Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2018 № 344 "Дар бораи иваз кардани номи муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи иваз кардани номи муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин"

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Номи муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин" ба муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб" иваз карда шавад.

2. Сархати чоруми Номгӯи муассисаю ташкилотҳои системаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, № 257 "Дар бораи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб;".

3. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаи мазкурро ҳал намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

аз 4 июли соли 2018 № 344

ш.Душанбе