Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 октябри соли 2018, № 519
Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020
1. МУҚАДДИМА
1. Рушди муосири соҳаи технологияҳои иттилоотӣ яке аз омилҳои муҳимтарини фаъолияти самараноки иқтисодиёти мамлакатҳо ва таъмини талаботи аҳолӣ ба шумор меравад. Рушди хизматрасонии электронӣ ба аксарият давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имконият дод, ки тафовутро дар самти рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар муқоиса бо давлатҳои пешрафта бартараф намояд. Ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ бо мавҷудияти инкишофи сармояи зеҳнӣ, иқтидори баланди илмӣ, низоми давлатии дастгирии коркарди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таъмин карда мешавад.
2. Афзалиятҳои асосии Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 (минбаъд - Барнома) татбиқи технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ дар фаъолияти мақомоти идоракунии давлатӣ ба ҳисоб рафта, рушд ва такмили низомҳои иттилоотии дохилиидоравӣ, додугирифти самараноки байниидоравии маълумот ва ба шакли электронӣ гузаронидани аксари хизматрасониҳои ба аҳолӣ пешниҳодшавандаро таъмин менамояд.
3. Ҳамаи консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо ва нақшаҳои давлатӣ, соҳавӣ ва минтақавии амалкунанда ва таҳияшавандаи рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии мақомоти идоракунии давлатӣ, ки инфрасохтори ҳукумати электрониро ташкил менамоянд, инчунин пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ба аҳолӣ дар асоси Барномаи мазкур таҳия карда мешаванд.
4. Як қатор омилҳое мавҷуданд, ки дар ташаккули бомуваффақи ҷомеаи иттилоотӣ монеа мешаванд. Барои бартараф намудани ин монеаҳо зарур аст:
- вусъат бахшидан ба таъсиси инфрасохтор барои аз ҷониби мақомоти давлатӣ пешниҳод намудани хизматрасониҳои электронӣ бо истифода аз воситаҳои имзои электронии рақамӣ;
- рушд додани соҳаи ба содирот нигаронидашудаи хизматрасониҳо дар самти технологияҳои иттилоотӣ;
- васеъ намудани намояндагии давлат, тиҷорат, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар шабакаи интернет;
- чораҷӯӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии компютерии хизматчиёни давлатӣ ва аҳолӣ;
- таъмини татбиқи самараноки имкониятҳои муосири технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ҳангоми ҳалли масъалаҳо дар соҳаи шуғли аҳолӣ;
- такмили низоми ҳамкории давлат ва тиҷорат дар соҳаи иттилоотонӣ.
5. Дар назар дошта мешавад, ки дар заминаи Барномаи мазкур барномаҳои кумаки техникӣ ва молиявии беруна ба Тоҷикистон дар соҳаи рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таҳия мегарданд.
2. АРЗЁБИИ ҲОЛАТИ КУНУНӢ ВА МУШКИЛОТИ АСОСИИ РУШДИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТИЮ КОММУНИКАТСИОНӢ
§1. Ҳолати заминаи меъёрии ҳуқуқии рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
6. Дар Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои иттилоот, иттилоотонӣ ва рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ қабул карда шуда, мавриди амал қарор доранд.
7. Ҳамзамон, заминаи меъёрии ҳуқуқии мавҷуда, масъалаҳои стандартҳои техникию технологӣ ва дастурҳои таъсису фаъолияти низомҳои иттилоотӣ-дохилиидоравӣ ва байниидоравиро нокифоя танзим менамояд. Бинобар ин, зарурати таҳияи Барномаи коркарди низоми стандартҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бо нишондоди соҳаҳои афзалиятноки стандартикунонӣ дар технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, инчунин қабули таснифот ва маълумотномаҳои ягона ба миён омадааст.
