Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2018 № 382 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, № 303"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, № 303

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №303 "Дар бораи коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиентҳо барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳ" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар банди 3 калимаҳои "ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон" ба калимаҳои "деҳот, шаҳрак ва деҳаҳое, ки дар баландии зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошанд" иваз карда шаванд;

- банди 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"4. Дар ҳудуди деҳот, шаҳрак ва деҳаҳое, ки дар баландии зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошанд, ҳисоб кардани коэффитсиентҳои "ноҳиявӣ, коэффитсиент барои кор дар ноҳияҳои баландкӯҳ бе маҳдудият аз рӯи музди меҳнати моҳонаи кормандон амалӣ карда шавад.".

2. Дар сутуни дуюми Номгӯи ҷамоатҳои деҳот, шаҳрак ва деҳаҳо, ки дар баландии зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №303 тасдиқ шудааст, калимаҳои "Ғончӣ", "Шӯрообод", "Ҷиргатол" ва "Тавилдара" мувофиқан ба калимаҳои "Деваштич", "Шамсиддин Шоҳин", "Лахш" ва "Сангвор" иваз карда шаванд.

3. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии худро бо қарори мазкур мутобиқ намоянд.

4. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2019 мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 августи соли 2018 № 382

ш.Душанбе