Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "30" ноябри соли 2018, № 562
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "30" ноябри соли 2018, № 562
тасдиқ шудааст
Низомномаи постдокторантура
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.05.2025
№ 263)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Низомномаи постдокторантура (минбаъд - Низомнома) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", "Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, тартиби таъсис ва таҳсил дар постдокторантураро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
2. Постдокторантура шакли тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмию педагогӣ барои ба таври амиқ азхудкунии донишҳои назариявӣ ва гузаронидани таҳқиқоти илмӣ аз ҷониби докторҳои фалсафа (PhD) - докторҳо аз рӯи ихтисос ва таҳияи рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат мебошад. Постдокторантура бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи илмии муҳаққиқон ва рушди лоиҳаҳои илмие пешбинӣ мегардад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ амалӣ карда мешаванд. Постдокторантура ба муҳлати то 3 сол дар шакли таҳсили рӯзона дар асоси буҷетӣ ва шартномавӣ (пулакӣ), тибқи теъдоди ҷойҳое, ки дар нақшаи қабул пешбинӣ гардидаанд, дар муассисаҳое таъсис дода мешавад, ки барои омода намудани докторантҳо аз рӯи ихтисос ва постдокторантҳо иҷозатномаи дахлдор доранд.
2. БАРНОМАИ ТАҲСИЛ ДАР ПОСТДОКТОРАНТУРА ВА ТАЛАБОТ БА РИСОЛАИ ИЛМӢ БАРОИ ДАРЁФТИ ДАРАҶАИ ИЛМИИ ДОКТОРИ ҲАБИЛИТАТ
3. Барномаи таҳсил дар постдокторантура кори илмӣ-таҳқиқотӣ (таҳияи рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат) ва кори таҷрибавӣ-таҳқиқотӣ (аз ҷумла корҳои таҷрибавӣ-конструкторӣ, илмӣ-озмоишӣ ва ғайра доир ба мавзӯи рисолаи илмӣ)-ро фаро мегирад. Натиҷаҳои кори илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҷрибавӣ-таҳқиқотӣ ҳар нимсола аз ҷониби постдокторант дар шакли ҳисоботи мухтасар пешниҳод карда мешаванд. Натиҷаи ниҳоии кори илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҷрибавӣ-таҳқиқотии постдокторант рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат мебошад.
4. Ба шахсоне, ки постдокторантураро гузаштаанд, дараҷаи олии академии доктори ҳабилитат дар асоси ҳимояи рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат дар шӯроҳои диссертатсионӣ аз ҷониби муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
5. Диплом дар бораи дараҷаи илмии доктори ҳабилитат ва дипломи доктори илм баробарарзиш ҳисобида мешаванд.
6. Дараҷаи илмии доктори ҳабилитат аз ҷониби шӯрои ҳимояи диссертатсияҳо барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос, барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат (минбаъд - шӯрои диссертатсионӣ) аз рӯи натиҷаҳои ҳимояи оммавии рисолаи илмӣ, ки ҳангоми таҳсил дар постдокторантура аз ҷониби довталаби соҳиби дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос омода шудааст, дода мешавад.
...