8. Айни замон сабабҳои асосии дар сатҳи зарурӣ амалӣ нагардидани мубодилаи иттилоотии дохилиидоравӣ ва байниидоравӣ дар мақомоти идоракунии давлатӣ инҳо мебошанд:
- набудани стандартҳои ягона дар коркард ва истифодабарии низомҳои иттилоотӣ;
- набудани стандартҳо ва талабот оид ба татбиқи таъминоти барномавӣ;
- набудани мутобиқгардонии вазифаҳо ва расмиёти дохилиидоравӣ ва байниидоравии мақомоти давлатӣ, ки ба шакли электронӣ гузаронидани иттилооти дар шакли коғазӣ мавҷудбударо таъмин менамояд;
- набудани мутобиқгардонии расмиёти маъмурии стандартҳои ягонаи таъсис ва истифодабарии низомҳои иттилоотии дохилиидоравӣ ва байниидоравӣ, тадбиру усулҳо ва протоколҳои ягонаи ҳамкории электронии дохилиидоравӣ ва байниидоравӣ;
- набудани инфрасохтори ягонаи таъмини ҳамкории электронии дорои аҳамияти ҳуқуқидошта дар асоси истифодабарии имзои электронии рақамӣ ва мобилии рақамӣ;
- набудани талаботи ягона оид ба ташаккул ва тасдиқи стандартҳои ягонаи коркард ва истифодаи низомҳои иттилоотию коммуникатсионӣ.
9. Таҳия ва амалисозии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва муҳити танзими техникии соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои расидан ба мақсадҳои дар Барнома гузошташуда шарти зарурӣ мебошад.
§2. Ҳолати манбаъҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ
10. Дар давраи солҳои 2014-2017 баъзе аз вазорату идораҳо дар самти коркарди манбаъҳои маълумоти дохилӣ ба дастовардҳо ноил гардиданд, инчунин додугирифти маълумот қисман автоматӣ карда шуд. Ҳамзамон масъалаҳои ҳалталабе мавҷуданд, ки ба рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар мақомоти давлатӣ монеъ мешаванд. Ин пеш аз ҳама:
- кофӣ набудани кадрҳои ихтисосманди соҳавӣ;
- маҳдуд ё мавҷуд набудани маълумоти соҳавии илмию техникӣ бо забони давлатӣ;
- сатҳи гуногуни автоматикунонии равандҳо, рушди инфрасохтори иттилоотӣ ва сифати барномаҳои татбиқшуда;
- мавҷуд набудани талаботи ягона оид ба таъмини мутобиқат ва ҳамгироии манбаъҳои иттилоотии давлатӣ;
- номукаммал ворид намудан ё мавҷуд набудани шаклҳои ҳамгироишудаи феҳристҳои давлатии электронӣ, классификаторҳо ва маълумотномаҳо;
- хароҷоти такрории мақомоти давлатӣ барои коркард ва пешбурди феҳристҳои маълумоти электронии ягона;
- инфрасохтори номукаммали технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар баъзе вазорату идораҳо;
- мавҷуд набудани қоидаҳои ягонаи додугирифти маълумот байни мақомоти давлатӣ;
- хусусияти дохилиидоравӣ доштани татбиқи воситаҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;
- мавҷуд набудани зерсохторҳои махсуси технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар баъзе мақомоти давлатӣ.
§3. Вазъи техникии инфрасохтори технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
11. Ҳисобрасии инфрасохтори техникии вазорату идораҳо ба ҳолати 1 январи соли 2018 нишон дод, ки кормандони дастгоҳҳои марказии вазорату идораҳо бо техникаи компютерии фардӣ ва дигар техникаи ёрирасон қисман таъмин гардидаанд.
12. Дар аксарияти вазорату идораҳо камбудиҳои зерин ҳоло ҳам ҳалли худро наёфтаанд:
- ба таври кофӣ таъмин набудани кормандон бо техникаи компютерии муосир;
- истифодабарии техникаи куҳнашудаи компютерии ба талаботи низомҳои иттилоотии муосир ҷавобгӯйнабуда;
- нопурра ва ё умуман набудани ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи коммутатсионӣ ва серверӣ;
- кам ё мавҷуд набудани таҷҳизоти серверӣ ё шабакавӣ, инчунин қисмҳои эҳтиётӣ барои онҳо;
- мавҷуд набудани шабакаи ҳисоббарори дохилӣ ва минтақавӣ;
- сифати паст ва нархи баланд доштани хизматрасонии Интернет, ки аз тарафи интернет-провайдерҳо пешниҳод мешаванд;
- мавҷуд набудани муқаррароти ягонаи хизматрасонии марказҳои коркарди маълумот ва ҳуҷраҳои серверӣ;
- мавҷуд набудани хати алоқаи эҳтиётии интиқоли маълумот дар баъзе мақомоти давлатӣ.
§4. Додугирифти мавҷудаи иттилооти электронӣ
13. Натиҷаи амлисозии барномаи давлатӣ оид ба рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, тамоюли мусбати рушди додугирифти маълумотро бо истифодаи технологияҳои вақти мустақим (online) ва ғайримустақим (offline) байни баъзе вазорату идораҳо ва ташкилотҳои қарзӣ нишон дода истодааст.
14. Айни замон, дар доираи лоиҳаи амалкунандаи мубодилаи байниидоравии ҳуҷҷатҳо шабакаи нурию нахии байниидоравии давлатӣ, ки барои он хизматрасонии босифат бо таъмини меъёрҳои муносиби амнияти интиқоли маълумот зарур аст, аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор гардида, васеъ карда мешавад.
15. Бинобар мавҷуд набудани мутобиқати таъминоти барномавию техникӣ ҳангоми додугирифти иттилоот дар баъзе вазорату идораҳо услуби гуногуни додугирифти маълумот истифода мешаванд. Аксаран додугирифти иттилоот хусусияти номураттаб дорад, яъне идораҳо бо як усул иттилоотро интиқол дода, комилан бо усули дигар иттилоотро аз дигар идораҳо қабул мекунанд.
16. Ҳамзамон, қоидаи умумии мувофиқашудаи додугирифти маълумот ҷой надорад, ки ин боиси хароҷоти зиёдатӣ ҳангоми интиқоли як шакли маълумот ба идораҳои гуногун мегардад.
17. Мавҷуд набудани маркази ягонаи коркарди маълумот ва маркази телекоммуникатсионии маълумот дар маҷмӯъ ба қабул ва коркарди иттилооти беаҳамият ва беэътимод оварда мерасонад.
18. Низомҳои иттилоотии давлатии истифодашаванда аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар шароити мавҷуд набудани заминаи ягонаи меъёрии ҳуқуқии батанзимдароранда ва ҳамоҳангсозандаи ин равандҳо алоҳида ташкил дода шудаанд.
19. Пойгоҳи додаҳои як мақомоти давлатӣ аксаран барои истифодаи фаврӣ ба дигар мақомоти давлатӣ дастнорас мебошанд, ки дар амалия ҳангоми додугирифти иттилоот дар сатҳи байниидоравӣ боиси батаъхирмонии назарраси муваққатӣ, ҷамъоварии чандинбора ва такроршавӣ дар низомҳои алоҳида мегардад.
20. Дар натиҷа чунин низомҳои иттилоотӣ маълумоти дорои сатҳи гуногуни саҳеҳият ва аҳамиятро дар бар мегиранд. Ҳамзамон, қисми иттилооти фаврӣ аз нав карда намешавад, ки он низ ба номутобиқатӣ ва мухолифати маълумоти дар он ҷойдошта сабаб мегардад.
21. Шаклҳои гуногуни нигоҳдошти маълумот имконияти истифодабарии воситаҳои автоматикунонидаи ҷустуҷӯ ва коркарди таҳлилии иттилооти дар низомҳои гуногун ҷойдоштаро маҳдуд месозанд.
22. Бо мақсади рушди фазои иттилоотӣ ва низоми ҳисоббаробаркунӣ тавассути ташкилотҳои қарзӣ дар қисми пардохти хизматрасониҳо, аз соли 2017 то инҷониб ташкилотҳои қарзӣ ба додугирифти байниидоравии иттилоот фаъолона пайваст шуда истодаанд.
§5. Хизматрасониҳои электронӣ ва "ҳукумати электронӣ"
23. Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 - 2017 ва Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби баъзе вазорату идораҳо корҳо оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои электронӣ ба аҳолӣ оғоз ёфтанд.
24. Дар қисми пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, таъсиси низомҳои нави иттилоотӣ ва рушди низомҳои мавҷуда дар мақомоти давлатӣ бо дар назар доштани талаботи амнияти иттилоотӣ ба нақша гирифта шудааст.
25. Бо мақсади пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ корҳо оид ба таъсис, рушди веб-портал ва нуқтаи дастаҷамъии (шлюзи) "ҳукумати электронӣ" дар қисми ҳамгироӣ бо низомҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ барои хизматрасониҳои давлатии электронӣ амалӣ карда мешаванд. Инчунин таъсиси нуқтаи дастаҷамъии пардохтии "ҳукумати электронӣ" дар қисми ҳамгироӣ бо низомҳои иттилоотии ҳамаи ташкилотҳои қарзӣ ва мақомоти давлатӣ дар назар гирифта шудааст.
26. Дар ин самт, дар навбати аввал, рушди заминаи меъёрии ҳуқуқии "ҳукумати электронӣ" ва стандартҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатии электронӣ бо истифода аз имзои электронии рақамӣ ва имзои мобилии рақамӣ зарур аст.
§6. Амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи иттилоот
27. Дар Барномаи мазкур таҳияи қоида ва меъёрҳои ягонаи нусхабардории эҳтиётӣ ва барқарорсозии маълумот дар назар дошта шуда буд. Аксаран, нусхабардории эҳтиётии пойгоҳи додаҳо ё амалӣ карда намешаванд ва ё бо истифодаи усули осебпазир амалӣ мегарданд, ки ин дар ҳолати рух додани садама боиси пурра нобуд гаштани маълумот шуда метавонад.
28. Айни замон дар сохторҳои давлатӣ норасоии кадрҳои соҳаи амнияти иттилоотӣ ба назар мерасад. Бинобар ин, Барнома чорабиниҳоро оид ба таҳия ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, инчунин омӯзиш ва аттестатсияи кормандонро дар самти мазкур пешбинӣ менамояд. Таҳлил нишон дод, ки аксарияти вазорату идораҳо ҷиҳати таъмини амнияти иттилоотӣ дар низомҳои коркарди иттилоот, ки аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ иборат мебошанд, бояд чораҳои заруриро тибқи талаботи амнияти иттилоотӣ роҳандозӣ намоянд.
3. МАҚСАДҲОИ АСОСӢ, АФЗАЛИЯТ ВА МАРҲИЛАҲОИ ТАТБИҚИ БАРНОМА
29. Мақсадҳои асосии Барнома:
- баланд бардоштани сифат ва самаранокии фаъолияти мақомоти идоракунии давлатӣ дар асоси ташкил ва рушди низомҳои иттилоотӣ;
- баланд бардоштани самаранокии татбиқи вазифаҳои асосии давлатӣ тавассути таъсис ва рушди низоми давлатии хизматрасонии электронӣ;
- ташкил намудани додугирифти байниидоравии иттилоот байни мақомоти давлатӣ ва дар ин асос васеъ намудани манбаи андозбандӣ;
- таҳияи қарорҳои асоснок дар асоси истифодабарии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва таъмини дастрасӣ ба маълумоти зарурӣ барои мақомоти давлатӣ;
- рушди низоми амнияти иттилоотӣ, ки истифодаи ҳуқуқӣ ва бехатарии технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро таъмин менамояд.
30. Барои ноил гардидан ба мақсадҳои Барнома, таъмини иҷрои як қатор вазифаҳо, ки самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб мераванд, зарур аст.
Такмил додани заминаи меъёрии ҳуқуқии рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, аз ҷумла:
- таъсиси гурӯҳи кории байниидоравии доимамалкунанда оид ба таъмини иҷрои Барномаи мазкур ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он;
- таҳияи барномаи коркарди низоми стандартҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;
- таҳияи қоидаҳои додугирифти ҳуҷҷатҳо дар шакли электронӣ ҳангоми ба роҳ мондани ҳамкории иттилоотии мақомоти давлатӣ;
- таҳия ва тасдиқи стандартҳои ягона оид ба коркард ва истифодабарии низомҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар мақомоти давлатӣ;
- таъмини мониторинг, таҳлил, арзёбии раванди татбиқи Барнома.
Рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар мақомоти идоракунии давлатӣ, аз ҷумла:
- таҳлил ва таҳияи дастури методӣ барои мутобиқсозии бизнесравандҳои идоравӣ;
- таҳия ва татбиқи талаботи умумӣ оид ба таъмин намудани мутобиқат ва ҳамгироии манбаъҳои иттилоотии давлатӣ;
- такмили инфрасохтори техникии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва хатҳои интиқоли маълумот;
- таҳияи модели додугирифти иттилоот барои низомҳои иттилоотӣ, ки харҷи такрориро истисно мекунад;
- таҳия ва татбиқи Барномаи баланд бардоштани савияи дониши компютерии хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла дар асоси технологияҳои таълими фосилавӣ;
- ташаккул ва рушди низоми давлатии иттилооти илмию техникӣ (манбаъҳои таълимии интернетӣ);
- насби таъминоти барномавии иҷозатномадор (низомҳои омилӣ ва барномаҳои зиддивирусӣ) дар ҳамаи ҷойҳои кории автоматикунонидашуда.
Таҳкими иқтидори техникии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии мақомоти идоракунии давлатӣ, аз ҷумла:
- муайян намудани эҳтиёҷот ба ҷиҳозонидани техникӣ барои мутобиқат ба талаботи техникии муосир;
- таъмин намудани кормандони мақомоти идоракунии давлатӣ бо техникаи муосири компютерӣ ва (ё) навсозии техникаи компютерии мавҷуда;
- таъмини мақомоти давлатӣ бо ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи серверӣ ё ҷойгир намудани манбаъҳои иттилоотӣ дар заминаи марказҳои коркарди иттилоотии мавҷудбуда;
- таҳия ва қабули санади дахлдор, ки хизматрасонӣ ва нигоҳдории марказҳои коркарди маълумоти мақомоти давлатиро ба танзим медароранд;
- таҳияи талабот ба интернет-провайдерҳо дар самти пешкаш намудани хизматрасонии дастрасӣ ба Интернет барои мақомоти идоракунии давлатӣ;
- рушди дастрасии фарохмарз (бо истифодаи шабакаҳои нурию нахӣ).
Ташаккули низоми самараноки додугирифти иттилоот, аз ҷумла:
- таъмини мутобиқати таъминоти барномавию техникӣ ҳангоми додугирифти иттилоот;
- таъмин намудани шароити баробаркунии дараҷаи аҳамиятнокӣ ва дақиқии маълумот ҳангоми додугирифти иттилоот;
- иваз намудани низоми амалкунандаи ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкии мавҷуда ба низоми муосири автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо барои пардохтҳои калон ва фаврӣ;
- иҷрои корҳо оид ба паҳн намудани реҷаи автоматии интиқоли байнибонкии маблағҳо ба ҳамаи пардохтҳо.
Рушди хизматрасониҳои электронӣ ва "ҳукумати электронӣ", аз ҷумла:
- таъсиси инфрасохтор барои аз ҷониби мақомоти давлатӣ пешниҳод намудани хизматрасонии электронӣ бо истифода аз воситаҳои имзои электронии рақамӣ;
- омӯзиш ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки истифодаи имзои мобилии рақамиро ба танзим медароранд.
Таъмин намудани ҳифзи низоми иттилоотӣ аз дахолати тасодуфӣ ё барқасдона, аз ҷумла:
- таҳия ва татбиқи тартиби пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои садама дар низомҳои иттилоотӣ ва нақшаи барқарорсозии низомҳо баъд аз садама дар ҳар як мақомоти давлатӣ;
- таҳияи нақшаҳои самараноки нусхабардории эҳтиётии махзани маълумот аз тарафи ҳар як мақомоти идоракунии давлатӣ.
