Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ
Бо мақсади мусоидат ба амали намудани сиёсати иқтисодии хориҷии кишвар, мутобиқи моддаҳои 14 ва 21 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Дар назди муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Федералии Германия, Ҷумҳурии Туркия, ҷумҳуриҳои ӯзбекистон ва Қазоқистон) воҳидҳои кории иловагӣ барои намояндагони тиҷоратӣ таъсис дода шаванд.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории воҳидҳои кории иловагии намояндагони тиҷоратиро тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ таъмин намояд.
4. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо дигар вазорату идораҳо ҷиҳати такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва мутобиқсозии меъёрҳои қонунгузорӣ, ки аз муқаррароти қарори мазкур бармеоянд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.
5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1998, № 356 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи намояндагии таҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 октябри соли 2018 № 518
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О торговом представительстве Республики Таджикистан в зарубежных странах
С целью содействия в осуществлении внешнеэкономической политики страны, в соответствии со статьями 14 и 21 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и статьей 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Положение о торговом представительстве Республики Таджикистан в зарубежных странах (прилагается).
2. Создать при иностранных учреждениях Республики Таджикистан (Российская Федерация, Китайская Народная Республика, Федеративная Республика Германия, Турецкая Республика, республики Узбекистан и Казахстан) дополнительные штатные единицы для торговых представительств.
3. Министерству финансов Республики Таджикистан в установленном порядке обеспечить финансирование дополнительных штатных единиц для торговых представительств за счет средств республиканского бюджета.
4. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Министерству иностранных дел Республики Таджикистан совместно с другими министерствами и ведомствами принять необходимые меры для совершенствования соответствующих нормативных правовых актов и адаптации законодательных мер, учитывающих положения настоящего постановления.
5. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 сентября 1998 года, №356 "Об утверждении Положения о торговом представительстве Республики Таджикистан за границей".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 31 октября 2018 года, №518