Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2018 № 1540 "Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи амният"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АМНИЯТ"

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 13 июни соли 2018, № 1118

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 августи соли 2018, № 564

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011 "Дар бораи амният" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 6, мод. 434; с. 2014, № 11, мод. 646; с. 2016, № 3, мод. 136) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Аз матни моддаи 2, сархати шонздаҳуми моддаи 10, сархати ёздаҳуми моддаи 12, сархати дуюми моддаи 13, сархати сеюми қисми 3 моддаи 20, қисми 4 моддаи 21 ва қисми 2 моддаи 27 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

2. Дар қисми 1 моддаи 16, сархати дуюми қисми 4 моддаи 18 ва қисми 5 моддаи 28 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.

3. Ҷумлаи сеюми қисми 3 моддаи 28 хориҷ карда шавад.

4. Моддаи 30(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 30(1). Котиботи Шӯрои амният

1. Барои таъмини фаъолияти Шӯрои амният котиботи Шӯрои амният таъсис дода мешавад.

2. Котиботи Шӯрои амният воҳиди сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

3. Низомномаи котиботи Шӯрои амният бо пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 3 августи соли 2018, № 1540

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ И ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О БЕЗОПАСНОСТИ"

Принят Постановлением  МН МОРТ

от 13 июня 2018 года, №1118

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 2 августа 2018 года, №564

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 28 июня 2011 года "О безопасности" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2011 г., №6, ст. 434; 2014 г., №11, ст. 646; 2016 г., №3, ст. 136) следующие изменение и дополнение:

1. Третье предложение части 3 статьи 28 исключить.

2. Дополнить статьей 30(1) следующего содержания:

"Статья 30(1). Секретариат Совета безопасности

1. Для обеспечения деятельности Совета безопасности создается секретариат Совета безопасности.

2. Секретариат Совета безопасности является структурным подразделением Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан.

3. Положение о секретариате Совета безопасности утверждается Президентом Республики Таджикистан по представлению Руководителя Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 3 августа 2018 года, №1540