Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "21" июни соли 2018, № 332
тасдиқ шудааст
Низомномаи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 237, аз 16.10.2019 № 514, аз 29.12.2022 № 623)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Хадамот) мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро таъмин менамояд.
2. Хадамот дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро", фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
3. Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.
2. ВАКОЛАТҲОИ ХАДАМОТ
4. Хадамот дар соҳаи муқарраргардида вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:
- фаъолияти иҷрочиёни мақомоти иҷроро ташкил ва роҳбарӣ мекунад;
- кори иҷрочиёни мақомоти иҷроро назорат, таҳдид ва ҷамъбаст карда, ҷиҳати таъмини иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро чораҳо меандешад;
- ҳисоботи омории иҷрочиёни мақомоти иҷроро қабул ва ҷамъбаст менамояд;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби амалӣ намудани истеҳсолоти иҷроро муайян мекунад;
- дар ҳолати пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти иҷрочиёни мақомоти иҷроро таҳия ва қабул менамояд;
- таҷрибаи ягонаро вобаста ба татбиқи қонунгузорӣ дар бораи истеҳсолоти иҷро таъмин менамояд ва мониторинги онро амалӣ мегардонад;
- аз иҷрочиёни мақомоти иҷро маводи истеҳсолоти иҷро ва дигар ҳуҷҷатҳоро барои омӯзиш, санҷиш ва ҳалли масъалаҳое, ки бо иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро алоқамандӣ доранд, бе расонидани халал ба рафти истеҳсолоти иҷро талаб менамояд;
- шикоятҳоро аз рӯи қарорҳо ва амал (беамалии) иҷрочиёни мақомоти иҷро мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баррасӣ менамояд;
- омодагии касбӣ ва такмили ихтисоси иҷрочиёни мақомоти иҷроро ташкил менамояд;
- дар асоси пешниҳоди иҷрочии калони мақомоти иҷро, раёсатҳои иҷро дар вилоятҳо ва шуъбаи иҷро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тибқи тартиби муқарраргардида иҷрочиро барои меҳнати самаранок ва хизмати шоиста ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ барои сарфароз гардонидан ба мукофотҳои давлатӣ ва идоравӣ пешбарӣ менамояд;
- феҳристи қарздоронро бо ҳомили электронӣ ва коғазӣ пеш мебарад;
- нисбати кормандоне, ки дар фаъолияти худ бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд, чораҳои интизомӣ меандешад;
- дигар ваколатҳоро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад.
3. ҲУҚУҚҲОИ ХАДАМОТ
5. Хадамот дар соҳаи фаъолияти муқарраршуда чунин ҳуқуқҳо дорад:
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ маълумоти заруриро гирад;
- фаъолияти машваратӣ, таълимӣ ва дигар шакли фаъолиятро, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, анҷом диҳад;
- дар доираи ваколатҳои Хадамот метавонад семинар, маҷлис ва конференсияҳо гузаронад;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ коршиносону машваратчиёни заруриро вобаста ба масъалаҳои дахлдори фаъолияти Хадамот ҷалб намояд;
- чорабиниҳоро оид ба тайёр намудан, таҷрибаомӯзӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон ва иҷрочиёни мақомоти иҷро амалӣ намояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи истеҳсолоти иҷро ва такмили ихтисоси мутахассисон анҷом диҳад;
- барои баррасии масъалаҳои мансуб ба фаъолияти Хадамот шӯроҳо (комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ), аз ҷумла бо иштироки намояндагони дигар мақомоти идоракунии давлатӣ ташкил намояд;
- ҷиҳати такмили қонунгузории соҳа ба мақомоти ваколатдор таклифу пешниҳод намояд;
- соҳаҳои алоҳидаи истеҳсолоти иҷроро таҳлил намояд ва аз натиҷаи он ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол намояд;
- дигар ҳуқуқҳоро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, амалӣ намояд.
4.УҲДАДОРИҲОИ ХАДАМОТ
6. Хадамот дорои уҳдадориҳои зерин мебошад:
- таъминоти моддию техникии фаъолияти иҷрочиёни мақомоти иҷроро ташкил намояд;
- тартиби ба дигар иҷрочӣ вобаста намудани истеҳсолоти иҷроро ҳангоми рад намудани иҷрочӣ муайян намояд;
- истифодабарии суратҳисоби махсуси Хадамотро тибқи талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд;
- бевосита муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки аз муносибати кормандони Хадамот бармеояд, тибқи тартиби қонунгузорӣ мавриди баррасӣ қарор диҳад;
- дигар уҳдадориҳоро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, иҷро намояд.
5. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ХАДАМОТ
7. Ба Хадамот сардор роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
8. Сардор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.
9. Сардор ду муовин, аз ҷумла як муовини якум дорад, ки бо пешниҳоди сардори Хадамот аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
10. Воҳидҳои сохтории Хадамот метавонад аз раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳо оид ба самтҳои асосии фаъолияти Хадамот иборат бошад ().
11. Сардори Хадамот:
- роҳбарии умумии фаъолияти Хадамотро анҷом дода, кори онро ташкил менамояд;
- уҳдадориҳоро байни муовинони худ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ тақсим мекунад;
- низомномаҳои воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, мақомоти дар нақшаи идоракунии Хадамот ҷудогардида ва дастурамалҳои мансабии кормандонро тасдиқ мекунад;
- дар доираи ваколати худ фармоиш ва супоришҳоро, ки иҷрои онҳо барои кормандони Хадамот ҳатмӣ мебошад, қабул мекунад;
- дар асоси фонди музди меҳнат ва сохтори таъсиснамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати вазифаҳои Хадамот ва сметаи хароҷоти нигоҳдории Хадамотро дар доираи маблағгузории дахлдор, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ пешбинӣ гардидааст, бо розигии Вазорати молия тасдиқ мекунад;
- роҳбарон ва кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва мақомоти дар нақшаи идоракунии Хадамоти зикргардидаро тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод менамояд;
- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати таъмини молиявии фаъолияти Хадамот пешниҳодҳо манзур менамояд;
- истифодаи мақсадноки воситаҳои пулии Хадамотро таъмин намуда, ба ҳуҷҷатҳои молиявӣ ва пулӣ имзо мегузорад;
- тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигарро анҷом медиҳад;
ҳайати мушовараро роҳбарӣ мекунад ;
12. Хадамот дар фаъолияти худ ба Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
13. Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ, русӣ, муҳрҳои дахлдор, штампу бланкҳои идоравӣ мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.
14. Суроғаи ҳуқуқии Хадамот: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 8
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "21" июни соли 2018, № 332
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Раёсати ташкил ва назорати иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро
Раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ № 373)
Шуъбаи молия ва иқтисод
Шуъбаи умумӣ ва корҳои махсус ()
Раёсати пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронӣ (№ 373)
Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, таҳлил ва робита бо ҷомеа ()
Бахши технологияҳои иттилоотӣ ва рақамикунонӣ (№ 373)
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "21" июни соли 2018, № 332
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Раёсати иҷро дар вилояти Суғд
Раёсати иҷро дар вилояти Хатлон
Раёсати иҷро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ()
Иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "21" июни соли 2018, № 332
тасдиқ шудааст
Низомномаи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Хадамот) мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро таъмин менамояд.
2. Хадамот дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро", фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
3. Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.
2. ВАКОЛАТҲОИ ХАДАМОТ
4. Хадамот дар соҳаи муқарраргардида вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:
- фаъолияти иҷрочиёнро ташкил ва роҳбарӣ мекунад;
- кори иҷрочиёнро назорат, таҳдид ва ҷамъбаст карда, ҷиҳати таъмини иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро чораҳо меандешад;
- ҳисоботи омории иҷрочиёнро қабул ва ҷамъбаст менамояд;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби амалӣ намудани истеҳсолоти иҷроро муайян мекунад;
- дар ҳолати пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти иҷрочиёнро таҳия ва қабул менамояд;
- таҷрибаи ягонаро вобаста ба татбиқи қонунгузорӣ дар бораи истеҳсолоти иҷро таъмин менамояд ва мониторинги онро амалӣ мегардонад;
- аз иҷрочиёни суд маводи истеҳсолоти иҷро ва дигар ҳуҷҷатҳоро барои омӯзиш, санҷиш ва ҳалли масъалаҳое, ки бо иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро алоқамандӣ доранд, бе расонидани халал ба рафти истеҳсолоти иҷро талаб менамояд;
- шикоятҳоро аз рӯи қарорҳо ва амал (беамалии) иҷрочиёни суд мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баррасӣ менамояд;
- омодагии касбӣ ва такмили ихтисоси иҷрочиёнро ташкил менамояд;
- дар асоси пешниҳоди иҷрочии калон ва раёсатҳои иҷро дар вилоятҳо тибқи тартиби муқарраргардида иҷрочиро барои меҳнати самаранок ва хизмати шоиста ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ барои сарфароз гардонидан ба мукофотҳои давлатӣ ва идоравӣ пешбарӣ менамояд;
- феҳристи қарздоронро бо ҳомили электронӣ ва коғазӣ пеш мебарад;
- нисбати кормандоне, ки дар фаъолияти худ бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд, чораҳои интизомӣ меандешад;
- дигар ваколатҳоро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад.
