Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "21" июни соли 2018, № 328
тасдиқ шудааст
Барномаи давлатии расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020
1. Муқаррароти умумӣ
1. Барномаи давлатии расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми солҳои 2015-2017 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидаанд, инчунин ҷиҳати амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ", амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
2. Дар марҳилаи татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 иҷрои маҷмӯи чорабиниҳо оид ба дастгирии иҷтимоии оилаҳои камбизоат ва табақаҳои осебпазири аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад.
3. Аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вазорату идораҳои дахлдор якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобаста ба амалӣ намудани тадбирҳо дар самти дастгирии иҷтимоии оилаҳои камбизоат ва дигар табақаҳои осебпазири аҳолӣ дар асоси қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ корҳои муайян анҷом дода мешаванд, ки ҷиҳати баланд бардоштани вазъи некуаҳволии мардум ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда мусоидат менамоянд. Тадбирҳои мазкур, дар навбати аввал, ба ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта ва камбизоат - маъюбон, нафақахӯрони яккаву танҳо, кӯдакони ятим ва бесаробонмонда, инчунин оилаҳои камбизоат равона карда шудаанд.
4. Мутобиқи Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006, №783 тасдиқ шудааст, кумакҳои иҷтимоии давлатӣ бояд хислати суроғавӣ ё унвонӣ дошта, дар асоси арзёбии воқеии вазъи некуаҳволии муроҷиаткунандагон таъин ва пешниҳод карда шаванд.
5. Тибқи маълумоти расмии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2017 дар ҷумҳурӣ сатҳи камбизоатӣ ба 30,3 фоиз баробар буда, тасмим гирифта шудааст, ки то соли 2020 сатҳи камбизоатӣ то ба 20 фоиз расонида шавад.
6. Тадбирҳои давлатӣ дар доираи сиёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бар пояи таҳлилҳои мунтазам ва алоқамандӣ ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ бунёд ёфта, таҳия ва мавриди амал қарор додани Барномаи давлатии расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 аз зумраи он василаҳое мебошад, ки дар раванди татбиқи чорабиниҳои мазкур мусоидат хоҳад кард.
2. Таҳлили вазъият
7. Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии шаҳрвандони (оилаҳои) камбизоат яке аз ҳадафҳои муҳими сиёсати давлатӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар паёми соли 2013 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки "Татбиқ намудани тартиби нави кумакпулиҳои унвонии иҷтимоӣ барои табақаҳои ниёзманди аҳолӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимест, ки ҳадафи он беҳтару шаффоф гардонидани низоми пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат мебошад".
8. Таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ тибқи Барномаи давлатии расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 (минбаъд- Барнома) аз рӯи шаклҳои кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ" муқаррар гардидаанд, барои шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат амалӣ карда мешавад.
9. Зарурати оғози ислоҳоти низоми кумакҳои иҷтимоии давлатӣ аз талаботи гузариш ба иқтисоди бозорӣ, тағйири шарту шароити зиндагии мардум ва дигар омилҳо бармеояд. Таҳия ва татбиқи барномаи дарозмуҳлати иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар барномаҳои қабулгардидаи давлатӣ имконият дод, ки сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат дар соли 2016 то 31 фоиз коҳиш ёбад.
10. Дар марҳилаи аввали амалисозии Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2002-2006 шурӯъ аз соли 2001 дар ҷумҳурӣ ду низоми таъин ва пардохти кумакпулӣ барои оилаҳои камбизоат ҷорӣ гардид:
- аввал, кумакпулӣ ба оилаҳои камбизоате, ки кӯдаконашон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таҳсил менамоянд;
- дуюм, аз соли 2004 инҷониб пардохти ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ.
11. Таҳлили натиҷаҳои пардохти ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ ва кумакпулӣ ба хонандагон аз оилаҳои камбизоат нишон дод, ки механизми мазкур барои дастгирии иҷтимоии табақаҳои ниёзманд то андозае мусоидат намудааст. Бо вуҷуди ин, ҷараёни босуръати иҷтимоию иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ ислоҳоти низоми мазкурро тақозо менамояд.
