Низомномаи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018 № 332

Санаи амалкуни: 29.12.2022

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "21" июни соли 2018, № 332

тасдиқ шудааст

дар таҳрири нав қабул карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.09.2025 № 508)

Низомномаи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Хадамот) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пешбурди сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро амалӣ менамояд.

2.Хадамот дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисгон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

3.Хадамот барои иҷрои вазифаҳои худҳамкориро бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари дахлдор, новобаста ба шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, тибқи қонунгузорӣ, инчунин тибқи тартиби муқарраргардида бо шарикони рушд ва мақомоти ваколатдори хориҷӣ ба роҳ мемонад.

2.ВАЗИФАҲО. ВАКОЛАТ ВА ҲУҚУҚҲОИ ХАДАМОТ

4.Хадамот дар соҳаи муқарраргардида вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

-таҳия ва амалисозии сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро;

-таъмини иҷрои дуруст ва саривақтии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷро;

-ташкил ва назорати истифодаи асосноккунии мутаносиби ҳуқуқӣ ва равандҳои шаффоф ҷиҳати таъмини амалҳои иҷро дар доираи истеҳсолоти иҷро ва амалигардонии тадбирҳои иҷрои маҷбурӣ;

-ташкили Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ва пеш бурдани он;

-амалӣ намудани тадбирҳо ҷиҳати рақамикунонии истеҳсолоти иҷро;

-таҳкими ҳамкории байниидоравӣ, таҳия ва амалигардонии нақшаҳо ва дигар санадҳои кории муштарак, барномаҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро;

-фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ташкили фаъолияти кормандони мақомоти иҷро ва амалӣ кардани таъминоти моддию техникии фаъолияти онҳо;

-ташкили баррасии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро;

-фароҳам овардани шароит барои бозомӯзӣ ва такмили ихгисоси кормандони мақомоти иҷро;

-истифодабарии суратҳисоби махсуси Хадамот тибқи талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-иҷрои дигар вазифаҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.

5.Хадамот мутобиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда дорои ваколатҳои зерин мебошад:

-таклифҳоро вобаста ба муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушд ва такмили минбаъдаи қонунгузорӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро пешниҳод менамояд;

-дурнамо ва банақшагирии стратегии рушди соҳаи истеҳсолоти иҷроро, аз ҷумла тавассути таҳияи консепсия, стратегия ва барномаҳои соҳавӣ ба амал мебарорад;

-лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таҳия карда, бо тартиби муқарраргардида барои баррасӣ пешниҳод менамояд;

-бо тартиби муқарраргардида стандартҳо, меъёрҳо ва қоидаҳоро дар соҳаи истеҳсолоти иҷро таҳия ва тасдиқ менамояд;

-фаъолияти иҷрочиёни мақомоти иҷроро ташкил ва роҳбарӣ мекунад;

-раванди пешбурди истеҳсолоти иҷроро назорат ва таҳлилу ҷамъбаст карда, ҷиҳати таъмини иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро чораҳо меандешад;

-ҳисоботи омории кормандони мақомоти иҷроро қабул ва ҷамъбаст менамояд;

-тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби амалӣ намудани истеҳсолоти иҷроро муайян мекунад;

-бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҷиҳати таъмини иҷрои дуруст ва саривақтии истеҳсолоти иҷро чораҳо, аз ҷумла амалҳои маҷбуриро татбиқ менамояд;

-бо мақсади рақамикунонии истеҳсолоти иҷро ҳамкории байниидоравиро ба роҳ монда, таъминоти барномавиро коркард ва ҷиҳати амалӣ кардани амалҳои маҷбурии иҷро тавассути технологияҳои рақамӣ чораҳо меандешад;

-равандҳои рақамикунонии истеҳсолоти иҷроро таҳия ва амалӣ намуда, дар ин самт санадҳои дахлдори маъмурӣ қабул менамояд;

-системаи иттилоотии автоматикунонидашудаи истеҳсолоти иҷроро пеш мебарад ва ҳамоҳангсозии мунтазами фаъолияти онро бо дигар мақомоти давлатӣ ва сохторҳои дахлдор бо мақсади баланд бардоштани самаранокии раванди иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро ва таъмини табодули муассири иттилоотӣ таъмин менамояд;

-бо дарназардошти рушди илм ва технологияи муосир, инчунин имкониятҳои рақамикунонӣ, дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалҳои вобаста ба истеҳсолоти иҷроро амалӣ менамояд;

-фурӯши молу мулки қарздоронро тавассути майдони ягонаи савдои электронӣ ба роҳ монда, тартиби амалӣ намудани онро муайян менамояд;