3. ҲУҚУҚҲОИ ХАДАМОТ
5. Хадамот дар соҳаи фаъолияти муқарраршуда чунин ҳуқуқҳо дорад:
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ маълумоти заруриро гирад;
- фаъолияти машваратӣ, таълимӣ ва дигар шакли фаъолиятро, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, анҷом диҳад;
- дар доираи ваколатҳои Хадамот метавонад семинар, маҷлис ва конференсияҳо гузаронад;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ коршиносону машваратчиёни заруриро вобаста ба масъалаҳои дахлдори фаъолияти Хадамот ҷалб намояд;
- чорабиниҳоро оид ба тайёр намудан, таҷрибаомӯзӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон ва иҷрочиён амалӣ намояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи истеҳсолоти иҷро ва такмили ихтисоси мутахассисон анҷом диҳад;
- барои баррасии масъалаҳои мансуб ба фаъолияти Хадамот шӯроҳо (комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ), аз ҷумла бо иштироки намояндагони дигар мақомоти идоракунии давлатӣ ташкил намояд;
- ҷиҳати такмили қонунгузории соҳа ба мақомоти ваколатдор таклифу пешниҳод намояд;
- соҳаҳои алоҳидаи истеҳсолоти иҷроро таҳлил намояд ва аз натиҷаи он ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол намояд;
- дигар ҳуқуқҳоро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, амалӣ намояд.
4.УҲДАДОРИҲОИ ХАДАМОТ
6. Хадамот дорои уҳдадориҳои зерин мебошад:
- таъминоти моддию техникии фаъолияти иҷрочиёнро ташкил намояд;
- тартиби ба дигар иҷрочӣ вобаста намудани истеҳсолоти иҷроро ҳангоми рад намудани иҷрочӣ муайян намояд;
- истифодабарии суратҳисоби махсуси Хадамотро тибқи талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд;
- бевосита муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки аз муносибати кормандони Хадамот бармеояд, тибқи тартиби қонунгузорӣ мавриди баррасӣ қарор диҳад;
- дигар уҳдадориҳоро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, иҷро намояд.
5. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ХАДАМОТ
7. Ба Хадамот сардор роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
8. Сардор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.
9. Сардор ду муовин, аз ҷумла як муовини якум дорад, ки бо пешниҳоди сардори Хадамот аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
10. Сохтори Хадамот аз дастгоҳи марказӣ, раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳо иборат мебошад.
11. Сардори Хадамот:
- роҳбарии умумии фаъолияти Хадамотро анҷом дода, кори онро ташкил менамояд;
- уҳдадориҳоро байни муовинони худ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ тақсим мекунад;
- низомномаҳои воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, мақомоти дар нақшаи идоракунии Хадамот ҷудогардида ва дастурамалҳои мансабии кормандонро тасдиқ мекунад;
- дар доираи ваколати худ фармоиш ва супоришҳоро, ки иҷрои онҳо барои кормандони Хадамот ҳатмӣ мебошад, қабул мекунад;
- дар асоси фонди музди меҳнат ва сохтори таъсиснамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати вазифаҳои Хадамот ва сметаи хароҷоти нигоҳдории Хадамотро дар доираи маблағгузории дахлдор, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ пешбинӣ гардидааст, бо розигии Вазорати молия тасдиқ мекунад;
- роҳбарон ва кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва мақомоти дар нақшаи идоракунии Хадамоти зикргардидаро тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод менамояд;
- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати таъмини молиявии фаъолияти Хадамот пешниҳодҳо манзур менамояд;
- истифодаи мақсадноки воситаҳои пулии Хадамотро таъмин намуда, ба ҳуҷҷатҳои молиявӣ ва пулӣ имзо мегузорад;
- тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигарро анҷом медиҳад.
12. Хадамот дар фаъолияти худ ба Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
13. Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ, русӣ, муҳрҳои дахлдор, штампу бланкҳои идоравӣ мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.
14. Суроғаи ҳуқуқии Хадамот: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи...
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "21" июни соли 2018, № 332
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Раёсати ташкил ва назорати иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро
Шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва амнияти дохилӣ
Шуъбаи молия ва иқтисод
Бахши умумӣ ва корҳои махсус
Бахши пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронӣ
Бахши робитаҳои байналмилалӣ
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "21" июни соли 2018, № 332
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Раёсати иҷро дар вилояти Суғд
Раёсати иҷро дар вилояти Хатлон
Шуъбаи иҷро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон