Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2015, № 360
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2015, № 360 "Дар бораи Агентии обуҳавошиносӣ" рақами "35" ба рақами "38" иваз карда шавад.
2. Дар сархати шашуми замимаи 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2015, № 360 калимаи "Шӯъбаи" ба калимаи "Раёсати" иваз карда шавад.
3. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба қарори мазкур мутобиқ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 ноябри соли 2018 № 533
ш.Душанбе