-бобати хабардор кардани тарафҳои истеҳсолоти иҷро аз раванди истеҳсолоти иҷро ва тадбирҳои маҷбурии иҷрои он, инчунин иттилоотонии аҳолӣ вобаста ба масъалаҳои қарздорӣ ва оқибатҳои он аз шабакаи алоқаи барқӣ истифода мебарад;

-ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳое, ки иҷрои истеҳсолоти иҷро ва ё амалҳои иҷроро мушкил мегардонанд ва ё ба иҷрои амалҳои иҷро монеъ мешаванд, муҳлати иҷрои истеҳсолоти иҷроро дароз менамояд;

-шакли ягонаи варақаи иҷроро, аз ҷумла дар шакли рақамӣ тасдиқ ва барои корбарӣ ба мақомоти дахлдор ирсол менамояд;

-амалисозии раванди татбиқи чораҳои маҷбурӣ, аз ҷумла муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздорон аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид намудани маълумот дар бораи қарздорон ба Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон, инчунин дигар амалҳои маҷбуриро ба роҳ монда, бобати танзими дурусти ин раванд санадҳои дахлдори ҳуқуқӣ қабул мекунад;

-тартиби истифодаи иттилооти дар Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ташаккулёфтаро, аз ҷумла тариқи музднок муайян менамояд;

-вобаста ба додани рутбаҳои дараҷавӣ ба кормандони мақомоти иҷро лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

-вобаста ба шакл, тартиб, муҳлат ва қоидаҳои пӯшидани либоси расмии кормандони мақомоти иҷро лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

-дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти иҷрочиёни мақомоти иҷроро таҳия ва қабул менамояд;

-таҷрибаи ягонаро вобаста ба татбиқи қонунгузорӣ дар бораи истеҳсолоти иҷро таъмин менамояд ва мониторинги онро амалӣ мегардонад;

-аз иҷрочиёни мақомоти иҷро маводи истеҳсолоти иҷро ва дигар ҳуҷҷатҳоро барои омӯзиш, санҷиш ва ҳалли масъалаҳое, ки бо иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро алоқамандӣ доранд, талаб менамояд;

-шикоятҳоро аз рӯйи қарорҳо ва амали (беамалии) иҷрочиёни мақомоти иҷро мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баррасӣ менамояд;

-омодагии касбӣ ва такмили ихтисоси иҷрочиёни мақомоти иҷроро ташкил менамояд;

-тибқи тартиби муқарраргардида кормандони мақомоти иҷроро барои меҳнати самаранок ва хизмати шоиста ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ барои сарфароз гардонидан ба мукофотҳои давлатӣ ва идоравӣ пешбарӣ менамояд;

-нисбати кормандоне, ки дар фаъолияти худ бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд, чораҳои интизомӣ меандешад;

-бо муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ оид ба масъалаҳои таълим ва бозомӯзии кормандони мақомоти иҷро дар соҳаи истеҳсолоти иҷро ҳамкорӣ мекунад;

-бо тартиби муқарраргардида бо мақсади таъминоти кадрии соҳа бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии техникии дахлдор ҳамкорӣ менамояд;

-ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи истеҳсолоти иҷро амалӣ менамояд;

-лоиҳаҳои сармоягузории давлатии пурра ба соҳаи истеҳсолоти иҷро тааллуқдоштаро ҳамоҳанг, самаранокии амалигардонии онҳоро таъмин, инчунин лоиҳаҳои навро дар ин соҳа тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ менамояд;

-дар доираи шаклҳои ҳамкорӣ бо сармоягузорон ва соҳибкорон лоиҳаҳои марбуг ба самти фаъолияти худро амалӣ менамояд;

-дар таҳияи лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалӣ ва амалигардонии ҳамкориҳои байналмилалӣ марбут ба соҳаи фаъолият иштирок менамояд;

-тибқи тартиби муқарраргардида шартномаҳои байналмилалӣ ва байниҳукуматиро дар соҳаи истеҳсолоти иҷро омода ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

-ба мақомоти дахлдори давлатӣ дар асоси омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешрафта дар самти истеҳсолоти иҷро таклифу пешниҳодҳо манзур менамояд;

-дигар ваколатҳоро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад.