12. Дар доираи татбиқи Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва стратегияҳои миёнамуҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон механизми нави расонидани кумаки унвонии иҷтимоиро тавассути таъин ва пардохти кумакпулии иҷтимоии унвонӣ ба таври таҷрибавӣ оғоз намуд. Зимни ин амал шароит фароҳам гардид то сарчашмаи маблағгузории ҳар ду кумакпулиҳои иҷтимоии давлатӣ барои хонандагон аз оилаҳои камбизоат ва барои истифодаи неруи барқ ва гази табиӣ муттаҳид карда шуда, низоми нави таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвавдони камбизоатро бо истифода аз индикаторҳои муайянкунандаи вазъи некуаҳволӣ ва тарзи муосири арзёбии эҳтиёҷмандии онҳоро дар ду минтақа: шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ва ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон аз 1 январи соли 2011 мавриди озмоиш қарор дод.
13. Натиҷаи озмоиши механизми таҷрибавии таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат собит намуд, ки усули нави таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ аз як қатор бартариятҳо бархурдор мебошад, аз ҷумла:
- афзалияти асосӣ дар он аст, ки вазъи некуаҳволии оила ё шаҳрванд барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар асоси нишондиҳандаҳои молумулкӣ ва демографии оила (ҳайати оила, вазъи иҷтимоӣ, ба монанди маъюбӣ, бесаробон мондан, теъдоди фарзандони ноболиғ дар оила ва ғайра) бо усули муосири арзёбии ғайримустақими эҳтиёҷмандӣ муайян карда мешавад. Тибқи механизми қаблӣ индикатори асосӣ ин даромаднокии оила маҳсуб меёфт, ки на ҳама вақт дуруст муайян гардида ва ё пурра нишон дода мешавад;
- тибқи қоидаҳои механизми нав ҳамаи ташвишҳои шаҳрвандон барои ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои гуногун комилан коҳиш ёфта, вазъи камбизоатӣ барои гирифтани кумакпулӣ танҳо бо пешниҳоди ду шакли маълумотнома: дар бораи ҳайати оила ва молу мулки аъзои оила баҳогузорӣ карда мешавад. Мувофиқи механизми қаблӣ бошад барои таъини кумакпулӣ ё ҷубронпулӣ шаҳрвандонро зарур буд, ки ҳуҷҷатҳои зиёди тасдиқкунандаро аз мақомоти гуногун дастрас ва пешниҳод намоянд, ки дар бисёр мавридҳо ҳаҷми кумакпулии таъиншуда хароҷоти шаҳрвандонро барои ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо пӯшонида наметавонист;
- тибқи низоми нав коркарди маълумот оид ба муайянкунии вазъи некуаҳволии оила ё шаҳрванд барои гирифтани кумакпулии иҷтимоӣ тариқи барномаи электронии системаи иттилоотии феҳристи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ва формулаи ба алгоритми муайян асосёфтаи "арзёбии ғайримустақими эҳтиёҷмандӣ" ба роҳ монда шудааст, ки ин омил шаффофият ва дахлнопазирии қабули қарорро таъмин менамояд;
- бартарии дигари низоми нав дар он аст, ки андозаи кумакпулӣ нисбат ба андозаи кумакпулиҳои давлатии қаблӣ барои оилаҳои камбизоат нисбатан зиёд буда, ба некуаҳволии оила ё шаҳрванди камбизоат метавонад мусоидат намояд.
14. Таҳлилҳо, мониторинг ва арзёбии раванди амалишавии механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ собит намуданд, ки дар ин раванд низ як қатор камбудию нуқсонҳо ба мушоҳида мерасанд. Чунончӣ, тибқи натиҷаҳои таҳлили коршиносон қариб 47 фоиз хонаводаҳое (оилаҳое), ки дар сатҳи ниҳоии камбизоатӣ қарор доранд ва ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз доранд, аз кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бархӯрдор намебошанд. Дар баробари ин, 35 фоиз хонаводаҳое (оилаҳое), ки вазъи зиндагиашон нисбатан хубтар буда, дар сатҳи миёнаи камбизоатӣ қарор доранд, мутаассифона, ба гурӯҳи гирандагони кумакпулии унвонии иҷтимоӣ шомил карда шудаанд. Чунин ҳолат такмил додани низоми меъёрию ҳуқуқии кумакҳои унвонии иҷтимоиро тақозо намуда, зарурати таҳияи Барномаи мазкурро ба миён овардааст.
