Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, таснифи объектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист аз рӯи гурӯҳҳо вобаста ба хусусияти таъсиррасонии онҳо ба муҳити зист, инчунин меъёрҳое, ки дараҷаи хатарнокии объектҳои фаъолияти банақшагирифташавандаро барои муҳити зист муайян мекунанд
Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, таснифи объектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист аз рӯи гурӯҳҳо вобаста ба хусусияти таъсиррасонии онҳо ба муҳити зист, инчунин меъёрҳое, ки дараҷаи хатарнокии объектҳои фаъолияти банақшагирифташавандаро барои муҳити зист муайян мекунанд, тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
2. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии худро бо қарори мазкур мутобиқ карда, иҷрои онро таъмин намояд.
3. Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2013, № 253 "Дар бораи Номгӯи объектҳо ва намудҳои фаъолият, ки барои онҳо таҳияи мавод оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ҳатмӣ мебошад" ва аз 1 августи соли 2014, № 509 "Дар бораи Тартиби ташкил ва гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист" аз эътибор соқит дониста шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 ноябри соли 2018 № 532
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Порядке оценки воздействия на окружающую среду, классификации объектов оценки по категориям, в зависимости от характера их воздействия на окружающую среду, а также критериях, определяющих категории опасности объектов планируемой деятельности для окружающей среды
В соответствии со статьей 5 Закона Республики Таджикистан "Об оценке воздействия на окружающую среду" и статьей 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Порядок оценки воздействия на окружающую среду, классификацию объектов оценки по категориям, в зависимости от характера их воздействия на окружающую среду, а также критерии, определяющие категории опасности объектов планируемой деятельности для окружающей среды (приложения 1, 2 и 3).
2. Комитету по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан произвести свои нормативные акты в соответствии с настоящим постановлением и обеспечить его выполнение.
3. Признать утратившим силу постановления Правительства Республики Таджикистан от 3 июня 2013 года, №253 "О Перечне объектов и видов деятельности, для которых обязательна разработка материалов по оценке воздействия на окружающую среду" и от 1 августа 2014 года, №509 "О Порядке организации и проведения оценки воздействия на окружающую среду".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 1 ноября 2018 года, №532