Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2018 № 390 "Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, № 203"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, № 203

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Дар зербанди "б" замимаи 1 ба Қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, № 203 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудаанд, калимаҳои "роҳбари Хадамоти протоколии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "сардори хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини он," иваз карда шуда, калимаҳои "сардори Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон," хориҷ ва пас аз калимаҳои "роҳбарони мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо" калимаҳои ", мудирони шуъбаҳо ва сармутахассисони хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 3 августи соли 2018 № 390

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 апреля 2009 года, №203

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

В подпункте "б" приложения 1 к Правилам выдачи заграничных паспортов, содержащих электронные носители информации и свидетельства на возвращение в Республику Таджикистан гражданам Республики Таджикистан, утвержденным постановлением Правительства Республики Таджикистан от 2 апреля 2009 года, №203 "Об утверждении Правил выдачи заграничных паспортов, содержащих электронные носители информации и свидетельства на возвращение в Республику Таджикистан гражданам Республики Таджикистан", слова "Руководителю Протокольной службы Президента Республики Таджикистан" заменить словами "начальнику службы протокола Президента Республики Таджикистан и его заместителю", слова "начальнику Хозяйственного управления Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан," исключить и после слов "руководителям органов при Президенте Республики Таджикистан и их заместителям" дополнить словами ", заведующим отделам и главным специалистам службы протокола Президента Республики Таджикистан на основе предложения Руководителя Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 3 августа 2018 года, №390