Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998, № 306 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби иҷозатдиҳӣ барои идораи воситаҳои нақлиёт ва ба шаҳрвандон додани асноди ронандагӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

 

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.11.2019, № 550 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби иҷозатдиҳӣ барои идораи воситаҳои нақлиёт ва ба шаҳрвандон додани асноди ронандагӣ

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракати роҳ", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаи замимагардидаи тартиби иҷозатдиҳӣ барои идораи воситаҳои нақлиёт ва ба шаҳрвандон додани асноди ронандагӣ тасдиқ карда шавад.

2. Вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии худро бо ҳамин Низомнома мутобиқ гардонанд.

3. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи тартиби иҷозатдиҳӣ барои идораи воситаҳои нақлиёт ва ба шаҳрвандон додани асноди ронандагиро ба маълумоти вазорату идораҳои дахлдор, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилот, аҳолӣ расонад ва назоратро аз болои иҷрои талаботи Низомнома таъмин намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон      Э. Раҳмонов

аз 5 августи соли 1998 № 306

ш. Душанбе

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от 01.11.2019г.№550

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

"ОБ УТВЕРЖДЕНИИ ПОЛОЖЕНИЯ О ПОРЯДКЕ ДОПУСКА К УПРАВЛЕНИЮ ТРАНСПОРТНЫМИ СРЕДСТВАМИ И ВЫДАЧИ ГРАЖДАНАМ ВОДИТЕЛЬСКИХ ДОКУМЕНТОВ"

В соответствии с Законом Республики Таджикистан "О дорожном движении", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить прилагаемое Положение о порядке допуска к управлению транспортными средствами и выдачи гражданам водительских документов.

2. Министерствам, ведомствам Республики Таджикистан привести свои нормативные акты в соответствие с указанным Положением.

3. Министерству внутренних дел Республики Таджикистан довести положение о порядке допуска к управлению транспортными средствами и выдачи гражданам водительских документов до соответствующих министерств, ведомств, предприятий, учреждений, организации и населения, обеспечить контроль за выполнением требований Положения.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан            Э.Рахмонов

от 5 августа 1998 года, № 306

 г.Душанбе