчун як шакли босамари омода намудани мутахассисони илмии дараҷаи баланди касбидошта метавонад, ки дар ҳама соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ истифода бурда шавад.

41. Қабул ба постдокторантураи мақсаднок дар асоси озмуни кушода амалӣ карда шуда, ба он шахсоне роҳ дода мешаванд, ки онҳоро муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣтаҳқиқотӣ тибқи нақшаи қабул, шартномаҳо байни унвонҷӯён ва муассисаҳо, байни муассисаҳои дахлдор ва созишномаҳои байнидавлатӣ оид ба таҳсил дар постдокторантура дар хориҷи кишвар ё таҳсил дар постдокторантура аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин тибқи ҳамин Низомнома тавсия додаанд.

42. Хароҷот барои омодагии постдокторантҳо дар постдокторантураи мақсаднок, аз ҷумла таъмини онҳо бо стипендия ба зиммаи муассисае аст, ки онҳоро ба постдокторантура равон намудааст, ҳангоми мавҷуд будани созишномаҳои байнидавлатӣ бошад, мутобиқ бо шартҳои созишномаҳои мазкур сурат мегирад.

43. Постдокторанте, ки аз постдокторантураи мақсаднок мегузарад, метавонад, ки ду мушовири илмӣ дошта бошад: як нафар аз муассисае, ки ӯро равон намудааст ва як нафар аз муассисае, ки дар он аз постдокторантура мегузарад, агар таҳқиқоти илмӣ дар ҳар дуи ин муассисаҳо гузаронида шавад.

44. Постдокторанти постдокторантураи мақсаднок ба комиссияи интихобию озмунӣ барои қабул ба постдокторантура иловатан нусхаи шартномаеро, ки тибқи бандҳои дахлдори Низомномаи мазкур баста шудааст, пешниҳод менамояд.

45. Шахсоне, ки ба хориҷи кишвар барои таҳсил дар постдокторантура фиристода шудаанд, метавонанд, ки рисолаҳои илмии омодашударо барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат тибқи қоидаҳои амалкунандаи кишвари будубош бо минбаъд гузаштан аз тартиби баробарарзишӣ ва эътирофи дипломҳои гирифташуда дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё худ дар шӯроҳои дахлдори диссертатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талабот ҳимоя кунанд.

4. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ПОСТДОКТОРАНТ

46. Постдокторант дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", "Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника", санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ шудаанд, оинномаи муассисаи таълимӣ ё илмӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва уҳдадориҳо дорад.

47. Ба постдокторант стипендия дода мешавад, ки андозаи он на камтар аз музди меҳнати моҳонаи дотсент (аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва суратҳисоби махсуси муассисаи таълимӣ ё илмӣ№ 263 ошад. Стипендияи мазкур аз тарафи муассисае, ки постдокторантро фиристодааст, ҷудо карда мешавад. Бо мақсади татбиқи таҷрибавии натиҷаҳои кори илмӣ-таҳқиқотӣ аз рӯи мавзӯи рисолаи илмӣ постдокторант метавонад дар ҳаҷми на зиёда аз 0,5 воҳиди корӣ ба корҳои таълимӣ машғул гардад.

48. Ба постдокторантҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ аз постдокторантура мегузаранд, ҳар сол таътил ба муддати 30 рӯзи тақвимӣ пешбинӣ мегардад.

49. Постдокторант уҳдадор аст, ки сари вақт ва сифатнок ҳама намуди корҳоро, ки дар барномаи таҳсил дар постдокторантура пешбинӣ карда шудаанд, иҷро намояд ва рисолаи тайёри илмии худро барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат пешниҳод намояд.

50. Дар ҳолати ба миён омадани ихтилоф байни постдокторант ва мушовири илмӣ постдокторант ҳуқуқ дорад, ки ба комиссияи созиш бо мақсади ҳалли масъалаҳои баҳснок муроҷиат намояд. Дар ҳолати зарурӣ шӯрои илмии (техникии) муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ метавонанд, ки оид ба озод кардани мушовири илмӣ ва таъин кардани мушовири нав ба постдокторант қарор қабул намояд.

