Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
2 марти соли 2018 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 187 "е"
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
2 марти соли 2018 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 187 "е"
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
аз 30 январи соли 2018 № 3 ш.Душанбе
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №204 "Оид ба тартиби анҷом додани амалиёти интиқолӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ"
070.170.010.
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
қ а р о р м е к у н а д:
1. Тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №204 "Оид ба тартиби анҷом додани амалиёти интиқолӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ", ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти №314 аз 26.12.с.2013 тасдиқ ва дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №187 "г" аз 22.04.с.2014 ба қайд гирифта шудааст, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи он тағйиру иловаҳои хусусияти таҳриридоштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
4. Иҷрои банди 2 қарори мазкур ба зиммаи Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор, Шуъбаи ҳуқуқ ва Шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.
...