Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2018 № 396 "Дар бораи Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 27.05.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.07.2019 № 344, аз 27.05.2020 № 297)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2. Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва номгӯи ташкилотҳои системаи Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2,3 ва 4) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.05.2020 № 297).

3. Шумораи ниҳоии кормандони Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ихтисори воҳидҳои корӣ дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 45 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.07.2019 № 344).

4. Ба директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки ду муовин, аз ҷумла як муовини якум ва ҳайати мушовара иборат аз 5 нафар дошта бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.07.2019 № 344).

5. Барои Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ 3 адад муқаррар карда шавад.

6. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати як моҳ доир ба масъалаи ихтисори воҳидҳои корӣ дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии дахлдор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намояд.

7. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати ду моҳ масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намоянд.

8. Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати се моҳ тибқи тартиби муқарраргардида доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа таклиф пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

аз 6 августи соли 2018 № 396

ш.Душанбе

Замимаи 4   (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.05.2020 № 297)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2. Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).

3. Шумораи ниҳоии кормандони Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ихтисори воҳидҳои корӣ дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 35 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.

4. Ба директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки ду муовин, аз ҷумла як муовини якум дошта бошад.