Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо мақсади таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Иҷрои Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ, инчунин ҷалби маблағҳои сармоягузории (грантии) ташкилотҳои дохилию хориҷӣ ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, амалӣ карда шавад.
3. Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, кишоварзӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади иҷрои барномаи мазкур, ҷиҳати ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
4. Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо амалисозии самараноки барномаи мазкурро таъмин намуда, ҳар сол то 10 феврал оид ба рафти иҷрои он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 октябри соли 2018 № 520
ш.Душанбе