Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2018 № 451 "Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои тавсиявии физиологии истеъмолии маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои тавсиявии физиологии истеъмолии маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи амнияти озуқаворӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Меъёрҳои тавсиявии физиологии истеъмолии маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

2. Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав дар мавриди зарурӣ ҷиҳати ворид намудани тағйирот ба меъёрҳои тавсиявии физиологии истеъмолии маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намоянд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 31 августи соли 2018 № 451

ш.Душанбе

 

Замима

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении рекомендуемых физиологических нормах потребления основных продуктов питания на душу населения Республики Таджикистан

В соответствии со статьей 6 Закона Республики Таджикистан "О продовольственной безопасности" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить рекомендуемые физиологические нормы потребления основных продуктов питания на душу населенияРеспублики Таджикистан (прилагаются).

2. Министерствам экономического развития и торговли, здравоохранения и социальной защиты населения, сельского хозяйства, труда, миграции и занятости населения, промышленности и новых технологий при необходимости вносить предложения по внесению изменений в рекомендуемые физиологические нормы потребления основных продуктов питания на душу населения Республики, Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 31 августа 2018 года, №451

*Приложение