Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2015, № 360
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба номгӯи шабакаҳои давлатии системаи Агентии обуҳавошиносӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2015, № 360 "Дар бораи Агентии обуҳавошиносӣ" тасдиқ гардидааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- сархатҳои шасту чорум ва шасту панҷум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- Стансияи ҳавосанҷии "Канаск";
- Стансияи ҳавосанҷии "Оббурдон"";
- сархати яксаду шасту панҷум хориҷ карда шавад.
2. Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории стансияҳои ҳавосанҷии "Канаск" ва "Оббурдон"-ро дар доираи маблағҳои ҳамасола пешбинигардидаи буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар сарчашмаҳо таъмин намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 августи соли 2018 № 457
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменения и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 30 мая 2015 года, №360
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. В перечень государственных сетей системы Агентства по гидрометеорологии, утверждённый постановлением Правительства Республики Таджикистан от 30 мая 2015 года, №360 "Об Агентстве по гидрометеорологии" внести следующие изменение и дополнения:
- дополнить абзацами шестьдесят четвертым и шестьдесят пятым следующего содержания:
"- Метеорологическая станция "Канаск";
- Метеорологическая станция "Оббурдон"";
- абзац сто шестьдесят пятый исключить.
2. Агентство по гидрометеорологии Комитета по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан осуществлять финансирование метеорологических станций "Канаск" и "Оббурдон" за счет предусмотренных ежегодных средств республиканского бюджета и других источников.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 31 августа 2018 года, № 457