Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2018 № 363 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2015, № 127"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2015, № 127

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Низомномаи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2015, № 127 "Дар бораи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад: I

- дар банди 8 калимаҳои "Муовинони", "Муовинон", "муовинони", "мебошанд" ва "мекунанд" мутаносибан ба калимаҳои "Муовини", "Муовин", "муовини", "мебошад" ва "мекунад" иваз карда шуда, калимаҳои "ва намояндаи ташкилоти ҷамъиятӣ" хориҷ карда шаванд;

- дар банди 9 калимаи "чор" ба калимаи "ду" иваз карда шавад;

- дар банди 10 рақами "22" ба рақами "26" иваз карда шавад;

- дар банди 16 калимаҳои "ба таври озмун интихоб" ба калимаҳои "бо пешниҳоди раиси Кумитаи миллӣ аз ҷониби аъзои Кумитаи миллӣ тасдиқ" иваз карда шаванд;

- дар банди 16 сархати якум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- дар доираи ваколатҳояш фаъолият намуда, масъалаҳоро дар мувофиқа бо раиси Кумитаи миллӣ ҳал менамояд;";

- дар сархати сеюми банди 16 калимаи "муовинони" ба калимаи "муовини" иваз карда шавад;

- дар сархати ҳаштуми банди 16 пас аз калимаи "байналмилали" калимаҳои "дар мувофиқа бо аъзои Кумитаи миллӣ" илова карда шаванд;

- дар сархати даҳуми банди 16 аломати нуқтавергул ";" ба аломати нуқта иваз карда шавад;

- сархати ёздаҳуми банди 16 хориҷ карда шавад.

2. Ҳайати Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2015, № 127 тасдиқ гардидааст, дар таҳрири нав ифода карда шавад (замима мегардад).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 июли соли 2018 № 363

ш.Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 июли соли 2018, № 363

тасдиқ шудааст

Ҳайати Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Кумитаи миллӣ;

2. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини раиси Кумитаи миллӣ; Аъзои Кумитаи миллӣ:

3. Сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4. Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

5. Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6. Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

7. Муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

8. Муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

9. Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

10. Муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

11. Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

12. Муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

13. Муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

14. Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

15. Муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; I

16. Муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

17. Директори кишварии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа);

18. Роҳбари дафтари Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа);

19. Директори кишварии ЮСАИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа);

20. Ташкилоти байналмилалии лоиҳаи "ХОУП" (аз рӯи натиҷаи интихобот);

21. Ташкилоти ҷамъиятӣ (аз рӯи натиҷаи интихобот);

22. Ташкилоти ҷамъиятӣ (аз рӯи натиҷаи интихобот);

23. Ташкилоти ҷамъиятӣ (аз рӯи натиҷаи интихобот);

24. Ташкилоти ҷамъиятӣ (аз рӯи натиҷаи интихобот);

25. Ташкилоти ҷамъиятӣ (аз рӯи натиҷаи интихобот);

26. Ташкилоти ҷамъиятӣ (аз рӯи натиҷаи интихобот).