31. Дар марҳилаи якуми татбиқи Барнома дар соли 2018 ва нимсолаи якуми соли 2019 иҷрои вазифаҳои зерин дар назар дошта мешаванд:
- муайян намудани вазифаҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар карда шудаанд;
- гузаронидани таҳлил ва мутобиқсозии бизнес-равандҳои дохилиидоравӣ;
- муайян ва амалӣ намудани вазифаҳои афзалиятнок, ки автоматикунониро талаб менамоянд;
- муайян намудани эҳтиёҷот ба ҷиҳозонидани техникӣ барои мутобиқат ба талаботи асосии техникии муосир;
- муайян намудани мақоми давлатие, ки барои пешбурди феҳристи манбаъҳои иттилоотии давлатӣ ва тасдиқи низомномаи он ваколатдор шудааст;
- коркарди модели додугирифти иттилоот барои низомҳои иттилоотӣ.
32. Дар марҳилаи дуюми татбиқи Барнома аз нимсолаи дуюми соли 2019 то соли 2020 иҷрои вазифаҳои зерин дар назар дошта мешавад:
- харидорӣ ё такмили техникаи муосири компютерӣ ва ташкили шабакаҳои минтақавии ҳисоббарори идоравӣ;
- тарҳрезии низомҳои иттилоотии идоравӣ ва муайян намудани талабот нисбат ба таҳия ё харидории онҳо;
- таҳия ё харидорӣ намудани низомҳои иттилоотии идоравӣ, ки додугирифти маълумоти байниидоравиро пешбинӣ менамояд;
- ташкили додугирифти байниидоравии иттилоот байни ҳамаи мақомоти давлатӣ;
- иваз намудани реҷаи ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкии мавҷуда ба реҷаи муосири автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо барои пардохтҳои калон ва фаврӣ;
- иҷрои корҳо оид ба паҳни реҷаи автоматии байнибонкии интиқоли маблағҳо ба ҳамаи пардохтҳо.
33. Дар нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи мазкур номгӯи чорабиниҳое оварда шудаанд, ки ҳалли масъалаҳои афзалиятнок ва ноил гаштан ба мақсадҳоро дар давраи татбиқи Барнома дар бар мегиранд.
4. ИДОРАКУНИИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
34. Идоракунии амалисозии Барнома барои таъмини сифати зарурии иҷрои чорабиниҳои пешбинигардида, ноил гардидан ба натиҷаҳои ба нақша гирифташуда, ташкили ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки барои амалисозии он масъул мебошанд, пешбинӣ шудааст.
35. Иҷрои чорабиниҳои зерин дар назар дошта мешавад:
- таъсиси гурӯҳи кории байниидоравии доимамалкунанда оид ба таъмини иҷрои Барномаи мазкур ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он;
- гузаронидани экспертизаи қарорҳои лоиҳавӣ дар доираи амалисозии Барнома таҳиягардида;
- таъмини дастгирии иттилоотии амалисозии Барнома;
- ҷорӣ намудани усулҳои идоракунии лоиҳавии амалисозии Барнома, таҳияи муқаррароти идоракунӣ ва низоми иттилоотии дастгирии татбиқи онҳо;
- муайян намудани вазифаҳои афзалиятноки татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар идоракунии давлатӣ барои дурнамои миёнамуҳлат;
- тавсифи таҷрибаи истифодабарии самараноки технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар идоракунии давлатӣ ва таҳияи методикаи интишори минбаъдаи он;
- бозёфти сарчашмаҳои дохилӣ ва берунаи маблағгузории татбиқи тадбирҳои рушди идоракунии соҳавӣ бо истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;
- арзёбии ҳарсолаи самаранокии фаъолияти мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ оид ба истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ ва хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ;
- мониторинги харҷи маблағҳои буҷети давлатӣ барои татбиқи лоиҳаҳои зикргардида ва таҳия намудани хулосаҳои дахлдор;
- ҳамоҳангсозии амалӣ намудани лоиҳаҳо дар сатҳи байниидоравӣ.
36. Ҳамоҳангсозии фаъолияти татбиқи Барнома аз тарафи Шӯро оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маълумоти вазорату идораҳо, ки ҳар нимсола рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи мазкурро баррасӣ менамоянд, амалӣ карда мешавад.