6.Хадамот дар соҳаи фаъолияти муқарраршуда чунин ҳуқуқҳо дорад:

-дар доираи ваколати худ ва тибқи тартиби муқарраргардида аз мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маълумотеро, ки барои қабули қарорҳо доир ба масъалаҳои ба ваколати Хадамот дохиланд, талаб кунад ва ройгон дастрас намояд;

-намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқиро барои иштирок ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳое, ки ба ваколатҳои Хадамот дохиланд, ҷалб намояд ва иҷрои қарорҳои дар доираи ваколат қабулшударо талаб намояд;

-барои иҷрои фаъолият дар доираи ваколатҳои Хадамот бо мутахассисони баландихтисос, аз ҷумла мутахассисони хориҷӣ шартнома ба имзо расонад, инчунин такмили ихтисоси мутахассисонро дар хориҷи кишвар анҷом диҳад;

-чорабиниҳоро оид ба тайёр намудан, таҷрибаомӯзӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон ва иҷрочиёни мақомоти иҷро намояд;

-фаъолияти машваратӣ, таълимӣ ва шаклҳои дигари фаъолиятро, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, анҷом диҳад;

-дар доираи ваколатҳои Хадамот семинарҳои омӯзишӣ, мизҳои мудаввар, конференсияҳо ва дигар чорабиниҳо гузаронад;

-тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воситаҳои ахбори омма ҳамкорӣ намояд;

-хизматрасониро дар соҳаи истеҳсолоти иҷро амалӣ намояд;

-мақомоти ҳамоҳангсозӣ ва экспертро (шуроҳо, комиссияҳо, гуруҳҳои корӣ) аз ҷумла бо ҷалби шарикони рушд ва бахши хусусӣ бо мақсади амалигардонии самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро таъсис диҳад, низомномаҳои онҳоро тибқи тартиби муқарраршуда тасдиқ намояд;

-оид ба масъалаҳои марбут ба соҳаи истеҳсолоти иҷро, барномаҳои таблиғотӣ таҳия ва пахш намояд, буклетҳо ва иттилоотии дигарро паҳн намояд;

-нишонҳои соҳавии хизматӣ, аз ҷумла нишони сарисинагии «Аълочии мақомоти иҷро» ва ба онҳо сарфароз гардонидани кормандон ва шахсони воқеиро барои дастовардҳо ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи истеҳсолоти иҷро муқаррар намояд;

-ҷиҳати такмили қонунгузории соҳа ба мақомоти ваколатдор таклифҳо пешниҳод намояд;

-ба мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо дар ҳалли мушкилоти соҳаи истеҳсолоти иҷро кумаки амалӣ ва методӣ расонад;

-бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро амалӣ намояд;

-соҳаҳои алоҳидаи истеҳсолоти иҷроро таҳлил ва аз натиҷаи он ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол намояд;

-маълумот ва ҳисоботи солона оид ба соҳаи истеҳсолоти иҷроро дар сомонаи расмии Хадамот ҷойгир намояд;

-дигар ҳуқуқҳоро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, амалӣ намояд.

3.ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ХАДАМОТ

7.Хадамотро сардор роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

8.Сардори Хадамот барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.

9.Сардори Хадамот ду муовин, аз ҷумла як муовини якум дорад, ки бо пешниҳоди сардори Хадамот аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

10.Воҳидҳои сохтории Хадамот метавонанд аз раёсатҳо, шуъбаҳо, бахшҳо ва марказҳо оид ба самтҳои асосии фаъолияти Хадамот иборат бошанд.

11.Сардори Хадамот дар доираи ваколатҳои худ:

-аз номи Хадамот амал мекунад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар манфиатҳои онро муаррифӣ намуда, роҳбарии умумии фаъолияти Хадамотро амалӣ менамояд;

-вазифаҳоро байни муовинони худ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Хадамот тақсим мекунад;

-бо тартиби муқарраргардида роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, сохторҳои ҳудудӣ ва дигар кормандони Хадамотро ба мансаб таъин ва аз мансаб озод мекунад, нисбати онҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои ҷавобгарии интизомиро меандешад;

-низомномаҳои воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, сохторҳои ҳудудии Хадамот ва дастурамалҳои мансабии кормандонро тасдиқ менамояд;

-дар баррасӣ ва қабули қарор аз рӯйи масъалаҳои мансуб ба ваколатҳои Хадамот иштирок менамояд;

-дар доираи ваколатҳои худ оид ба масъалаҳои фаъолияти Хадамот фармоиш ва супоришҳоро, ки иҷрои онҳо барои кормандони Хадамот ҳатмӣ мебошад, қабул мекунад, инчунин дар ҳолати зарурӣ якҷо бо роҳбарони мақомоти давлатӣ ҳуҷҷатҳои якҷояи меъёрии ҳуқуқиро ба имзо мерасонад;

-мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самти фаъолият бо мақомоти давлати хориҷӣ ва шарикони рушд гуфтушунид анҷом медиҳад ва ба созишномаҳои байналмилалӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ имзо мегузорад;

-дар доираи ваколати худ кормандони Хадамотро, ки дар рушди соҳаи истеҳсолоти иҷро саҳм гузоштаанд, бо мукофотҳои пулӣ ҳавасманд мегардонад ва ба онҳо рутбаҳои дараҷавӣ ва тахассусӣ медиҳад;

