Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018 № 333 "Дар бораи таъсиси корхонаи давлатии фаръии корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси корхонаи давлатии фаръии корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"

Мутобиқи моддаи 29 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 126 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ" ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" ҷиҳати таъсис додани корхонаи давлатии фаръии "Кофтуков ва пармакунии чоҳҳои амудӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ" бо ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ иҷозат дода шавад.

2. Дар банди 18 Оинномаи корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2001, № 357 "Дар бораи корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" тасдиқ шудааст, сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- корҳои кофтуков ва пармакунии чоҳҳои амудӣ;".

3. Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии корхонаи давлатии фаръии зикргардидаро ҳал намояд.

4. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

аз 21 июни соли 2018 № 333

ш.Душанбе