15. Дар давраи татбиқи механизми таҷрибавии таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ аризаи 333996 оила ё шаҳрванд барои гирифтани кумакпулии мазкур қабул ва ба махзани системаи иттилоотии феҳристи кумакҳои унвонии иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда щуд, ки аз ин миқдор, дар натиҷаи коркарди маълумоти пешниҳоднамудаи муроҷиаткунандагон дар асоси индикаторҳои муайянкунандаи вазъи некуаҳволӣ ва бо истифода аз усули арзёбии ғайримустақими эҳтиёҷмандӣ ба 278138 шаҳрванд (оила) кумакпулии унвонии иҷтимоӣ таъин ва пардохт карда шудааст.
16. Айни замон механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, №437 "Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат" дар 40 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ҷорӣ шуда истодаасг.
17. Соли 2017 зиёда аз 82 ҳазор ё 12 фоизи теъдоди хонаводаҳои (оилаҳои) 40 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бархӯрдор гардида, бо ин мақсад тавассути буҷети ҷумҳуриявӣ дар маҷмӯъ 28 580 997 сомонӣ пардохт гардидааст.
18. Дар асоси нақшаи дурнамо шурӯъ аз соли 2018 механизми таҷрибавии кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат бояд дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷорӣ гардида, ҳамасола зиёда аз 200 ҳазор оила ё 15 фоизи теъдоди умумии хонаводаҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ бо Барномаи номбурда фаро гирифта шуда, аз кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бархӯрдор гарданд.
3. Мақсади Барнома ва шаклҳои кумаҳои унвонии иҷтимоӣ
19. Мақсадҳои асосии Барнома аз инҳо иборатанд:
- мусоидат ба коҳиш додани вазъи душвори зиндагӣ ва дастгирии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат;
- муҳайё намудани шароите, ки ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат имконияти баланд бардоштани сатҳи зиндагиашонро фароҳам меорад;
- таъмини дастрасии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат ба неруи барқ ва ҳамгироии онҳо ба ҳаёти ҷамъиятӣ;
- коҳиш додани сатҳи камбизоатии аҳолӣ;
- истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ.
20. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ" шаклҳои зерини кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат муайян карда шудаанд:
- кумаки пулӣ;
- кумаки моддӣ.
21. Кумаки пулӣ ба ду намуд ҷудо мешавад:
- кумаки пулии якдафъаина;
- кумакпулии унвонии иҷтимоӣ.
22. Тартиби баррасии муроҷиати шаҳрвандон (оилаҳо), андоза, таъин ва пардохти кумакҳои пулӣ, инчунин меъёри эҳтиёҷот ва рӯйхати шахсонеро, ки барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
23. Кумаки моддӣ ба шаҳрвандони (оилаҳои) камбизоат бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумахи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дар назар доштани эҳтиёҷоти онҳо ба намудҳои сӯзишворӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, доруворӣ, либос, пойафзол, маводи санитарию гигиенӣ, ашёи дигари зарурӣ аввалиндараҷа, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ харидорӣ мешаванд, расонида мешавад.
4. Тадбирҳои дигари иҷтимоӣ барои шаҳрвандоне, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд ва шаҳрвандон (оилаҳо), ки тибқи усулҳои муқарраргардада ҳамчун камбизоат эътироф шудаанд
24. Яке аз тадбирҳое, ки метавонад барои беҳтар гардонидани вазъи некуаҳволии шаҳрвандоне, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд ва шаҳрвандон (оилаҳо), ки тибқи усулҳои муқарраргардида ҳамчун камбизоат эътироф шудаанд, мусоидат намояд, ин мусоидат ба шуғли аҳолӣ мебошад. Масъалаи мазкур асосан дар доираи Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ва Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, арзёбӣ ва амалӣ мегардад.
25. Дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон ҳангоми бекорӣ, хусусан шуғли аҳолии дар бозори меҳнат рақобатнопазир яке аз афзалиятҳои муҳими давлатӣ дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ маҳсуб меёбад.
26. Дар раванди татбиқи Барномаи мазкур ҳамкории мақомоти ҳифзи яҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳо бо мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ин самт ба роҳ монда шуда, механизми бақайдгирии аъзои коршоями оилаҳои камбизоат, ки машғули кор ё шуғли муайян нестанд ва ҷалби онҳо ба барномаҳои шуғли аҳолӣ таҳия ва амалӣ карда мешавад.
