Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2013, № 495
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба замимаи 1 "Ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2013, № 495 "Дар бораи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- сархатҳои даҳум, понздаҳум, ҳабдаҳум ва ҳаждаҳум хориҷ карда шаванд;
- сархатҳои ҳаштум, нуҳум, даҳум, ёздаҳум ва дувоздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Намояндаи раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа);".
2. Аз банди 2 замимаи 2 "Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2013, № 495 "Дар бораи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хурокворӣ" тасдиқ шудааст, калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 июли соли 2018 № 361
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 ноября 2013 года, №495
В соответствии со статьёй 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Внести в приложение 1 "Состав Координационного совета по безопасности пищевых продуктов", утверждённое постановлением Правительства Республики Таджикистан от 2 ноября 2013 года, №495 "О Координационном совете по безопасности пищевых продуктов", следующие изменения и дополнения:
- исключить абзацы десятый, пятнадцатый, семнадцатый и восемнадцатый;
- дополнить абзацами восьмым, девятым, десятым, одиннадцатым и двенадцатым следующего содержания:
"Заместитель председателя Комитета по продовольственной безопасности при Правительстве Республики Таджикистан;
Заместитель председателя Комитета по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан;
Заместитель начальника Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан;
Заместитель начальника Службы государственного надзора в сфере здравоохранения и социальной защиты населения Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан;
Представитель управления развития инфраструктуры Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан (по согласованию);".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 31 июля 2018 года, №361