37. Барои мониторинги иҷрои Барнома нишондиҳандаҳои зерин қабул карда шудаанд:
- шумораи кормандони дастгоҳи марказии мақомоти идоракунии давлатӣ, ки бо компютерҳои муосир таъмин карда шудаанд (%);
- шумораи кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии мақомоти идоракунии давлатӣ, ки бо компютерҳои муосир таъмин карда шудаанд (%);
- шумораи мақомоти марказии иҷроия, ки дар онҳо ҳуҷҷатгузории электронӣ дар дохили дастгоҳ ҷорӣ карда шудааст (воҳид);
- шумораи мақомоти марказии иҷроия, ки дар тамоми низоми онҳо ҳуҷҷатгузории электронӣ ҷорӣ карда шудааст (воҳид);
- ҳиссаи компютерҳои истифодашаванда, ки ба шабакаи ягонаи дохилии мақомоти давлатӣ пайваст карда шудаанд (%);
- шумораи мақомоти давлатие, ки ба шабакаи ягона пайваст гардида, мубодилаи электронии маълумотро байни худ ба роҳ мондаанд (воҳид);
- шумораи пойгоҳи додаҳои электронии мақомоти марказии иҷроия, ки ба дигар мақомоти давлатӣ дастрас мебошанд (воҳид);
- шумораи хизматрасониҳои электронӣ, ки ба аҳолӣ пешниҳод карда мешаванд (воҳид).
5. ТАЪМИНОТИ САРЧАШМАВИИ БАРНОМА
38. Таъминоти сарчашмавии Барнома дар асоси таҳлили харҷ ва давомнокии иҷрои ҳар як чорабинии Барнома ҳисоб карда мешавад. Арзиши корманд-рӯз дар асоси музди миёнаи меҳнати мутахассис (коршинос) дар басти кории ташкилот-иҷрокунанда бо дар назар доштани дигар хароҷот муайян карда мешавад. Ҳамзамон, хусусияти кор ба назар гирифта шуда, моддаҳои дахлдори хароҷоти буҷет муайян мегарданд.
39. Маблағгузории иҷрои чорабиниҳои Барнома аз ҳисоби сарчашмаҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
- воситаҳои молиявӣ, ки ба мақомоти давлатӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои мақсадҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар моддаи алоҳидаи хароҷот ҷудо карда мешаванд;
- сарчашмаҳои дигари маблағгузории буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ;
- кумаки молиявӣ ва техникии созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва хориҷӣ.
40. Эҳтиёҷоти умумӣ ба маблағгузории Барнома, аз ҷумла аз рӯи ҳар идора, дар раванди иҷрои он муайян карда мешавад.
6. НАТИҶАҲОИ ПЕШБИНИГАРДИДАИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
41. Рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ фаъолияти мақомоти давлатиро пурра тағйир дода, дар маҷмӯъ ҷиддан беҳтаргардии идоракунии давлатиро таъмин мекунад, ки ба мақсадҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мутобиқат менамояд.
42. Дар натиҷаи иҷрои нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барнома самаранокӣ дар самтҳои зерин дар назар дошта мешавад:
- баланд бардоштани самаранокии иҷрои вазифаҳои мақомоти давлатӣ аз ҳисоби таъмини дастрасӣ ва саҳеҳияти иттилооти истифодашаванда, истифодабарии махзанҳои ягонаи иттилоот;
- кам намудани хароҷоти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар самти ташкили додугирифти иттилоот дар сатҳи байниидоравӣ, инчунин аз ҳисоби рушди низоми байниидоравии ҳуҷҷатгузории электронӣ;
- баланд бардоштани фаврият ва сифати қарорҳои қабулшаванда, кам намудани хароҷоти идоракунӣ аз ҳисоби таъсиси низомҳои дахлдори иттилоотӣ, беҳтаргардонии инфрасохтори техникии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;
- ташаккули иқтидори иттилоотию коммуникатсионии мақомоти давлатӣ барои хизматрасонии минбаъдаи электронӣ ба аҳолӣ ва ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ ва дар ин замина ташкил намудани "ҳукумати электронӣ".
Замимаи 2