51. Постдокторант метавонад, ки аз таҳсил дар постдокторантура бо сабабҳои зерин хориҷ карда шавад:

- бо хоҳиши худ;

- бо сабаби вазъи саломатӣ;

- барои иҷро накардани барномаи таҳсил дар постдокторантура дар қисматҳои кори илмӣ-таҳқиқотӣ ва кори озмоишӣ-таҳқиқотӣ;

- барои вайрон кардани оиннома ва қоидаҳои тартиботи дохилии муассиса;

- барои иҷро накардани шартҳои шартнома ҳангоми шакли таҳсили пулакӣ;

- тибқи ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи суд.

52. Ба шахсоне, ки аз постдокторантура хориҷ карда шудаанд, маълумотнома бо нишон додани оғоз ва анҷоми муҳлати таҳсил дар постдокторантура дода мешавад.

5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

53. Ҳамаи масъалаҳои баҳснок, ки дар раванди таҳсил дар постдокторантура ба миён меоянд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.

Замимаи 1

Замимаи 2 (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.05.2025 № 263)

47. Ба постдокторант стипендия дода мешавад, ки андозаи он на камтар аз музди меҳнати моҳонаи дотсент (аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва суратҳисоби махсуси муассисаи таълимӣ ё илмӣ) мебошад. Стипендияи мазкур аз тарафи муассисае, ки постдокторантро фиристодааст, ҷудо карда мешавад. Бо мақсади татбиқи таҷрибавии натиҷаҳои кори илмӣ-таҳқиқотӣ аз рӯи мавзӯи рисолаи илмӣ постдокторант метавонад дар ҳаҷми на зиёда аз 0,5 воҳиди корӣ ба корҳои таълимӣ машғул гардад.

48. Ба постдокторантҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ аз постдокторантура мегузаранд, ҳар сол таътил ба муддати 30 рӯзи тақвимӣ пешбинӣ мегардад.

49. Постдокторант уҳдадор аст, ки сари вақт ва сифатнок ҳама намуди корҳоро, ки дар барномаи таҳсил дар постдокторантура пешбинӣ карда шудаанд, иҷро намояд ва рисолаи тайёри илмии худро барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат пешниҳод намояд.

50. Дар ҳолати ба миён омадани ихтилоф байни постдокторант ва мушовири илмӣ постдокторант ҳуқуқ дорад, ки ба комиссияи созиш бо мақсади ҳалли масъалаҳои баҳснок муроҷиат намояд. Дар ҳолати зарурӣ шӯрои илмии (техникии) муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ метавонанд, ки оид ба озод кардани мушовири илмӣ ва таъин кардани мушовири нав ба постдокторант қарор қабул намояд.

51. Постдокторант метавонад, ки аз таҳсил дар постдокторантура бо сабабҳои зерин хориҷ карда шавад:

- бо хоҳиши худ;

- бо сабаби вазъи саломатӣ;

- барои иҷро накардани барномаи таҳсил дар постдокторантура дар қисматҳои кори илмӣ-таҳқиқотӣ ва кори озмоишӣ-таҳқиқотӣ;

- барои вайрон кардани оиннома ва қоидаҳои тартиботи дохилии муассиса;

- барои иҷро накардани шартҳои шартнома ҳангоми шакли таҳсили пулакӣ;

- тибқи ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи суд.

52. Ба шахсоне, ки аз постдокторантура хориҷ карда шудаанд, маълумотнома бо нишон додани оғоз ва анҷоми муҳлати таҳсил дар постдокторантура дода мешавад.

5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

53. Ҳамаи масъалаҳои баҳснок, ки дар раванди таҳсил дар постдокторантура ба миён меоянд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.

Замимаҳои 1 ва 2