Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2018 № 566 "Дар бораи муассисаи давлатии "Колеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи муассисаи давлатии "Колеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов"

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба муассисаи давлатии "Коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов" мақоми ҷумҳуриявӣ дода шуда, муассисаи давлатии "Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов" номгузорӣ карда шавад.

2. Вазорати фарҳанги ҶумҳурииТоҷикистон якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии марбут ба муассисаи давлатии "Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов"-ро дар доираи маблағҳои пешбинишуда ҳал намояд.

3. Ба Номгӯи муассисаву ташкилотҳои системаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 604 "Дар бораи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ гардидааст, сархати шастудуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Муассисаи давлатии "Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов"".

4. Сархати сиюҳаштуми Номгӯи муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатие, ки фаъолияташонро дар соҳаи маориф дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 145 "Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ гардидааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад.

"Муассисиаи давлатии "Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 ноябри соли 2018 № 566

ш.Душанбе