Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2018 № 381 "Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009, № 256"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009, № 256

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009, № 256 "Дар бораи тасдиқи оинномаи ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз" банди 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"3. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз" дар доираи салоҳияти худ директорони ҷониби Тоҷикистонро дар Шӯрои директорони ширкати "Trans-Tajik Gaz pipeline Company Limited" дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод намуда, ҳармоҳа оид ба рафти амалишавии лоиҳаи сохтмони хатти лӯлаи гази "Тоҷикистон-Хитой" ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 августи соли 2018 № 381

ш.Душанбе