-ба кормандони Хадамот ва кормандони шарикони ҳамкор, ки дар рушди соҳаи истеҳсолоти иҷро саҳм гузоштаанд ва ё ба нишондиҳандаҳои баланд ноил шудаанд, мукофотҳои соҳавӣ медиҳад;

-қарорҳои хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулнамудаи сохторҳои ҳудудии Хадамотро бекор мекунад, агар тартиби дигари бекор кардани онҳо муқаррар нашуда бошад;

-харҷнома ва ҷадвали воҳидҳои кории Хадамотро дар доираи фонди пардохти музди меҳнат ва шумораи кормандони аз ҷониби Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида, харҷномаи нигоҳдории онро дар доираи маблағҳои барои давраи дахлдор тасдиқгардида, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ пешбинӣ шудаанд, бо розигии Вазорати молия тасдиқ менамояд;

-ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати таъмини молиявии фаъолияти Хадамот пешниҳодҳо манзур менамояд;

-истифодаи мақсадноки воситаҳои пулии Хадамотро таъмин намуда, ба ҳуҷҷатҳои молиявӣ ва пулӣ имзо мегузорад;

-ҳайати мушовараро роҳбарӣ мекунад;

-назорати дохилиро дар Хадамот ташкил ва таъмин менамояд;

-фаъолияти молиявию хоҷагидории Хадамотро назорат менамояд;

-дар доираи вазифа, ваколат ва ҳуқуқҳои Хадамот тадбирҳои дигарро амалӣ менамояд.

12.Муовинони сардори Хадамот бевосита ба сардори Хадамот тобеъ ва ҳисоботдиҳанда буда, фаъолиятҳои худро тибқи супоришҳои сардори Хадамот ба роҳ мемонанд.

13.Дар ҳолати набудани сардори Хадамот, уҳдадорҳои ӯро муовини якуми сардори Хадамот ва дар сурати набудани муовини якум, муовини сардор иҷро менамояд.

14.Хадамот дар фаъолияти худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

15.Сардори Хадамот ва кормандони он мувофиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин Низомномаи мазкур фаъолият менамоянд.

16.Дар Хадамот таҳти роҳбарии сардори Хадамот ҳайати мушовара иборат аз 5 нафар таъсис дода мешавад, ки ба ҳайати он муовинони сардори Хадамот ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ дохил мешаванд. Аъзои ҳайати мушовара, ба ғайр аз шахсоне, ки аз рӯйи мансаб дохил мешаванд, бо пешниҳоди сардори Хадамот аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

17.Ҳайати мушовараи Хадамот дар ҷаласаҳои худ масъалаҳои муҳимми соҳаи истеҳсолоти иҷроро баррасӣ менамояд.

18.Қарорҳои ҳайати мушовара тибқи тартиби муқарраргардида бо аксарияти овози аъзои он қабул ва бо фармоиши сардори Хадамот ба расмият дароварда шуда, дар ҳолати зарурӣ барои иҷро ба мақомоти дахлдор ирсол мегарданд.

4.МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

19.Нигоҳдории Хадамот аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, маблағҳои махсуси Хадамот ва манбаъҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, ба роҳ монда мешавад.

20.Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ, русӣ, нишон, муҳрҳои дахлдор, штампу бланкҳои идоравӣ мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.

21.Ҳуқуқи истифодабарӣ ва идоракунии молу мулки давлатие, ки ба Хадамот супорида ё вобаста шудааст, мувофиқи қонунгузории амалкунанда амалӣ карда мешавад.

22.Маҳалли ҷойгиршавии дастгоҳи марказии Хадамот: 734001, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 8.

23.Номи пурраи Хадамот:

-бо забони давлатӣ: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-бо забони русӣ: Служба исполнения при Правительстве Республики Таджикистан;

бо забони англисӣ: Executive Service under the Government of the Republic of Tajikistan  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.09.2025 № 508)

Замимаи 2

Сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Раёсати таъмини иҷрои маҷбурӣ

Раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ

Раёсати феҳристи қарздорон ва татбиқи маҳдудиятҳо

Раёсати рақамикунонии истеҳсолоти иҷро

Шуъбаи молия ва иқтисод

Шуъбаи коргузорӣ ва назорат

Бахши муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.09.2025 № 508)

Замимаи 3

Нақшаи идоракунии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ

Раёсати Хадамоти иҷро дар шаҳри Душанбе

Раёсати Хадамоти иҷро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Раёсати Хадамоти иҷро дар вилояги Суғд

Раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Хатлон

Шуъбаҳо ва бахшҳои Хадамот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.09.2025 № 508)