Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2018 № 532 "Дар бораи Тартиби арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, таснифи объектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист аз рӯи гурӯҳҳо вобаста ба хусусияти таъсиррасонии онҳо ба муҳити зист, инчунин меъёрҳое, ки дараҷаи хатарнокии объектҳои фаъолияти банақшагирифташавандаро барои муҳити зист муайян мекунанд"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, таснифи объектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист аз рӯи гурӯҳҳо вобаста ба хусусияти таъсиррасонии онҳо ба муҳити зист, инчунин меъёрҳое, ки дараҷаи хатарнокии объектҳои фаъолияти банақшагирифташавандаро барои муҳити зист муайян мекунанд

Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, таснифи объектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист аз рӯи гурӯҳҳо вобаста ба хусусияти таъсиррасонии онҳо ба муҳити зист, инчунин меъёрҳое, ки дараҷаи хатарнокии объектҳои фаъолияти банақшагирифташавандаро барои муҳити зист муайян мекунанд, тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).

2. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии худро бо қарори мазкур мутобиқ карда, иҷрои онро таъмин намояд.

3. Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2013, № 253 "Дар бораи Номгӯи объектҳо ва намудҳои фаъолият, ки барои онҳо таҳияи мавод оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ҳатмӣ мебошад" ва аз 1 августи соли 2014, № 509 "Дар бораи Тартиби ташкил ва гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист" аз эътибор соқит дониста шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 ноябри соли 2018 № 532

ш.Душанбе