27. Расонидани хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ ҳамчун тадбирҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз чораҳои муҳими дастгирии шаҳрвандон (оилаҳо) камбизоат метавонад бошад.
28. Хизматҳои иҷтимоӣ ба шаҳрвандони дар вазъияти душвори зиндагӣ қарордошта дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешаванд.
29. Бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳо, шуъбаҳои (марказҳои) хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои хизматрасонии иҷтимоии будубоши рӯзона ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳал ва идораҳои коммуналию манзилӣ, инчунин дигар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ уҳдадоранд, дар доираи ваколатҳои худ ҷиҳати дастгирии шаҳрвандони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта тадбирҳои зарурӣ андешида, дар доираи ваколатҳои худ онҳоро ба қайд гирифта, оид ба рафъи мушкилоти иҷтимоии онҳо мусоидат намоянд.
30. Мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ уҳдадоранд мунтазам оид ба вазъи моддию маишӣ ва иҷтимоӣ таҳлилҳо анҷом дода, шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат, хусусан оилаҳоеро, ки дар ҳайати худ ду ва ё зиёда аъзои маъюб доранд, шаҳрвандони бекори камбизоат, модарони танҳо ва дигар табақаҳои осебпазири аҳолиро ба қайд гирифта, ба онҳо хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ расонанд ва ё барои бархӯрдор гардиданашон аз дигар тадбирҳои иҷтимоии давлатию ғайридавлатӣ, аз ҷумла кумакҳои унвонии иҷтимоӣ роҳнамоӣ намоянд.
5. Мониторинг, арзёбӣ ва назорати татбиқи Барнома
31. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамасола мониторинг ва арзёбии иҷрои Барномаро гузаронида, аз рӯи натиҷаҳои он моҳи декабри соли ҳисоботӣ маҷлисҳои худро баргузор намуда, муҳокима менамоянд.
32. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба кумакҳои пулӣ ва ё моддие, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, сарпарастон, эҳсонкорон ва аз ҳисоби созмонҳои байналмилалӣ расонида мешаванд, ҳар семоҳа ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он маълумот пешниҳод менамоянд.
33. Назорати иҷрои Барнома, аз ҷумла тартиби таъин ва расонидани кумакпулии иҷтимоии унвонӣ аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои ваколатдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои ваколатдори давлатӣ таъмин карда мешавад.
6. Методикаи муайякунии вазъи некуаҳволии шаҳрвандон (оилаҳо)
34. Методикаи муайянкунии вазъи камбизоатии шаҳрвандон (оилаҳо) барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
35. Барои муайян намудани сатҳи некуаҳолӣ шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат индикаторҳои асосии зерин ба ҳисоб гирифта мешаванд:
- ҳайати оила, сатҳи маълумотнокии сардори оила, теъдоди маъюбон, ноболиғон ва дигар аъзои ғайриқобили меҳнат дар оила;
- даромади пулию молии шаҳрвандон (оилаҳо);
- моликияти шаҳрвандон (оилаҳо), аз ҷумла қитьаи замини наздиҳавлигӣ ва заминҳои дигари дар ихтиёри оила қарордошта;
- ҳолати манзили истиқоматӣ;
- шумора ва намудҳои чорвои шаҳрвандон (оилаҳо);
- дигар индикаторҳое, ки бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ барои муайян намудани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон (оилаҳо) ва камбизоатии онҳо заруранд.
7. Муқаррароти хотимавӣ
36. Барномаи давлатии расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 дар тӯли давраи татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 амалӣ гардида, дар марҳилаҳои минбаъда бо дар назар доштани натиҷагириҳои миёнамуҳлати раванди амалишавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон санадҳои навбатии барномавӣ барои солҳои минбаъда таҳия карда мешаванд.
37. Маблағгузории амалисозии Барномаи мазкур дар доираи меъёрҳои муқарраргардида аз ҳисоби буҷети давлатӣ, ҳамчунин дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намекунад, амалӣ мегардад.
38. Барнома тавассути Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи давлатаи расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 амалӣ карда мешавад (замима мегардад).
Замима