Қарори укумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2018 № 346 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, № 257"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, № 257

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, № 257 "Дар бораи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақамҳои "272" ва "40" мутаносибан ба рақамҳои "278" ва "46" иваз карда шаванд.

2. Ба Низомномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, № 257 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- сархати панҷуми банди 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои дигарро оид ба таҳия ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, барномаҳо оид ба рушди соҳаҳои кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш амалӣ менамояд;";

- дар сархати ҳаштуми банди 4 пас аз калимаи "ҷавонон" калимаҳои ", тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш" илова карда шаванд;

- дар сархати ёздаҳуми банди 4 калимаи "ҷавононро" ба калимаҳои "ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро" иваз карда шаванд;

- дар сархати сию сеюми банди 4 калимаҳои "машқӣ-варзиширо" ба калимаҳои "таълимию машқиро" иваз карда шаванд;

- дар сархати панҷоҳу якуми банди 4 калимаҳои "дараҷа, унвонҳои варзишӣ ва дараҷаву унвонҳои тахассусӣ" ба калимаҳои "дараҷа ва унвонҳои варзишӣ, фахрӣ ва дараҷаҳои тахассусӣ" иваз карда шаванд;

- дар сархати нуҳуми банди 9 пас аз калимаҳои "муқарраргардида ба" калимаҳои "кормандони мақомоти дар нақшаи идоракунии Кумитаи зикргардида," илова карда шаванд;

- дар сархати сенздаҳуми банди 9 пас аз калимаҳои "қабул мекунад" калимаҳои "ва супоришҳо медиҳад." илова карда шаванд.

3. Ба Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, № 257 тасдиқ шудааст, сархати чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаб;".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

аз 4 июли соли 2018 № 346

ш.Душанбе