Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2018 № 409 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2013, № 34"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2013, № 34

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2013, №34 "Дар бораи Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкорӣ" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- банди 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2. Низомнома, сохтор, ҳайати шӯрои нозирон ва нақшаи идоракунии муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1, 2, 3, 4)" (замимаи 4 замима мегардад);

- банди 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгоҳи марказии муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро бо бинои алоҳида ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо филиалҳои онро бо утоқҳои корӣ таъмин намоянд.".

2. Ба низомномаи муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2013, №34 "Дар бораи Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкорӣ" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар банди 7 пас аз калимаҳои "Фаъолияти Фонд" калимаҳои "ва филиалҳои он" илова карда шаванд;

- дар сархати нуҳуми банди 20 калимаи "сохтории" ба калимаҳои "сохторӣ ва филиалҳои" иваз карда шавад;

- дар сархати даҳуми банди 20 калимаҳои "маъмурию хоҷагӣ, инчунин" ба калимаҳои "сохторӣ, филиалҳо ва" иваз карда шаванд;

- ба банди 23 сархати сездаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- таъсис ва барҳам додани филиалҳои муассиса;";

- боби 9(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"9 (1)". ФИЛИАЛҲОИ МУАССИСА

41(1). Муассиса филиалҳои худро дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон, шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон таъсис дода, онҳоро бо таҷҳизот, дастгоҳҳо, воситаҳои дигари барои пешбурди фаъолият зарур таъмин менамояд.

41(2). Филиалҳо воҳидҳои алоҳидаи муассиса буда, бо мақсади хизматрасонӣ, ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо, омӯзиш ва таҳлили нақшаҳои тиҷоратӣ дар самти дастгирии соҳибкорӣ бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори шӯрои нозирони муассиса таъсис дода мешаванд.

41(3). Филиалҳои муассиса фаъолияти худро дар асоси низомномаи аз ҷониби директори муассиса тасдиқгардида ба роҳ мемонанд.

41(4). Филиалҳо барои нигоҳдории молу мулки истифодашаванда масъул мебошанд.".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 14 августи соли 2018 № 409

ш.Душанбе

Замимаи 4

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 14 августи с.2018, № 409

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Дастгоҳи марказӣ

Филиали муассиса дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Филиали муассиса дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд

Филиали муассиса дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон.