Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2018 № 519 "Дар бораи Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020

 

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

2. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:

- маблағгузории нақшаи чорабиниҳои амалисозии барномаро дар соли 2018 аз ҳисоби маблағҳои пешбинишуда таъмин намоянд;

- барои маблағгузории нақшаи чорабиниҳои амалисозии барнома кумаки созмонҳои молиявии байналмилалиро ҷалб намоянд;

- доир ба корҳои иҷрошуда, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо ҳар шашмоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани имкониятҳои воқеии буҷети давлатӣ дар солҳои 2019-2020 хароҷоти вобаста ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои амалисозии барномаро дар сатри алоҳида пешбинӣ намояд.

4. Ба Бонки миллии Тоҷикистон, бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" ва дигар ташкилотҳои қарзӣ тавсия дода шавад, ки дар амалисозии барнома иштирок намоянд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - сарпарсти соҳа вогузор карда шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 31 октябри соли 2018 № 519

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Государственной программе развития и внедрения информационно-коммуникационных технологий в Республике Таджикистан на 2018-2020 годы

В соответствии со статьей 13 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Государственную программу развития и внедрения информационно-коммуникационных технологий в Республике Таджикистан на 2018-2020 годы и план мероприятий по её реализации (прилагаются).

2. Исполнительному аппарату Президента Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан, Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан, Налоговому комитету при Правительстве Республики Таджикистан, Службе связи при Правительстве Республики Таджикистан, Главному управлению по защите государственных секретов при Правительстве Республики Таджикистан, другим министерствам и ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти:

- обеспечить финансирование реализации программы в 2018 году за счет предусмотренных средств;

- для финансирования плана мероприятий реализации программы привлекать помощь международных финансовых институтов;

- каждые шесть месяцев информировать Правительство Республики Таджикистан о выполненных работах, имеющихся трудностях и путях их решения.

3. Министерству финансов Республики Таджикистан, учитывая реальные возможности государственного бюджета в 2019-2020 годах, отдельной строкой предусмотреть расходы, связанные с выполнением плана мероприятий реализации программы.

4. Рекомендовать Национальному банку Таджикистана, государственному сберегательному банку Республики Таджикистан "Амонатбанк" и другим кредитным организациям принять участие в реализации программы.

5. Контроль исполнения настоящего постановления возложить на заместителя Премьер-министра Республики Таджикистан  куратора отрасли.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 31 октября 2018 года, №519