Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2018 № 1083 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2016, № 737"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2016, № 737

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:

Ба боби 2 фасли II Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2016, № 737 "Дар бораи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шаванд:

- дар банди 5) §10 калимаҳои "Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" мувофиқан ба калимаҳои "Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- дар зербанди 5.2) §10 калимаҳои "Шӯъбаҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ" ва "бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ" мувофиқан ба калимаҳои "Шуъбаҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим" ва "бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим" иваз карда шаванд;

- дар §12 калимаҳои "Сармутахассис (оид ба корҳои дин)" ба калимаҳои "Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросим" иваз карда шаванд.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ Раҳмон

 

ш.Душанбе

8 августи соли 2018 № 1083

 

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений в указ Президента Республики Таджикистан от 15 августа 2016 года, №737

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" постановляю:

Внести в главу 2 раздела II Реестра государственных должностей Республики Таджикистан, утвержденного указом Президента Республики Таджикистан от 15 августа 2016 года, №737 "О Реестре государственных должностей Республики Таджикистан", следующие изменения:

- в пункте 5) §10 слова "Комитет по делам религии, упорядочения национальных традиций, торжеств и обрядов при Правительстве Республики Таджикистан" заменить словами "Комитет по религии, упорядочения традиций, торжеств и обрядов при Правительстве Республики Таджикистан";

- в подпункте 5.2) §10 слова "Отделы по делам религии, упорядочению национальных традиций, торжеств и обрядов" и "сектор по делам религии, упорядочению национальных традиций, торжеств и обрядов" заменить соответственно словами "Отделы по религии, упорядочения традиций, торжеств и обрядов" и "секторы по религии, упорядочения традиций, торжеств и обрядов";

- в §12 слова "Главный специалист (по делам религии)" заменить словами "Главный специалист по религии, упорядочения традиций, торжеств и обрядов".

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 8 августа 2018 года, №1083